четверг, 30 октября 2008 г.

БА БОБИ FАЗАЛҲО

Сар чун задам бар ҳар даре худро пушаймон ёфтам,
Бар ҳар саволам посухе танҳо зи Қуръон ёфтам.
Чустам биҳишти гумшуда дар куи ину он басе,
Осоиши ҳар ду чаҳон дар куи имон ёфтам.
Мушкилкушои бандагон ишқи илоҳй будааст,
То дил ба меҳраш бастаам, сад мушкил осон ёфтам.
Хондам ҳазорон достон аз бостон то ин замон,
Фарқи ҳақу ботил фақат аз файзи Фурқон ёфтам.
Дил сабзаи навруста буд андар биёбони талаб,
Лутфи худовандй, бубин, чун резаборон ёфтам.
Аз хамри бадбу лояқил, чун хар бимондам по ба гил,
Аз оби шайтон растаам, то май зи раҳмон ёфтам.
Бо кимиёи шукри у мисам ҳама тилло бигашт,
Сармояам то сабр шуд, бозори арзон ёфтам.
Эй Чураи чуёи ҳақ, бо ман биё, гуфто Салаф,
Дар ҳар сабақ, дар ҳар варақ илҳоми Яздон ёфтам.
28. 12. 1998.

Комментариев нет: