четверг, 30 октября 2008 г.

Вожгуна

Чомаи ғам бадар накарда ҳануз,
Фалакам боз чомаи ғам дод.
Хостам шодие ба мисли коҳ,
Куҳҳои зиёди мотам дод.

Ҳамчу Муллофалокате гаштам,
У дар афсона, дар ҳақиқат ман.
Ҳар қадам дар фалокате ғарқа,
Нек хоҳам, бад ояду душман.

З-осмон гар ситора барчинам,
Дар кафи ман шарора мемонад.
Дасти ёрй диҳам ба шахсе гар,
Дасти манро чу мушт медонад.

Гаҳ шикаста миёну гаҳ дастам,
Гаҳ сари ман зада, гаҳе поям.
Ҳаст дунё чу бистари бемор,
Гаҳ ба худ ояму гаҳе н-оям.

Лутфу раҳми касе намехоҳам,
Чун касе ҳам надод бар ман ранч.
Мекунам мардвор кори худ,
Мерасам дар ниҳояташ бар ганч.
10 январи соли 1990.

Комментариев нет: