четверг, 30 октября 2008 г.

ШИКОЯТ БА РУҲИ ФИРДАВСЙ

Чаҳон пурфиреб асту озору бим,
Надонад касе қадри табъи салим.
Намонда сухансанчи бедордил,
Шуда порсй боз хору залил.
"Басо ранч бурдй дар он сол сй,
Ачам зинда кардй бад-он порсй".
Гуруҳе зи авлодат, эй арчманд,
Кунун порсиро басо душмананд.
Ба номи ту фахранду з-Ирон қимоб,
На турку на точик, на хоканду об.
На фахре зи миллат, на аз дину кеш,
Ҳаме банд ҳастанд дар чайби хеш.
На фарри каёниву на Рустамй
Зи худ дуру бегонаро ҳамдаме.
Зи "Шаҳнома" буе набурда яқин,
Сарон пур зи бод асту дилҳо зи кин.
Меҳанро пароканда карданд худ,
Ба бегонагон банда карданд худ.
Ало, руҳи Фирдавсии беназир,
Ба ин бехирадҳо ту хурда магир.
Яке шаб ту бар хоби онон даро,
Ва андар сарошон яке барсаро:
"Ҳама чои Ирон сарои ман аст
Чу неки бади он барои ман аст",
Ки шояд сари хирасарҳои дун,
Яке бозгардад зи роҳи чунун.
Дигар порсиро ба ёд оваранд,
Ба арвоҳи Тусй ниёзе баранд.
Соли 1994.

Комментариев нет: