Чу набвад тифл даври хони модар,
Бимонад дар гулуяш нони модар.
Биларзад чони ман, чонаш биларзад,
Барои он, ки ҳастам чони модар.
Савоби мо, гуноҳи мо ба душаш,
Қавитар нест аз имони модар.
Ҳама шодии олам ҳеч бошад,
Ба чашмам бе лаби хандони модар.
Чаҳон бе меҳрубон модар чаҳим аст,
Биҳиште ҳаст дар даврони модар.
Ба тифлй бодаи бе дарди сар буд,
Шароби соғари пистони модар.
Барои он, ки руи тифл бинад,
Басо гирад ачал домони модар.
Бубахшад ройгон чонаш ба моён,
Худоро нест ин эҳсони модар.
Намонад ҳеч гаҳ бе меваи умр,
Нахушкад шохаи дастони модар!
Соли 1984.
Мубин Эргашев : Гурухи мо хело вазнин мебошад.
-
Баъди охирин машкхои тими милли, ки бегохи 3-юми март дар варзишгохи
маркази, пеш аз сафар ба Непал баргузор шуд “Футболи Точикистон” бо
ёрдамчии сармурабб...
18 ч. назад
0 коммент.:
Отправить комментарий