четверг, 30 октября 2008 г.

МАРСИЯИ МОДАР

Чашмаи оби бақоям, модаро!
Дурри якто, бебаҳоям, модаро!

То ту дар зери замин чо ёфтй,
Хонаи ғам гашта чоям, модаро!

Ҳар кучо рафтам ба пешат омадам,
Роҳбонам, раҳнамоям, модаро.

Чои ту холист назди дар дигар,
Суи хона чун биёям, модаро?

Руй меовардаме бар руи ту,
Баски будй раҳнамоям, модаро.

Модари ман будию тифлони ман,
Чун шаванд ин тифлҳоям, модаро?

Донаҳои киштаат сабзидаанд,
Дони бенашъунамоям, модаро.

Пушти пуру такягоҳи ман будй,
Устуни байни сароям, модаро.

Зиндагй торик шуд, то рафтай,
Ҳамчу субҳи босафоям, модаро.

Дасту по гиро, забон гуёву марг,
Аз ту кард осон чудоям, модаро.

Нашнавидам гоҳ ҳарфатро, дареғ,
Кай расад бар ту садоям, модаро?

То чудо мондам зи руи гарми ту,
Сар ба хоки сард соям, модаро.

Гарчй мерос аст маргат назди ман,
Буда алмосе бароям модаро.

Чамъ бодо хотири руҳат зи ман,
Ҳадяаш кулли дуоям, модаро.

Синаат дар гур ҳам сих мезанад,
Гар занад хоре ба поям, модаро!
Июли соли 1989

Комментариев нет: