четверг, 30 октября 2008 г.

БОВАРАШ Н-ОЯД, КИ УРО ЁФТАМ

Пуштаҳои ноумедй тай шуданд,
Ёфтам то чашмаи дидори у.
Об хурдам ман зи чашмони сияҳ,
Бишканад то ташнагии орзу.

То барояд куфти роҳҳои дур,
Сар ба зонуҳои у бинҳодаам.
То ба лабҳоям шароби буса дод,
Ихтиёрамро ба дасташ додаам…

Равшанию гармие бахшад ба дил,
Шуълаи хуршедии чашмони у.
Зулфи у дар панчаи ман бишканад,
Ҳамчу армони ману армони у.

Чашми ҳайрат духта бар чашми ман,
Рую муямро намояд даст-даст.
Бовараш н-ояд, ки уро ёфтам,
Бовараш н-ояд, ки манро ёфтаст…

Соли 1981.

Комментариев нет: