четверг, 30 октября 2008 г.

МАЛАКҲО ҲАМ МАГАР ДОНИСТА БУДАНД?

Ту вақте ваъдаи дидор додй,
Малакҳо ҳам магар дониста буданд?
Ба чашми ахтарону моҳ имшаб,
Ҳарири абрҳоро баста буданд…

Малакҳо ҳам магар дониста буданд,
Ки имшаб меҳмонам мешавй ту.
Зи тору пуди барфи нав бириштанд,
Ба роҳат қолии испеди неку.

Ту худ ҳамчун малак, ҳамчун фаришта,
Дари байти маро нармак кушодй.
Саропоят чу бахт испеду хандон,
Қадам бар остони дар ниҳодй.

Дар оғуши ту донистам, ки будаст,
Ҳаётам бе ту чун фасли зимистон.
Биё, эй гармру, пазмонат астам,
Чу сармохурдае бар навбаҳорон…

Соли 1984.

Комментариев нет: