четверг, 30 октября 2008 г.

ЯК ЗУМРА МОДАРОЗОРОН

Заҳ кашад аз ашки модар пойдевори шумо,
Вой бар ҳоли шумо, бар чордевори шумо!

Сахт механдед андар базму мастй мекунед,
Зор мегиряд зи ҳичрон модари зори шумо.

Барфи муяш мешавад ҳар лаҳзае бисёртар,
Сард бошад то кучо рафтору кирдори шумо?!

Чашмҳояш хирабинтар, хирабинтар мешаванд,
Монда маҳрум баски аз хуршеди дидори шумо.

З-он ки хомушии хона маҳрами розаш шуда,
Гушҳо вазнин, вале пазмони гуфтори шумо.

Бе асо аз чо намехезад, мадораш рафтааст,
Модаре, ки буд як умре мададгори шумо.

Чокҳои чеҳрааш ожанг не, ожанг не,
Балки буда захмҳои хори озори шумо.

Заҳ кашад аз ашки модар пойдевори шумо,
Вой бар ҳоли шумо, бар чордевори шумо!
Соли 1982.

Комментариев нет: