четверг, 30 октября 2008 г.

РОҲИ КУҲНА

Монда ҳайрон ҳамчу пири бекасе,
Роҳи аз камрафтуоиҳо хамуш.
Души у холй зи бори пойҳо,
Гашта монанди мазорон сабзапуш.

Буд монанди танобе як замон,
Теғи селу тармааш бибридааст.
Чун кафи дасте агар ҳамвор буд,
Сангҳояш ҳолиё ночидааст.

Дар қафо монд аз шитоби зиндагй,
Раҳравонро дигар он лозим нашуд.
Пушти у бори замон бардоштан,
Баски натвонист ин раҳ куҳна шуд.
Соли 1986.

Комментариев нет: