четверг, 30 октября 2008 г.

ПУШТИ ПО ЗАД ДУНЁИ ДУН

Он, ки шеъраш ҳайбати сад шеър дошт,
Барқи фикраш ҳашмати шамшер дошт,
Чашмаи у ташнагонро сер дошт.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Ҳамчу Мавлоно зи маънй маст шуд,
Аз ҳама бигзашт, то ки ҳаст шуд,
Руҳи у бо Рудакй пайваст шуд.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Буи мардй дошт ҳар «Гулбонг»-и у,
Сузу дарде дошт ҳар «Гулбонг»-и у,
Сози фарде дошт ҳар «Гулбонг»-и у.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Буд моро суи маъно раҳнамун,
Ханда бар лаб, лек дил ғарқоби хун,
Пушти по зад оқибат дунёи дун.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Fурамарге дар баҳорон гашт, вой,
Балки у андуҳи ёрон гашт, вой,
Озими шаҳри хамушон гашт, вой.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.
12 апрели 2004.

Комментариев нет: