четверг, 30 октября 2008 г.

БАЪДИ ТУ ДИГАР НАДОНАД ҲЕЧ КАС

Хоҳиши лабҳои хомуши маро
Fайри ту дигар надонад ҳеч кас.
Достонҳои нигаҳҳои маро,
Fайри ту дигар нахонад ҳеч кас…

Барқи чашмони сиёҳат нимашаб,
Хирмани андешаҳоям сухтаст.
Дар миёни хонаи танҳоиям,
Гулхани уммедро афрухтаст.

Гарми дидори диловези ту ҳаст,
Ин дили бо меҳри ту парвардаам.
Бо ниёзи марди танҳоизада,
Ру ба руи поки ту овардаам.

Моҳии сузону лағжони танат,
Бистари манро ба мавч овардааст.
Печутоби пайкари симини ту,
Дар дили ман инқилобе кардааст.

То саҳар месузад аз гармии шавқ,
Дар канори оташинат пайкарам.
Субҳдам аз равзана афтодааст,
Партави хуршед руи бистарам…

Хоҳиши лабҳои хомуши маро
Fайри ту дигар надонад ҳеч кас.
Достонҳои нигаҳҳои маро,
Fайри ту дигар нахонад ҳеч кас…

Соли 1980.

Комментариев нет: