четверг, 30 октября 2008 г.

ДАР ҚАЛАМРАВИ МАСЧОҲ

Зарраи парешонам дар қаламрави Масчоҳ,
Бо касе намемонам дар қаламрави Масчоҳ,
Ошиқи ҳама ҳастам, бо ҳама хушу мастам,
Боз дилпурармонам дар қаламрави Масчоҳ.
Шукри ҳамдиёронам, боз шукри ёронам,
Руи раҳ намемонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз канори у рафтам, чун гираҳ бишуд роҳам,
Мушкил аст осонам дар қаламрави Масчоҳ.
Зодаи куҳистонам, фотеҳи биёбонам,
Дил кашад ба Бустонам дар қаламрави Масчоҳ.
Ошиқона нолонам, содиқона хандонам,
Оқилона нодонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз ду-се палидонаш, пайравони шайтонаш,
Доимо пушаймонам дар қаламрави Масчоҳ.
Деви зулмати ғафлат даргурез аз ман бош,
Машъали фурузонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз фиребу аз найранг, эй Худо, начотам деҳ,
Муҳри меҳр хоҳонам дар қаламрави Масчоҳ.
Халқи ориятдораш ориёии аслист,
Ҳар деҳаш як Иронам дар қаламрави Масчоҳ.
Дурри ман набишносад гавҳарии аъмояш,
Мефурушад арзонам дар қаламрави Масчоҳ.
Чор фасли дилчуяш навбаҳорро монад,
Булбули хушилҳонам дар қаламрави Масчоҳ.
Ҳуш дар қадам донам, ғуссаю алам донам,
Ҳар гаҳе қалам ронам дар қаламрави Масчоҳ.
На фаришта на шайтонам, на парию ҳайвонам,
Чура, марди яздонам дар қаламрави Масчоҳ.
18 январи соли 1997.

Комментариев нет: