четверг, 30 октября 2008 г.

АЗ ДЕВОНИ FАЗАЛИЁТ

Мо ҳама сайдему сайёд аст зан,
Мо ҳама Ширину Фарҳод аст зан.

Санги хушке синаи мо беш нест,
Чашмаи нуши гулобод аст зан.

Соҳиби хона баланд унвони уст,
Дар дили мо доим озод аст зан.

Сахттар з-андуҳи у андуҳ нест:
Қобилону Ҳобилон зодаст зан.

Заррае ғам мебарад уро зи чо,
Куҳсори доду фарёд аст зан.

Гар паи Иблис рафт, э вой аз у,
Дар сироти мустақим род аст зан.

Эй кам аз зан, Каъбаро суят бихон,
То бидонй чун бияфтодаст зан.

Марди номарду зани нозан басест,
Дар даҳони ом афтодаст зан.
Июни соли 1994.
******
Фидои пири доноям, ки Зардуҳиштро монад,
Бимонад оби раҳматро, дили мо киштро монад.

Паи изҳори шавқи худ сухан омода месозам,
Суханҳоям зи сузи дил ҳама ангиштро монад.

Дилаш, к-аз сангу оҳан сатттар бинмуд аввалҳо,
Дар охирҳо зи пару боли қу болиштро монад.

Ачаб меоядам аз гардиши мастонаи гардун,
К-аз ин бозор хуберо гирифта, зиштро монад.

Баҳои сар ба побусии хоки остон бурдам,
Ба шухй дилбарам хандида гуфто: "хиштро монад".
Маи соли 1994.
******
Дил бастаам ба хоки тан, з-ин руй хастаам,
Чун чоҳилон ба мурдае зевар бубастаам.

Аз банди бешу кам ҳаргиз нарастаам,
З-он руз, ки зи риштаи нофам бирастаам.

Дар ин чаман нарустаам боре ба коми дил,
Чун гул ба коми дигарон низам нарустаам.

Гулдастаам хазон кунанд ин пулбадастҳо,
Бар ҳеч ҳам намехаранд ин шеърдастаам.

Ношустаҳо зи покии дил лоф мезананд,
Аз обруи хушкашон ман даст шустаам.

Чуяндаи наёфта мақсуд, аз он шудам,
Хуршедро зи анчуми шабҳо бичустаам.
Маи соли 1994.
******
Рафтем, рафтем, аз хеш рафтем,
Аз зоҳиди шал мо пеш рафтем.

Бе неш нуше гарчй муҳайёст,
Аз руи ҳиммат бар пеш рафтем.

Дар маслаки мо дил бекарон аст,
Аз хеш рафтем, то хеш рафтем.

Гургем, дида борону бурон,
Бар назди омма чун меш рафтем.

Монед, монед дар баҳси бесуд,
Чор аз шумо шуд, бар беш рафтем.

Чун ҳасти Иқбол, эй ришдорон,
Суи азизон бериш рафтем.

То решаи мо оби дигар хурд,
Пусида, з-олам дилреш рафтем.
Маи соли 1994.
******
Гаҳ ба зурй, гаҳ ба зорй мекашем,
Чун харон бори саворе мекашем.

Бори чонро гаҳ зи коре мекушем,
Бори танро гаҳ ба доре мекашем.

Оҳи мо чун абри беборон бувад,
Чои дуди ғам сигоре мекашем.

Fайри бу аз гул таманно доштем,
З-ин сабаб аз даст хоре мекашем.

Рахти худ бар ҳар каноре мекашй,
Хешро мо бар каноре мекашем.

Чун бани Исроил аст аҳволи мо,
Мусиё, чанд интизорй мекашем?

Нестем аз шиаву суннии ту,
Аз бароят сар ба доре мекашем…
Июни соли 1994.
******
Аз асли инсон дурат бубинам,
Монанди ваҳшон сурат бубинам.

Эй гуши давлат, карат бихоҳам,
Эй чашми давлат, курат бубинам.

Афтодаеро зурат расида?
Эй зур, зери зурат бубинам.

Оё бихоҳам руи ту дидан?
Беҳ нест оё гурат бубинам?

Аз сустии худ ночур ҳастй,
Эй Чура, хоҳам чурат бубинам.
Июни соли 1994.
******
Аз ғайб гарчй розе бо мо нишон надоданд,
Чое набуд, к-он чо моро нишон надоданд.

Сайёди саргаронам, сайёди бенишонам,
Тиру камон бидоданд, аммо нишон надоданд.

Бо чашми дигарон буд, дидем агар чаҳонро,
Доданд аз ҳама чо, аз мо нишон надоданд.

Як сафҳаи савобе шояд, ки даст гирад,
Қомуси чурмҳоро ҳошо, нишон надоданд.

Милён гуноҳ дорй? Дарҳои тавба бозанд,
Якро ба хотири "ло", билло нишон надоданд.

Хокистаранду дигар он чо намебисузанд,
Онон, ки сухтанду парво нишон надоданд

Метохтем суи озодии ҳақиқй,
Гар ин харони миллат латро нишон надоданд.
Июни соли 1994.
******
Раҳравонро назаре суи фалак мебояд,
Корвонро паре аз боли малак мебояд.

Бирав, эй ақли забун, ки дилакам пурзур аст,
Рустамамро касаки зуртарак мебояд.

Гуфтамаш: "Сухт дилам, чист даво, эй Исо?"
"Марҳамат, гуфт,–зи обеву намак мебояд".

Гуфтам: "Ин дил ҳама маъшуқаи нав мехоҳад",
Гуфт: "Боқй ҳама бигзор, ки як мебояд".

Дарк манқурт шуду ҳуш ба тороч бирафт,
Баҳри ин қавм зи идрок дарак мебояд.

Эй басо шоҳини давлат, ки бидодем аз даст,
Шамъаки синаи моро шапарак мебояд.

Тору пуданд баду нек матои моро,
Руй овар суи Фурқон, ки маҳак мебояд.

Лошарик асту лаҳул мулку лаҳул ҳамд вале,
То яқинаш бикунй, олами шак мебояд.
Феврали соли 1994.
******
Фарёди ишқ бар ҳама атроф мезанем,
Худро ба роҳи рафтаи аслоф мезанем.

Буе набурдаем аз рози ишқи пок,
Мо, ки зи васли у сад лоф мезанем.

Аз чашмаи хирад бебаҳра мондаем,
Дониста хешро бар Қоф мезанем.

Сад дилсиёҳии хуммор дар пай аст,
Бо ҳам агар майе дилсоф мезанем.

Чун бениёз ҳаст аз хона ёри мо,
Май аз ҳисоби дуздии авқоф мезанем.

Ҳаргиз набуда у муҳточи ранчамон,
Мо сар ба хоки роҳ з-инсоф мезанем.
Соли 1993.
******
Шабнами ашк аст пинҳон дар гули хандони ман,
Чини абру то наафтад бар рухи чонони ман.

Осмонро бо ҳама ҳашмат нагунсон диданам,
Мефизояд ҳайрате бар дидаи ҳайрони ман.

Орзуи роҳи ишқаш солҳо мепарварам,
Роҳзанҳо гарчй бисёранд дар имони ман.

Қарздорам аз замину осмонаш беҳисоб,
Гар набахшад, вой бар ҳоли дили нодони ман.

Чоми хуршедии ҳуснаш борҳо бардошта,
Мардумон мастанд андар сояи мижгони ман.

Дер худро мешиносй, эй ниточи Ориё,
Зомини хуни писар шуд Рустами Дастони ман.

Ишқу нодорй, ки тавъам омадастанд аз азал,
Ифтихори чадди ман ҳастанду авлодони ман.

Ҳамчу Бедил баски бедил мондай, эй Чура, гу:
"Чуз дуо дигар чй ояд аз ману сомони ман".
Соли 1993.
******
Дунё, ки басо назаррабо ҳаст,
Як зарраи ҳусни ёри мо ҳаст.

Аз сеҳру фани ачузаи даҳр,
Оқил ҳама чо чунуннамо ҳаст.

Ҳам ишқу тамаъ ба ҳам наоянд,
Чое чй равй, чу муддао ҳаст.

Роҳе, ки мучоҳиди замонро,
Суяш набарад агар, хато ҳаст.

Онро, ки ба куфр раҳнамо буд,
Имруз бубин, ки каллапо ҳаст.

Бадмастии мо на суи пастист,
То дуст аз он муроди мо ҳаст.

Гар дил набувад, чаҳон чй арзад?
Ишқ аст, ки мояи бақо ҳаст.

Ин Чураи сусти камнаморо,
Чун нек назар кунй, бало ҳаст.
Соли 1993.
******
Бе сухан ҳам, шоиро, ризқи ту пайдо мешавад,
Бе тамаъ рузии моҳиён муҳайё мешавад.

Ман фидои он дили тангам, ки дар вақти зарур,
Ашкаш афзун меравад, то рашки дарё мешавад.

Ошкоро дустдорй метавонад ҳар касе,
Эй хуш он ишқе ниҳон андар сувайдо мешавад.

Пири фартути зимистон хонабандам кардааст,
Навчавони навбаҳорон кай ба саҳро мешавад?

Мункири ишқи Худо охир бимирад бедаво,
Мачнуни Лайлои мо маҳбуби дунё мешавад.

Чашма берун шуд зи худ, пас пой бар дарё ниҳод,
Ҳар касе аз ман гурезад, ҳамдами мо мешавад.

Дар чаман фориғ бувад хор аз ситамҳои бузон,
Войи оне ҳамчу гул раъною зебо мешавад.

Қалб мизони ҳақиқат гар набошад, Чураё,
Чун тарозу ин қадар поёну боло мешавад?
Соли 1994.
******
Даъвои сухан ба кас надорем,
Чун бандаи кору рузгорем.

Сад заҳр таҳи забон ниҳонй,
Зоҳир ҳама мори пурнигорем.
Чун накҳатие намонд, эй гул,
Чун хор ба роҳ хору зорем.

Оташнафасе кучост имруз,
То дуди ғами куҳан барорем?

Осоишу ишқ душманонанд,
Дар банд бубин, ки беқарорем.

Гуянд Худост бо чамоат,
Хуш вақти ба ҳам, ки мегузорем.

Иблиси худем, эй рафиқон,
Чун тушаи охират надорем.

Абрем, вале сафеди танҳо,
То ёр намерасад, наборем.

Эй кош чакад сиришки раҳмат,
Дар мижаи мардумон ғуборем.

Чон моли ҳалоли мост оё?
Ин қадр сахии чоннисорем.

Бинем чамол, хат набинем,
Дорем табиб, таб надорем.

Ёр аст қаринтар аз худу мо,
Овора ба дашту куҳу ғорем.

Эй Чура, ману ту дар замона,
Тоқем зи хеш, чуфти ёрем.
Соли 1993.
*******
Гуфтам: "Аз ин зиндагонй ор мебоист кард!"
Гуфт: "Ин девонаро бар дор мебоист кард".

Гуфтам: "Эй хоча, бидеҳ муздам, ки ман мурдам зи кор",
Гуфт: "Бозу бозу бозам кор мебоист кард!"

Гуфтам: "Охир ранч бурдам бешумору ганч нест",
Гуфт: "Он зарбулмасал бекор мебоист кард!"

Гуфтам: "Истиқлоли миллат куштани миллат бувад?"
Гуфт: "Оре, точиконро хор мебоист кард".

Гуфтамаш: "Бегонаро аз хеш бояд фарқ кард",
Гуфт: "Сад гулро фидои хор мебоист кард!"

Гуфтамаш: "Субҳонакаллаҳ, мерасад рузи мурод",
Гуфт: "Лекин кушиши бисёр мебоист кард!"

Гуфтамаш: "Гуфтушуниди мо ба охир мерасад",
Гуфт: "Ҳар шому саҳар такрор мебоист кард!"
Декабри соли 1993.
******
Ручуи Саидшоҳи Акрамзод дар маҳбас
Чизе дигар намонд аз ишқу аз ҳавас,
Кас нест ҳамнафас ғайр аз худи нафас.

Гушам садо диҳад дигар барои худ,
Овози дилбазан чун нағмаи магас.

Дарбачаро гаҳе кубад шамоли тунд,
Оҳиста гуямаш: "бодо, ба ман марас".

Ман ҳастаму хаёл аз моли зиндагй,
Покуби ваҳшату помоли хору хас.

Хони сарам пур аст аз хурдании ғам,
Нушидании ман хуни дил асту бас.

Ёрон кучо шудед, аз ман чудо шудед,
Дар куча нест кас, ғайри ду-се асас.

Фарёдрас будам, бечора гаштаам,
Оҳ, эй Худо, худат бар доди ман бирас!
Соли 1993.
******
Аз ёди ту ман рафтам, мондй ту ба ёди ман,
Эй шодии кам, аммо андуҳи зиёди ман!

Ҳаргиз нагузорад, ки ишқи дигаре сабзад,
Чун решаи ачриқ монд ишқат ба ниҳоди ман.

Аз доду фиғони ман бар гуши ҳама пунба,
Ту ҳам нарасй боре, афсус, ба доди ман.

Ганчинаи васли ту, ҳайфо, ки зи дастам рафт,
Оҳ аз дили танги ту, аз дасти кушоди ман.

Дил гар набувад доно, аз ишқ чй ҳосил ҳаст?
Дар назди ту очиз монд ин ақлу саводи ман.

Рафтам, набиё ҳаргиз, то ки нарасад гарде,
Бар чашми пуроби ту аз хоки ба боди ман.
Соли 1985.
******
Об ҳамон, хок ҳамон, оташу ҳам ҳаво ҳамон,
Чор ҳамон, чора ҳамон, нағма ҳамон, наво ҳамон.

Узви наве нест фузун, пайкари мо ҳамон, ҳамон,
Чашм ҳамон, гуш ҳамон, даст ҳамону по ҳамон.

Лайлию Мачнуни наве беҳуда чустучу макун,
Ишқ ҳамон, сидқ ҳамон, чабр ҳамон, чафо ҳамон.

Ақли башар дур нашуд аз бари нафси хештан,
Чанг ҳамон, марг ҳамон, сулҳ ҳамон, сафо ҳамон.

Соили Мансур бувад: ҳалқаи дор-чашми чор,
Сачда ҳамон, зуҳд ҳамон, банда ҳамон, Худо ҳамон.

Азм дигар, аср дигар, назм дигар, наср дигар,
Зишт ҳамон, нек ҳамон, дард ҳамон, даво ҳамон.

Салла дигар, чома дигар, хома дигар, нома дигар,
Калла ҳамон, ҳилла ҳамон, саҳв ҳамон, хато ҳамон.
Соли 1989.
******
Худ парастида, Худо гум кардаам,
Хеш дар роҳи хато гум кардаам.

Дарду ранчи бешуморе ёфтам,
Лек дармону даво гум кардаам.

Бешаи анбуҳ шуд андуҳи ман,
То туро, эй раҳнамо, гум кардаам.

Аз гулуям мегирад ёдат ба хоб,
Ман ба чанголаш садо гум кардаам.

Тундбоди ҳодисотам мекушад,
То насиму то сабо гум кардаам.

Эй муҳаббат, будай оби ҳаёт,
Мурданам беҳ, ки туро гум кардаам.
1 октябри соли 1989.
******
Ганчинаи манй, эй сафҳаи сафед,
Нақдинаи манй, эй сафҳаи сафед.

Ин дилсиёҳакон ҳар руз нав шаванд,
Деринаи манй, эй сафҳаи сафед.

Охир хазон шавад ранги ту мисли ман,
Ойинаи манй, эй сафҳаи сафед.

Чамъ аст хотирам танҳо ба чамъи ту,
Одинаи манй, эй сафҳаи сафед.

Имрузи ман туй, фардои ман туй,
Поринаи манй, эй сафҳаи сафед.

Захми қалам хурй, дар ҳар қадам хурй,
Чун синаи манй, эй сафҳаи сафед.

Сад сафҳаи чаҳон гунчад ба гушаат,
Ганчинаи манй, эй сафҳаи сафед.

Испедсоидон чумла насияанд,
Нақдинаи манй, эй сафҳаи сафед.
Соли 1994.
******
Масти фарзона дигар бор расид,
Пири майхона дигар бор расид.

Соқиё, бода паёпай мадеҳ,
Марги паймона дигар бор расид.

Ҳушёрон, ҳама мадҳуш шуданд,
Ринди девона дигар бор расид.

Яккағаввоси ҳақиқат омад,
Дурри якдона дигар бор расид.

Аз паи дидани он ёри ҳама,
Худу бегона дигар бор расид.

Шоми айём зи нав рушан шуд,
Моҳи кошона дигар бор расид.

Чура, оғуши муҳаббат бикушо,
Мурғи белона дигар бор расид.
Соли 1995.
******
Лаби хомушу дили пур зи фиғон мебошем,
Моҳии дур зи дарёи дамон мебошем.

Гарчй мо ҳечкасонем, Худо медонад,
Ёри мардони худочуи замон мебошем.

Гар ба ҳафтод расидем, наяфтодастем,
Хурда сад тири чавон пиркамон мебошем.

Сари мо хам нашуда ҳеч ба пеши дунон,
Мо ҳамон сарв, ки будем, ҳамон мебошем.

Риши испед дигар русияҳии мо бурд,
Аввалин сомеини бонги азон мебошем.

Ҳар шабе рузи наве гарчй намояд тавлид,
Ҳамагй толиби Наврузи чаҳон мебошем.

Чанги мо чанг ба як ачнабии беру буд,
Мо аз ин чанги худй бас нигарон мебошем.

Назди мо ту сухани содаву бепарда магу,
Баски аз силсилаи бедилиён мебошем.

Тоқати тоат агар дер насиби мо шуд,
Ба умеди карами шоҳи чаҳон мебошем.
Августи соли 1996.
******
Назарсанчи муҳаббатро назарногир машморед,
Асои дасти пиронро кам аз шамшер машморед.

На ҳар кй муяш испед аст, аз вай буи умед аст,
Касеро қоматаш хам гашта бошад, пир машморед.

Набошад фурсати шодй, ки ғам чун сел меояд,
Ба сели бода ғарқеду дигар тадбир машморед.

Чу фарзандони инсонем, абад ин чо намемонем,
Ҳама бо хок яксонем, забар ё зер машморед.

Ба макре гар панире аз даҳони зоғҳо бурдед,
Ало, эй рубаҳони сифла, худро шер машморед.

На ҳар модар сазовор аст ҳурматро, ки дар олам,
Басо заҳри сафеде ҳаст, к-онро шир машморед.

Басо дилмондаам аз зиндагии бесарунугам,
Валекин шеърҳои Чураро дилгир машморед.
18 августи соли 1995.
******
Ҳар замон бегонасон бозии нав сар мекунад,
То қиёмат қалби ман сад шури маҳшар мекунад.

Гоҳ механдам зи шодй, гоҳ мегирям зи дард,
Абр то борон шавад, сад ҳол дигар мекунад.

Даст бар пистони хома мебарам аз руи вачд,
Тифл чун монад гурусна, ёди модар мекунад.

Аблаҳе гар қадри мо нашнохт айбе нест, нест,
Вой агар оқил мадад бар фикри ин хар мекунад.

Ҳар касе аз банди вичдонаш раҳо гардидааст,
Нафси бад охир варо бар хеш чокар мекунад.

Эй басо марде ба муе бастаи зан мешавад,
Зоҳиран муслим, валекин кори кофар мекунад.

Миллати ман гуиё, ки сомирй гардидааст,
Говакеро нури дида, точ бар сар мекунад.

Чура, аз бедоди даврон ру ба Яздон оварад,
Дод мехоҳад, шикоят пеши довар мекунад.
Соли 1995.
******
Шери з-оҳу рамидаро монам,
Фили оругазидаро монам.

Шир хурдам агар зи моми даҳр,
Заҳри қотил чашидаро монам.

Хушк гаштам ба гушаи хоне,
Нони кудакгазидаро монам.

Ончунон дилгазонам аз мардум,
Деви одамнадидаро монам.

Лаззате ту зи ман мачу дигар,
Ки анори макидаро монам.

Чои булбул харону говонанд,
Гулситони чаридаро монам.

Ончунон дилгазонам аз дунё,
Дасти з-оташ кашидаро монам.

Баски бебол мепарам то арш,
Ранги аз ру паридаро монам…
Августи соли 1996.
******
Шароб имрузро чун дина созад,
Дили бекинаро пуркина созад.

Нигоҳам дор, эй Парвардигоро,
Зи чоме, ки маро бузина созад.

Хушо, ринде, ки доим бо Худояст,
Зи ҳар як рузи худ одина созад.

Харобу лоғару фартутам аммо,
Маро деги фалак чарбина созад.

Нишони у диҳад ҳар зарраи ман,
Сазад дилбар маро ойина созад.
Июли соли 1996.
******
Худкуширо сафед натвон кард,
Ҳеч қатъи умед натвон кард.

Ҳар амалро, ки мову ту дорем,
Аз Худо нопадид натвон кард.

Куштаи дасти ғусса натвон шуд,
Ҳар нафас низ ид натвон кард.

Аз Худо гар бимонй, эй уммат,
Такяе бар саъид натвон кард.

Бо дили ташнаи шаҳодатҳо,
Пайравии Язид натвон кард.

Чураё, чур шав ба ин маҳфил,
Хеш аз худ баъид натвон кард.
Июли соли 1996.
******
Моро нигоҳи наргиси мастона мебарад,
Чонро адои чилваи чонона мебарад.

Мову гулуи ҳамдигар, то чанд кашмакаш,
Эй дуст, моли мову ту бегона мебарад.

Масчид хунук, имоми қавм аз он хунуктар аст,
Моро ду пой чониби майхона мебарад.

Туф кун ба чизи мумсики бехайр, к-оқибат,
Зоде барои хонаи охир намебарад.

Кай дасти марг мекунад парвои созу суз,
Шамъ аз миёни кулбаи парвона мебарад.

Тарсам миёни зоҳиди ҳушёр бишканад,
Боре, ки души Чураи девона мебарад.
Соли 1997-98.
******
Ба Худо офарин биёвардем,
Чабҳаро бар замин биёвардем.

Дар паси зоҳидон намеистем,
Чоми пур з-ангубин биёвардем.

Дар чавонй басо хато кардем,
Риштаҳои чабин биёвардем.

Пахтакорем, ҳоли мо сахт аст,
Гарчй дурри маҳин биёвардем.

Баҳри як гандумем саргардон,
Ки зи чархи барин биёвардем.

Чураё, чураҳо ҳама рафтанд,
Муждаи вопасин биёвардем.
Соли 1996.
******
Бар зоти худе бингар, дар зоти Худо андеш,
Як вожаи воҳид аст, аз чумла чудо андеш.

Ҳар кас, ки наандешад, тутии сухандон аст,
Гарчанд савоб бошад, ё саҳву хато андеш.

Андеш, ки ҳайратро модар бувад андеша,
Эй шер, дар ин беша, аз шоҳи само андеш.

Хайрест дар он миллат, к-аз хайрият андешад,
Эй очизи беҳиммат, аз боли ҳумо андеш.

Умре ҳама натвон буд побанди дари хона,
Ай зери саро монда, болои саро андеш.

Ҳар чуй, ки мебинй, лой аст таҳи обаш,
Ҳар чой "бале" бошад, аз бими бало андеш.

Пиндори ту бемоя, гуфтори ту бепоя,
То як сухане гуй, сад бор варо андеш.

Динро ту, ай афюнй, чун заҳр ҳисобидй,
Фонист чаҳони ту, аз дори бақо андеш.

Ин миллати бечора сад тири чафо хурда,
Бигзор силоҳатро, дорую даво андеш.

Чура сари худ дорад, монанд надорад ҳеч,
Безорам аз он ёрон, гуянд чу мо андеш.
Соли 1998.
******
Эй марди оқил, кам нишин бо чоҳилони бадсиришт,
Бар манзили онон марав, ҳарчанд бошад чун биҳишт.

Дорад агарчй сад ҳунар он анкабути зиштру,
Чуз дом баҳри сайди худ, ҳаргиз матое у наришт.

Моро ба чуз аз ростй кори дигар н-омухтанд,
Меъмори мо бигзошта аз рузи аввал рост хишт.

Дар марзи дил ғайри ҳавас чизе намеруяд кунун,
Деҳқони қисмат гуиё тухми муҳаббатро накишт?

Ганче намонад човидон на дар замин, на осмон,
Чуз ганчи шеъру достон аз ишқи поку сарнавишт.

Як лаҳзаи бо ёди ҳақ, дар кулбаи ороми худ,
Беҳтар бувад чони маро аз васли ҳурони биҳишт.
Соли 1980.
******
То дили афсона дорам, орзуят мекунам,
То сари мардона дорам, чустучуят мекунам.

Чун хумори буи мую соғари лабҳои ту,
Сабзае ё лола бинам, ёди буят мекунам.

Хонаи обод дорам, дил вале вайроначуст,
Ишқ мехоҳам, суроғи ганчи куят мекунам.

Сар намеорам фуру бар фитнаи шайтони нафс,
Сачда ҳамчун бутпарастон акси руят мекунам.

Ҳарфи носеҳони беғамро кучо хоҳам шунид?
То ба дил такрор алфози накуят мекунам.
Соли 1984.
******
Бусаам доғ бар танат монад,
Баъди ман ғусса хурданат монад.

Куштаи бегуноҳ қалбамро,
Хуни ишқам ба гарданат монад.

Рафтй, олам ба ман бишуд торик,
Кошкй рузи равшанат монад.

Оҳи ман дар ғурури ту дармонд,
То ба кай кибр чавшанат монад?

Сардиҳоят хазон намуд умрам,
То ба кай сабз гулшанат монад?

Сухтам ман ва боз сузонй,
Сад манеро, ки гулханат монад…
Соли 1984.
******
Мо, ки аз тоифаи роҳнишинони туем,
Бо дилу дидаю чон ошиқу пазмони туем.

Чун сабо аз бари мо гар гузарй бепарво,
Бо ҳама қувваи тан бедаки ларзони туем.

Бо ту печему дигар аз ҳама кас сар печем,
Гули садбаргию мо ошиқи печони туем.

Ҳамчу зулфони ту абёти парешон дорем,
Чун хаёлем, ки ҳар лаҳза парешони туем.

Офтоби назари ғайр наёбад моро,
Ки паноҳанда ба он сояи домони туем.
Соли 1984.
******
Ҳар шуъла оқибат хомуш мешавад,
Имруз меравад, чун душ мешавад.

Боре, ки мондааст аз души нокасе,
Мардони мардро бар душ мешавад.

Бе ишқ мондай дар тирамоҳи умр?
Дарёи шух ҳам бечуш мешавад.

Оғуши дилбарон фирдавси олиест,
Бефаҳм садқаи оғуш мешавад?!

Онро, ки нармдил набвад дар ин саро,
Ҳар ҳарф пунбае бар гуш мешавад.

Неше, ки мехурам ҳоло зи дасти сабр,
Рузе ба чоми дил чун нуш мешавад.
Соли 1981-84.
******
Хушо ҳамроҳи ман будй ду-се руз,
Ба ман чун чону тан будй ду-се руз.

Шикоят раҳ ба он ҳаргиз намеёфт,
Лабамро бусазан будй ду-се руз.

Ҳамеша инчунин сарсон набудаст,
Барои дил ватан будй ду-се руз.

Ҳама армони дил, андешаи ақл,
Чу зулфат пуршикан будй ду-се руз.

Дареғо, нестй бо ман ҳама умр,
Хушо, ҳамроҳи ман будй ду-се руз.
Соли 1984.
******
То ба кай ту рубаруям чоми ишрат мезанй,
Меравию аз пасам санги маломат мезанй?!

Орзу дорам, ки борй бар сарам борони чуд,
То ба кай бар киштаи ман барқи офат мезанй?

Пушти худ гардонда чун бегона аз ман бигзарй,
Ошноё, пушти по бар расму одат мезанй.

Як қади найза шудй хам, бар қиём омад дилам,
Офтобо, оташам пеш аз қиёмат мезанй.

Барҳазар аз доми чашмони сияҳ мебош дил,
Чун дар ин гирдобҳо рахти иқомат мезанй?
Соли 1984.
******
Мирам ман аз ғамонат, парвои ман надорй,
Бо он сари чавонат, парвои ман надорй.

Мижгон намекунам таҳ, нодида то намонам,
Чашмам ба остонат, парвои ман надорй.

Ҳар гаҳ, ки бо баҳона аз хона мебарой,
Дил медиҳам нишонат, парвои ман надорй.

Гуфтам, ки аз лабонат як буса бахш бар ман,
Додй нишон забонат, парвои ман надорй.

Дигар зи чашми мардум, аз бими ҳарфи мардум,
Дар дил кунам ниҳонат, парвои ман надорй!
Соли 1983
******
Бар доми фиреби дигар афтод,
Ёре, ки маро фиреб медод.

Бар бод бирафт чун пари каҳ,
Уммеди маро чу дод барбод.

Боре нанишаст дар бари ман,
Бо дев нишинад он паризод.

Сузад зи ғамам ба хилвати худ,
То аз ғами у бигаштам озод.

Афтода будам, накард ёдам,
Афтода шудасту мекунад ёд.

Худкарда даво кучо биёбад,
Чуз марҳами ашк гоҳи фарёд?
Соли 1982.
******
Шеъри Лоиқ дар баёзи рузгорон зинда бод!
Ҳамчу буса дар лабони дустдорон зинда бод!

То даме, ки точикону Точикистон зиндаанд,
Рудҳои шухтабъи куҳсорон зинда бод!

Ганчи беранче начуяд деҳқони хокпош,
Обила дар дастҳои марди деҳқон зинда бод!

Fам агар лашкар кашад бар суи дилҳо, бок нест,
Бусаҳои ғамгудози ғамгусорон зинда бод!

Дар раҳи дилдодаҳои роҳдури бовафо,
Чашми чору пурумеди интизорон зинда бод!

Мурда бодо, ҳосиде, ки тир бар мо мекашад,
"Ҳар кй моро мекушад, бо шеърборон зинда бод!"*

· Байт аз Лоиқ
· Соли 1977.
******
Аз ин ду чашми зебо пайдо чй мекунад дил?
Бо ин ду дузди дилҳо танҳо чй мекунад дил?

Ҳар лаҳза бо нигоҳе оҳам зи дил бароранд,
Оҳ аст чун матоаш савдо чй мекунад дил?

Сузад барои оне, к-у сухтан натонад,
Дар синаи яхистон маъво чй мекунад дил?

Хомуш буд вақте дилбар бирафт аз ман,
Танҳою зор ҳоло ғавғо чй мекунад дил?

Бо зуру зорию зар гуянд дил тавон бурд,
Бе ишқ гулрухеро шайдо чй мекунад дил?.

Fарқида дар муҳаббат гумном шуд, сазояш,
Бе дасту по ҳавои дарё чй мекунад дил?

Чура, набошад осон гуфтан ғазал чу Ҳофиз,
Бо чанд байти хоме даъво чй мекунад дил?
Соли 1985
******
Анчоми туро, эй дил оғози дигар бояд,
Фориғ чй шавй аз худ, парвози дигар бояд.

Ҳар нағма, ки ширин буд, имруз забонзад шуд,
Ҳам шеъри наве бояд, ҳам сози дигар бояд.

Бо ёри навин то кай он рози куҳан гуй,
Дилро ба каф овардан бо рози дигар бояд.

Эй дилбари дерина, бо ишваи пешина,
Дил кай барй аз сина, бо нози дигар бояд.

Чизем набошад ҳеч, чуз бусаи ширине,
Мегуй, ки ошиқро андози дигар бояд?

Ту оддию ман сода, дилбурдаю дилдода,
Оё ба ду озода пардози дигар бояд?
Соли 1985.
******
Гуфтаам дар ҳар кучо сад борҳо, сад борҳо,
Дуст медорам туро бисёрҳо, бисёрҳо.

Аз забон бар дил нишондам оқибат номи туро,
Пухта гардад дарс аз такрорҳо, такрорҳо.

Мучиби умри дарозам–номаҳои кутаҳат,
Мекунам бовар ба ин туморҳо, туморҳо.

Мехаранду мефурушанд ин ҳама моли чаҳон,
Чуз матои ишқ дар бозорҳо, бозорҳо.

Роз гуфтам, шеър гуфтам, ҳеч кас чизе нагуфт,
Вой аз ин хомушии деворҳо, деворҳо.
Соли 1985.
******
Раҳбаре, ки раҳ надонад,
Каҳкашон аз каҳ надонад.

Чашми у масти ғурур аст,
Хаси руи чаҳ надонад.

Он, ки ҳар шаб масти хоб аст,
Чилваҳои маҳ надонад.

Эй хуш он дарвеши танҳо,
Шикваи ҳамраҳ надонад.

Халқро карданд нодон,
Воҳиде аз даҳ надонад.

Вой аз он бузиназоде,
Қудрати Аллаҳ надонад.

Чоми ғафлат деҳ дилро,
Fофилу огаҳ надонад.

То ба кай ин Чураи маст,
Субҳ аз бегаҳ надонад?
Соли 1990.
******
Дустон, пайравии маслаки ағёр бас аст,
Мансаби олии мо бандагии ёр бас аст.

Кохи шоҳии ҳубобй набувад дархури мо,
Масти ишқем, дари хонаи хаммор бас аст.

Оҳу будем, вале дарс зи хукон хондем,
Дигар он мактабу он шеваю рафтор бас аст.

Хат кучо, решаи фарҳангии мо бибриданд,
Ҳамчунон буттаи бар бод гирифтор бас аст.

Тарк гу, хидмати махлуқ, ки холиқ ранчад,
Ту агар одамий, тоати ғаффор бас аст.

Оташи қалби маро нанги тасалло бикушад,
Боди ҳар оҳи чигарсуз парастор бас аст.

Чура, чун қадри алифи қади дилбар донист,
Зоҳидо, чони варо ҳалқаи ин дор бас аст!
Соли 1990.
******
Ҳар қадам сад посбон, чун омадй?
Ҳамчу чон бар тан ниҳон чун омадй?

Ин замини пургунаҳ чои ту нест,
Эй фаришта, з-осмон чун омадй?

Фарзу суннат бурдаанд аз ёдҳо,
Суи ин куфрошён чун омадй?

Девҳо дар тахту мардум зери по,
Эй дилат чун парниён чун омадй?

Муи ман аз барфи пирй шуд сафед,
Лоларуи навчавон чун омадй?

Пеши шоҳи шаҳри танҳоии худ,
Шоҳбону, ноаён чун омадй?
Соли 1990
******
Ман худ намедонам чаро ҳар руз ёдат мекунам,
Як руз сузондй маро, ҳар руз ёдат мекунам.

Ҳар шаб ба ёди чашми ту бедор бошад чашми ман,
Чун чашмаи нуру сафо ҳар руз ёдат мекунам.

Бинам зи ҳар ру руи ту, буям зи ҳар ку буи ту,
Эй соҳиби ҳусни расо, ҳар руз ёдат мекунам.

Аз дидани мушти хазон бар ларза меояд дилам,
Эй гулбаҳори ман биё, ҳар руз ёдат мекунам.

Аз бехудй гум кардаам оғуши чонбахшат, дареғ,
Дар ғуссаи танҳоиҳо ҳар руз ёдат мекунам.

Ин дил, ки ҳарчой шуда, дар ишқ савдой шуд,
Бе ту намеёбад шифо, ҳар руз ёдат мекунам.

Дилро, ки руди зиндагй дур аз канорат бурдааст,
Чуз ту набошад муттако, ҳар руз ёдат мекунам.
Соли 1984
******
Ошиқонро чафо намезебад,
Оқилонро хато намезебад.

Рости бе дуруғ бояд буд,
Сарвро муттако намезебад.

З-остон осмон тавон дидан,
Шиква аз дасту по намезебад.

Чорпоёна хурдану хуфтан,
Ба ту, эй ошно, намезебад.

Муши деворро мабар аз ёд,
Гуфтани носазо намезебад.

Мард бошу ба сурати худ бош,
Чомаи кас ба мо намезебад.
Соли 1985.

******
Боз омадам ба чое, порина бо ту будам,
Имсол дар кучой, порина бо ту будам.

Гуфтй баҳор ояд, ту бар канорам ой,
Ку ваъдаро вафое, порина бо ту будам.

Боз омада баҳорон, аммо на он баҳорон,
Бо айшу бо сафое порина бо ту будам.

Сад чоми лола руста, он чоми мо шикаста,
Фарёд аз чудой, порина бо ту будам.

Нахли шинондаи мо нашъунамо надорад,
Хуршеди камнамой, порина бо ту будам.

Бо ёди бусаҳоят дорам чй ғуссаҳое,
Гуям чу қиссаҳое, порина бо ту будам.
Соли 1987.
******
Дар дили худ ҳарчй дорй, хуб медонем мо,
Хати чеҳри одамиро нағз мехонем мо.

Донае гар дар бағал дорад, ба хонаш мениҳад,
Дар саховат хокро устод медонем мо.

Роҳгардак ҳеч кас аз модараш н-омад ба даҳр,
То нафас боқй бувад, афтону хезонем мо.

Ҳамсафарҳои хаёлй, то лаби гур омадем,
То ба кай бо маркаби чубина тозонем мо?!

Назди модар вақти истодан надорем, эй дареғ,
Ҳамчу нур аз офтоби худ гурезонем мо.

Руи гарми ёрро дарёфтан душвор шуд,
Руи дунё, дустони чон, парешонем мо.

Чор фасли сол дорад гарчй бо мо кашмакаш,
Сабзу хуррам ҳамчу бурси куҳсоронем мо.

Ҳеч дидй, ки хурад ҳайвон шароби талхро,
Бода пеши мо биёвар, з-он ки инсонем мо.
Соли 1987
******
Кач шавад девор агар, аз хона мехезем мо,
Аз миёни качдилон риндона мехезем мо.

Рузгорон гар ба хок афканд моро гоҳ-гоҳ,
Уфтода бар замин, чун дона мехезем мо.

Fосиб аз таърих номи мо агар хоҳад сутурд,
Ҳамчу Рустам аз ҳазор афсона мехезем мо.

Меҳри миллат кам шуда дар сина аз меҳри маҳал,
Варна зидди ҳам чаро бегона мехезем мо?

Ҳамнишини хуб бошад мучиби бахти сафед,
Аз ҳарими аҳли дил фарзона мехезем мо.
Соли 1985.
******
Ахтари дурам, ба ту дунёи ман номаълум аст,
Ин ҳама бедории шабҳои ман номаълум аст.

Бо қалам чу мекашам дар сафҳа ҳамчун дар замин,
Лек ҳоло ҳосили саҳрои ман номаълум аст.

Ҳамчу соҳил сархаму хомуш мебошам, вале,
Шуру исёни дили дарёи ман номаълум аст.

Дил кашад ҳар чо, ки хоҳад баста чашми ақлро,
Меравам, ҳарчанд чои пои ман номаълум аст.

Чаши натвонад, ки бе оина бинад хешро,
Бе ҳузури дустон авзои ман номаълум аст.

Муддаиён пунба бар гуш аз ҳасадҳо кардаанд,
Назди он деворҳо овои ман номаълум аст.

Ман ватан дар хонаи дилҳои мардум мекунам,
Ҳолиё роҳе ба ин маъвои ман номаълум аст…
Соли 1983.
******
Ҳампои мо най, ҳамроҳи мо наё,
Fамхори мо най, ғамхоҳи мо наё.

Оҳуи чобукем, эй сангпушти суст,
Дур асту пурхатар, бо роҳи мо наё.

Қолии мо бувад дар куҳу пуштаҳо,
Пашминачу, суи хиргоҳи мо наё.

Бигзор лаҳзае осуда дам занем,
Эй дарди мо, бирав, эй оҳи мо наё.

Дар сар такаббуре, дар лаб табассуме,
Суҳони дил нашав, чонкоҳи мо наё.

Субҳи чавонии мо нав дамидааст,
Осемасар машав, бегоҳи мо, наё.
Соли 1987.
******
Аз худу зиндагию халқи чаҳон безорам,
Аз хушу нохушу аз суду зиён безорам.

Биравам гушаи танҳоию гирям пинҳон,
Чунки аз гиряи дар ханда ниҳон безорам.

Бодаи талх ачаб суҳбати ширин дорад,
Беҳтарин ёри ман аст, аз дигарон безорам.

Мурғи мачруҳаму дар доми фалак дармонда,
Медиҳад гарчй ба ман луқмаву дон, безорам.

Оқилонро бикунад давлати дунё чоҳил,
Андар ин шаҳд бувад заҳр, к-аз он безорам.

Мисли чуғзон ҳама бедор ду чашмам то руз,
Шаб зи андешаву аз ваҳму гумон безорам.

Оҳ, бемаърифатон даъвии ирфон доранд,
Соили донишам, аз хайли сагон безорам.

Сарваре нест, ки раҳ то дили мардум бибарад,
Аз ҳидоёти ду-се "пири замон" безорам.
Соли 1990.
******
Ман набинам пеш, бинам дурро,
Чизи аз чашми шумо мастурро.

Огаҳам аз нешҳои ноаён,
Неш худ марге бигардад мурро.

Мушт нобардошта муште хурад,
Ҳар ки пеш орад ба суҳбат зурро.

Ток бе такя наорад ҳосиле,
Качниҳодон мунтазир дастурро.

Медиҳад бар руҳи шоир амрҳо,
Ончунон одат шуда маъмурро.

Гапи Аллоҳ дигар асту гапи у,
Дидаем муллои руҳранчурро.

Бас кунам з-ин ёваю ҳазёну жож,
Боз бар даст оварам он ҳурро.

Як нигоҳаш масти мастам мекунад,
Ончуноне чуръае махмурро.
Соли 1990.
******
Тазмини ғазали Усмон Олим
Болин зи гул чу қатраи шабнам намекунем,
Роҳат ба души дигарон як дам намекунем!

Дар қади долгаштае чун дом дидаем,
Худро барои донае мулзам намекунем.

Сад тири ғам расад агар ба мурғи қалби мо,
Ёд аз паноҳи мардуми беғам намекунем.

Аз барқ ҳеч хирмани абре насухта,
Гар бад ба мо накардай, мо ҳам намекунем.
Гуфтан хушомади хасе чун таъни гавҳар аст.
"Мо даст руи синаву сар хам намекунем".
Соли 1986.
******
Мо насли фандхурдаем, аз панди ту чй суд?
Дандони кирмхурдаем, аз қанди ту ту чй суд?

Чун решаҳои мо ҳама дар оби заҳ расид,
Эй боғбон, зи шафқату пайванди ту чй суд?

Ҳар як раги вучуди мо банди ғуломиест,
Сайёди пир, аз туву аз банди ту чй суд?

Ҳарчй қабули мо бувад бе чуну бе чаро,
Аз чуни ту чй баҳраву аз чанди ту чй суд?

Дар дасти ҳокимон ҳама бозича будаем,
Аз тифли ман чй гила, аз фарзанди ту чй суд?

Хушбахт будаем, ки бадбахт будаем?
Аз худфиребии ману аз фанди ту чй суд?
Соли 1991.
******
Гап дигар, кор дигар, хонаю бозор дигар,
Гул дигар, хор дигар, хасм дигар, ёр дигар.

Эй, ки бо ҳарфи дуруште дили мо ранчондй,
Носазо ҳарфи туро ҳаст сазовор дигар.

Дарди дилро накунад ҳеч табибе дармон,
Нест оне, ки маро буд шифокор, дигар.

Чашм бояд, ки шавад обтарозуи ҳаёт,
Роҳи пурпеч дигар бинаду ҳамвор дигар.

Нотавоне чу маро таъна занад, боке нест,
Ҳарфи уро ту магу лек ба такрор дигар.
Соли 1985.

Натавон ба паст бурдан назари баланди моро,
Натавон кашид ҳар су чилави саманди моро!

Ҳама тору пуди он чун зи нахи ҳақиқат омад,
Натавон фиреб кардан дили ҳақписанди моро.

Ба хаёли ғам наой ба сарои хуррами мо,
Гираҳи чабин бубандад сари нушханди моро.

Чу дарахти решамаҳкам ба гузори бодҳоем,
Набарад зи чо ҳавое сари ҳушманди моро.

Накунй ту ғайбати мо, назанй ба куҳ санге,
Набувад шикаст руҳу дили бегазанди моро.

Қалами бараҳнаи мо чу мудом дар кафи мост,
Ҳама зангҳои дунё нахурад каланди моро!
Солҳои 1982-84.
******
Наврузи навармуғон муборак!
Навсози куҳанчаҳон муборак!

Нав кард муҳит чомаашро,
Навхоҳии одамон муборак!

Бо дасти мубораки ту, деҳқон,
Омезиши хоку дон муборак!

Навсузии мо зи куҳнасузист,
Ин оташи човидон муборак!

Бар чуи куҳан нав об омад,
Ободии куҳситон муборак!

Навовариҳову навбариҳо,
Дар равзаи бустон муборак!

Оҳанги нав офарид мутриб,
Арғушти маҳинмиён муборак!

Пушташ нарасад ба хок, эй кош,
Пирузии паҳлавон муборак!

Хуш бод қудуми аввали ишқ,
Наврузи дили чавон муборак!

Бар чои силоҳи нав салоҳ ор,
Сайёра бувад амон муборак!
Соли 1987.
******
Муяш сафед гашту ҳанузам сияҳдил аст,
Яхро ба зери барф, ачаб не, ки манзил аст.

Ҳарчанд печ медиҳад гапро ба ҳар тараф,
Чун мор дар забони у заҳри ҳалоҳил аст.

Номард буду мард нашуд аз гузашти умр,
З-ин беди пир чуз хазон дигар чй ҳосил аст?!

Чуҳои хушкмондаанд ожангҳои ру,
Пайдои обру кунун бар вай чй мушкил аст.

Аз чуши руди зиндагй мондаст барканор,
Афтода пирамард чу санге ба соҳил аст…
Соли 1982.
******
Аз мо ризою норизо як соли умри мо гузашт,
Ҳам бобаҳо ҳам бебаҳо як соли умри мо гузашт.

Гармою сармояш кучо? Шодию андуҳаш кучо?
Шуд ину онаш ҳам фано, як соли умри мо гузашт.

Ранчидаву ранчондаем, ранчондаву ранчидаем,
Ранчидаҳо, ранчондаҳо, як соли умри мо гузашт.

Бас тоқҳо чуфте шуда, бас чуфтҳо тоқе шуда,
Бо бевафоию вафо як соли умри мо гузашт.

Аз чодаҳои зиндагй, аз растаҳои ошиқй,
Ноошною ошно як соли умри мо гузашт.

Он ҳафту чораш ёд бод, он сесаду шасту шашаш,
Ҳам бохато, ҳам бехато як соли умри мо гузашт.

Аз руз бояд сол кард, аз сол бояд аср кард,
Ин аст, ёрон, муддао, як соли умри мо гузашт.
******
Дастҳоям ҳалқаосо дар миёни дилбаранд,
Чашмҳоям пурхумор аз дидагони дилбаранд.

Торҳо резанд аз дил нағмаҳои ошиқй,
Гуиё ифшогари рози ниҳони дилбаранд.

Нури маҳ омехта бо нури чашми ошиқон,
Нури дил, ҳам нури чон имшаб аз они дилбаранд.

Чашмҳоям оташи дилро бар у меафкананд,
Гуиё бар сузи ишқ оташгирони дилбаранд.
Сентябри соли 1976.
******
Чанд рузе омадам чун меҳмони зиндагй,
Меравам носер боз аз даври хони зиндагй.

Ҳар шикамсере, ки неъматро таҳи по мекунад,
Кур хоҳад кард уро резанони зиндагй.

Абри ғам бо офтоби ханда дорад гирудор,
Доимо яксон набошад осмони зиндагй.

Зоғҳо дай мепарастанд, андалебон навбаҳор,
Ҳар кй медонад ба тарзи худ забони зиндагй.

Гоҳ гарму гоҳ сарду гаҳ пуру гоҳе тиҳист,
Оламе таззод дорад ошёни зиндагй.

Навдаи бебар бимонад, гоҳ навбарро бурад,
Ҳасрато, аз иштибоҳи боғбони зиндагй.

Ин ҳама тиру камон беҳуда мебошад, бимон,
Вақташ ояд, худ кушад моро камони зиндагй.
Соли 1987.
******
Гуландоме, ки бо ман ошной дошт, аз ман рафт,
Гаҳе расми вафо, гаҳ бевафой дошт, аз ман рафт.

Намечунбад дарахте, гар набошад боди девона,
Чунуни ошиқй ҳам интиҳое дошт, аз ман рафт.

Набошад бодаро таъсир бар дарде, ки ман дорам,
Табибе дар лабаш ширин давое дошт, аз ман рафт.

Ҳама шаб теғи мижгони ман асту синаи хоб аст,
Ки ёрам бо ҳама афсонаҳое дошт, аз ман рафт.

Намехандам, ки мегиряд ба кунче аз фироқи ман,
Ҳама шодии ман бо у бақое дошт, аз ман рафт!
Соли 1979.
******
Кор бояд бо муроди дил шавад,
Варна охир кори дил мушкил шавад.

Эй, ку он роҳбар, ки мисли офтоб,
Якдилу якруяву якдил шавад.

Аз гуле, ки дар баҳораш буд хазон,
Дар хазонаш ҳам хазон ҳосил шавад.

Эй хуш он кас, пеши худ дар зиндагй,
Бар гунаҳҳояш ҳама қоил шавад.

Майли ман аз майли у майле надошт,
Кош у ҳам мисли ман моил шавад.

Ҳолиё шоҳ асту ҳиммат-ш шоҳвор,
Сабр кун, то мисли мо соил шавад.

Дидаву дониста худро мекушем,
Ҳеч ҳайвон мисли мо қотил шавад?
******
Шеър гуфтан савоб гуфтан ҳаст,
Бар дили худ чавоб гуфтан ҳаст.

Сабр кун, соате ба мо биншин,
Кори шайтон шитоб гуфтан ҳаст.

Суҳбати дустони оқилро,
Қимати сад китоб гуфтан ҳаст.

Ту матарсон зи хашми айёмам,
Сари мою туроб гуфтан ҳаст.

Хонаи мурро макун вайрон,
"Хонаи ту хароб!" гуфтан ҳаст.

Ранги шодй надида, хурсандй,
Чои обат сароб гуфтан ҳаст.

То даме, ки як аду бошад,
Интиқом! Инқилоб! гуфтан ҳаст.

Осмон, сухтй ба хуршедат,
Дар диёрат саҳоб гуфтан ҳаст?
******
Фариштавор омадй ба чони беқарори ман,
Хуш омадй, хуш омадй , азизи ғамгусори ман.

Дилам, ки сард гашта буд, тамом дард гашта буд,
Ту нарму гарм кардияш, насими навбаҳори ман.

Ниҳоли хушк гаштаму ҳама зи ман рамида буд,
Ту сабз кардай маро, чу омадй канори ман.

Ба ёди лаб намерасид дигар хаёли бусае,
Ту бусабор кардай лаби ба буса зори ман.

Камони ишқро дилам ба зери хок карда буд,
Вале ту чобук омадиву кардай шикори ман.

Ман умри нав зи чашмаи муҳаббати ту ёфтам,
Нахушкй то абад дигар, ягона чашмасори ман.
Соли 1992.
******
Вақти намоз соати дидор будааст,
Ҳангоми лутфҳои он дилдор будааст.

Эй ошиқон, ки бар сари худ мушт мезанед,
Сар он буда, ки бар сари он дор будааст.

Ёре, ки пусташ ҳар дам кунад иваз,
Ёраш махон, ки зишттар аз мор будааст.

Сад ҳайфи табъ гар шавад дар банди таб асир,
Монанди булбуле, ки гирифтор будааст.

Шеъре, ки мекунад ҳама бозор дар сараш,
Имруз шеъри тозаи Бозор будааст.

Гул дар баҳор ғолибан беқадр мешавад,
Пайғомбар ба кишвари худ хор будааст.

Ту нестй ягонаи даврон, ки Чурай,
Девона чун ту дар чаҳон бисёр будааст.
******
Ман, ки ба мастй афсона бошам,
Бар шамъи шиша парвона бошам.

Болонишинй оини ман нест,
Поённишини майхона бошам.

Хезад балоҳо аз ошноҳо,
Бо ин балоҳо бегона бошам.

Н-осудани ман осудани туст,
Дар дастат, эй чон, паймона бошам.

Гуед, олам ҳушёр бошад,
Гар соате ман девона бошам!
Соли 1988.
******
Ишқ дар дил ноаён ояд ҳаме,
Ашк аз дида равон ояд ҳаме.

Мекашад миқнотиси ҳубби Ватан,
Қатра бар баҳри дамон ояд ҳаме.

Шоҳи моро нест пирию завол,
Давлати у човидон ояд ҳаме.

Ҳар касе, ки дуст медорад варо,
Рутбааш то Каҳкашон ояд ҳаме.

Ошноё, ақли солим пеш рон,
Фитнаи бегонагон ояд ҳаме.

Хурда обаш точиконро борҳо,
Реги Ому хунчакон ояд ҳаме.

Ин Бухорои сағири точикон,
Аз кабирон чун нишон ояд ҳаме.

Чашм бикшо, Рудакиё пеши ту,
Мир бар шаҳри чавон ояд ҳаме.

Шеъри Чура аз Зарафшони сухан,
То Бухоро сарфишон ояд ҳаме.

Ин ачаб на, гар зи Масчоҳи навин,
"Буи чуи Мулиён ояд ҳаме"
******
Ҳар чй аввал дошт, охир мешавад,
Ҳар чй ғоиб буд, ҳозир мешавад.

Руз шаб шуд, субҳ ҳам хоҳад дамид,
Моҳ рафта, шед нозир мешавад.

Ҳеч неру аз сухан боло наяст,
То силоҳи дасти соҳир мешавад.

Дасти моро таъни бекорй мазан,
Обила дар қалби шоир мешавад.

Пеши ин ҳусну малоҳат, эй Худо,
Чун дили девона собир мешавад?

Ҳар кй рафт аз дидаю дил оқибат,
Хор андар пои хотир мешавад.

Чура бар ожангҳои худ нигар,
Рахнаҳои умр зоҳир мешавад.
Соли 1989.
******
Эй Худо, ин чй гуна ошуб аст,
Сабзаву гул ба дасти покуб аст.

Дуст хору залил чун душман,
Лек душман азизу маҳбуб аст.

Бад либоси наку ҳамепушад,
Хуб андар либоси нохуб аст.

Қадри инсон намонду инсонй,
Ҳаявоне ду-се чу матлуб аст.

Пойгаҳ шуд нишастгоҳи шоҳ,
Тахти у чойгоҳи чоруб аст.

Ҳар кучое, ки сарбаланде буд,
Сари у ҳолиё сари чуб аст.

Хомаю дафтарам чй мепурсй,
Шоиронро гаҳи лату куб аст!
Соли 1993.
******
Гоҳе зи ту менолам, гоҳе зи ту меболам,
Уммедшикан гоҳй, гоҳи дигар иқболам.

Лаб бар лаби ман монй, асрори нигаҳ донй,
Чононаи чононй, бе ту чй шавад ҳолам?

Аз сардии дай дурам, махмураму маъзурам,
Ҳар нори чу нори ту мемоламу мемолам.

Оваҳ, кй шавад ёрат, дилдорату ғамхорат,
Навмедаму бетоқат, меноламу менолам.

Гар бо мани шайдой, монанди алифам ман,
"У"-и качакам бе ту, долам ману ман долам

Ломам ба алифи ту, з-он табъи латифи ту,
Чоҳил манаму нодон, гунгам ману ман лолам.

Аз нуҳмаҳагй растам, дар домани панчоҳам,
Ҳоло чй ту мепурсй, аз моҳаму аз солам.

Оҳи дили бечора, войи дили овора,
Ноест, ки менолам, ашкест, ки меполам.
Соли 2002.
******
Ман пири раҳгумкардаам, эй навсафар, аз ман гузар,
Аз худ надорам ман хабар, эй бохабар, аз ман гузар.

Дил боргоҳи сад гунаҳ, милён гунаҳ андар нигаҳ,
Соҳибдило, аз ман бирав, соҳибназар, аз ман гузар.

Донй чаро май мехурам, хоҳам, ки аз худ бигзарам,
Талхиву тундй хостам, ширинасар, аз ман гузар.

Обам агар, равған туй, хорам агар, гулшан туй,
Торам агар, равшан туй, мисли саҳар аз ман гузар.

Дасти ту сузондам яке аз бехудй, эй войи ман,
Чону дили худ сухтам, ҳамчун шарар, аз ман гузар.

Аз чураҳо боям агар, ман бе туям бе болу пар,
Чун гуям, эй чону чигар, аз ман гузар, аз ман гузар.
Соли 2003.
******
Аз рашки дил ранчондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд,
Дар ашки ғам биншондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.

Бо дигаре дидан туро ин мурдани худ дидан аст,
Азроили дил хондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд
.
Нахли қадат пурбор буд аз меваҳои шаккарин,
В-аз бехудй афшондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.

Чуз ту надорам муддао, танҳо биё, бо дигарон,
Гар омадию рондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.

Бо барқи чашми хашмгин, бо раъди лафзи саҳмгин,
Чун абр агар гирёндамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.

Зеботарин сайёди дил, домат ба чонам хостам,
Аз ҳар ду дунё мондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.

Сайёди озодию ман–сайди нагунбахтат, чй сон,
Бо худ баробар хондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.

Террор кардй сад диле, абгор кардй чони ман,
Эй дил, агар таркондамат, бахшо, гуноҳи ишқ буд.
Соли 2003.

Комментариев нет: