четверг, 30 октября 2008 г.

ЧОНОН ПАДАР БУД…

Падари меҳрубонам Мирзоюсуфи Муҳаммадюсуф дар синни мубораки 87-солагй чон ба Ҳақ таслим карданд. Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бод. Омин!

Маро мағзи чигар чонон падар буд,
Маро нури басар чонон падар буд.

Гадоям, соили дидори уям,
Маро точи басар чонон падар буд.

Насиҳатҳои у зевар ба гушам,
Яке вологуҳар чонон падар буд.

Таҳамтансон тану туши қавияш,
Барои мо сипар чонон падар буд.

Ҳунармандам агар, аз пушти уям,
Ки сад кони ҳунар чонон падар буд.

Бишуд рузам сияҳ баъди ғурубаш,
Ки шомамро саҳар чонон падар буд.

Басо аз хеш монда донаву мағз,
Дарахти босамар чонон падар буд.

Манам ноогаҳ аз кори чаҳонҳо,
Зи ҳар дар бохабар чонон падар буд.

Манам олудаи садҳо гуноҳон,
Барй аз кулли шарр чонон падар буд.

Шабу рузам мунаввар аз чамолаш,
Чу хуршеду қамар чонон падар буд.

Заковатманду хайрандеши мардум,
Тамоман безарар чонон падар буд.

Барои ростон як муттакое,
Качонро сад хатар чонон падар буд.

Ятим азбаски монда аз падар худ,
Ятимонро падар чонон падар буд.

Нагунчад васфи у дар шеъри Чура,
Ки худ як шоҳасар чонон падар буд.

Пагоҳи чумъа чон бар Ҳақ супорид,
Ки огаҳ з-ин сафар чонон падар буд.

Ба боло рафт, меҳмони малак шуд,
Ки муштоқи забар чонон падар буд.

Тариқи раҳматаш гардон, Худоё,
Ки сер аз баҳру бар чонон падар буд.
25 июли соли 2003.

Комментариев нет: