четверг, 30 октября 2008 г.

ЭХДОЁТ

ДАР СУГВОРИИ ОЛИМПУР
Замона кушта моро бе баҳона
Намедонад сари моро баҳо на!
Занад бар мағзи миллат санги душман,
Ки бе мағзе нахезад ҳеч дона.
***
Барои ҳушёрй мекушандат,
Барои ҳушдоре мекушандат.
Агарчй бегуноҳй, кусатабъон,
Барои ришдорй мекушандат.
Декабри соли 1995.

ЁДИ ОХУН САФАР
Охуни Сафар қаламкаши варзида,
Аз пушти қалам басо аламҳо дида.
Афсус, ки марги беамонаш бирабуд,
Бо синаи пурғусса, лаби хандида.

Охуни Сафар ҳозирчавобу хандон,
Бигзашт аз ин чаҳон ба садҳо армон.
Не, не набувад марги чунин кас осон,
Боқист ба номи неку бо фарзандон.

РОҲИЁНИ РОҲИ ИСПЕДЕМ МО
Барои Мирзо Шакурзода
Сояру дар мулки хуршедем мо,
Равшан аз хуршеди уммедем мо.

Нестем аз тираҳои тирароҳ,
Роҳиёни роҳи испедем мо.

Чашмаи Шоир* ба мо додаст об,
То зи хоки деҳа руидем мо.

Носазо гуфтори мардум бигзарад,
Лафзи ҳақро банда човидем мо.

Буданатро шукр гуям ҳар нафас,
Бо ту рафта хешро дидем мо.
25-26 январи соли 1985.
*Чашмаи Шоир–чашмаест дар деҳаи Худгифи Сояи Мастчоҳ.

ДАСТИ БОЛО
Барои омузгори нахустинам Қурбон Ҳусейнй
Қоматат паст, чеҳра нуронй,
Дар лабонат табассуми ширин.
Вориди дарсхона мегаштй,
Бо хаёлоти тозаю рангин.

Мерасад то ҳануз овозат,
Аз ҳамон дарсҳои бигзашта.
Мешавам гушу ҳуш сар то по,
Лаҳзае тифли мактабй гашта.

Гуиё, ки ту боз мепурсй,
Чузъҳои вазифаро ҳоло.
Аз барои ичозаи гуфтан,
Дасти ман худ зи худ шавад боло.

Ту, ки худ машқи шеър мекардй,
Лек шоир ба чашми мо будй.
Аввалин шеърҳои хомамро,
Васф карда, то само бурдй.

Ҳамчуноне, ки офтоб афтад,
Уфуқи абрнокро бар чанг.
Гардиши рузгор афтонда,
Чеҳраатро ба панчаи ожанг.

Ҳичча карда, базур мехонам,
Сафҳаи пурхати чабинатро.
Гар бипурсй: "Бигу, чй фаҳмидй?"
Дасти ман худ зи худ шавад боло…
3 декабри соли 1984.

ДАСТИ САБУК
(Эҳдо ба Анварбеки Рустам)
Руҳат гарон, қалбат калон, дастат сабук, дастат сабук,
Дарди ниҳон бар ту аён, дастат сабук, дастат сабук.

Дар гурдаи мо сангҳо аз бахти куру оби шур,
Осон кунй берунашон, дастат сабук, дастат сабук.

Бас чони бар лаб омада, аз дасти чонбахшои ту,
Баргашт бар суи макон, дастат сабук, дастат сабук.

Озодамарди зиндадил "з-авчи Зуҳал то қаъри гил",
Дорй зи Сино сад нишон, дастат сабук, дастат сабук.

Ҳозиқ табибе будай, содиқ ҳабибе будай,
Бодо баҳорат бехазон, дастат сабук, дастат сабук
Соли 1992.

ҲАЙФНОМА
Барои дусти ғамхорам Назар
Умри ман кутоҳ, донам,
Марги ман дар роҳ, донам.
Пас чаро парво надорам?
Фикр аз фардо надорам?

Ҳамчу чоми пуршаробе,
Чони ман пур аз гуноҳ аст.
Ҳамчу деги руи оташ,
Ҳоли ман хеле табоҳ аст.

Бода менушам паёпай,
Сархушам ман, сархушам ман.
Заҳр дода, заҳр дода,
Рузҳоро мекушам ман.

Умри ман кутоҳ, донам,
Лек худ дар қасди онам.
Марги ман дар роҳ, донам,
Лек уро ҳаминонам.

Ҳайфи ман, бо душмани худ,
Дуст ҳастам, дуст ҳастам.
Дур аз ёрони чонй,
Суҳбати майро парастам…
Соли 1984.

FАЗАЛЕ БАРОИ ҚУВВАТ ДАВЛАТ
Кони дурдонаи ғалтон даҳани Қувватбек,
Набувад соддаву арзон сухани Қувватбек.
Чун ба "Пайванди дил" оғози суханронй кард,
Худ шуда "Боли Самандар" бадани Қувватбек.
Ҳафт водии муҳаббат на ба осонй рафт,
"Шаҳри Ишқ" аст кунун чону тани Қувватбек.
Оштй дода хазонро ба баҳорон, з-ин ру,
Бо гулу хор ғазалхон чамани Қувватбек.
Бо бузургии қаду ақли баландаш ҳаргиз,
Ман-манй нест дар афкори "Ман"-и Қувватбек.
Эй, ки мепурсй зи ман зодгаҳу маъвояш,
Кишвари шеърпарастон ватани Қувватбек.
Солу моҳаш на ҳамин солу маҳи маъмулист,
Гуши фардо шунавад дилзадани Қувватбек.
11 январи соли 2003.

БАРОИ УСТОИ УСТОПИР
Усто, Усто, дар ҳама коро усто,
Дасти ту ба шеъру паҳлавонй боло.
Бодо сари сабзи ту мисоли бурсо,
Усто, Усто, бачаи нағзи Масчо.
Апрели соли 1997.

Комментариев нет: