четверг, 30 октября 2008 г.

ЗАНГИ ОХИР

Зангулаи корвони умр аст,
Занге, ки садо диҳад ба мактаб.
Гуё ҳамаро шитоб дорад,
Бар чониби орзую матлаб.

Занге, ки садои охиринаш,
Пуршур мисоли савти дарёст.
Анчоми чаҳони бачагиҳо,
Оғози чавониҳои зебост.

Занге, ки садои охиринаш,
Анчом бувад ба ишқи аввал,
Бар он ҳама шармҳои ночо,
Бар он ҳама бусаҳои маътал.

Занге, ки чавоби талх гуяд,
Бар номаи бечавоби ёре.
Занге, ки ниҳода дар дили ман,
Занге зи муҳаббати нигоре…

Як умр садо диҳад ба гушам,
Занге, ки садо диҳад ба мактаб
Даъват бикунад, ки нест ҳамвор,
Роҳе, ки барад ба суи матлаб!

Соли 1982

Комментариев нет: