четверг, 30 октября 2008 г.

ДЕҲҚОНИ ПАХТА

Фидоят мешавам, деҳқони пахта,
Ало, эй куҳкан дар кони пахта.
Насиби ту шавад кай чойи ширин,
Зи дасти хусравони хони пахта.
Ба ту кунчора ҳам арзон надоданд,
Кай охир мехурй ту нони пахта?!
Набинй хандаҳои кудаконат,
Ба чуз аз чеҳраи хандони пахта!
Гиребони касеро ту нагирй,
Бувад дасти туву домони пахта.
Сиёҳат кард «тиллои сафед»-ат,
Шудй хуншор аз дандони пахта.
Ливерпулро намедониву нархаш,
Ало, бозории нодони пахта.
Ба ҳиллат мезанандат боз бар пушт,
Ало, эй Рустами майдони пахта!
Намеёрам, ки эй деҳқон, бубинам,
Сари сахти туву сандони пахта.
Баҳорон боз Русия равонй,

Зи чабри заҳмати арзони пахта!

Комментариев нет: