четверг, 30 октября 2008 г.

Кй медонад баҳои бебаҳоро?

Ҳавои чеҳраи дилбар гирифта,
Гиреҳ чун абр дар пешона дорад.
Кадомин боди сард уро расида,
Ки ду чашми сиёҳаш ашк борад?

Сари хам рубаруи ман ситода,
Бигуяд зери лаб "беаҳд, беаҳд,
Ту боре н-омадй, сад бор мурдам,
Надонй қимати ашки зан, эй мард!".

Бале, ман қадри ашкашро надонам,
Кй медонад баҳои бебаҳоро?
Ҳамин донам, ки зан бо оби дида,
Нуму бахшад ниҳоли меҳри моро.

Ҳамин донам сиришки зан силоҳест,
Fурури мардро таслим созад.
Сиришк андар сиришти зан тилисмест,
Ки дилро беғашу бебим созад.

Ҳавои чеҳраи дилбар гирифта,
Гиреҳ чун абр дар пешона дорад.
Кадомин боди сард уро расида,
Ки ду чашми сиёҳаш ашк борад?

Ва ҳоло аз ғурури ман нишон нест,
Кучо он собирй, он бурдборй?
Дили санги маро чун хок карда,
Сиришкаш ҳамчу борони баҳорй…

Соли 1987.

Комментариев нет: