четверг, 30 октября 2008 г.

ҚИССА

Мисли абре, ки бигзарад танҳо
Нимашаб аз самои симинкуб.
Хира-хира зи хотирам бигзашт,
Ёди он нозанини шаҳрошуб…

Ман будам, у буду… шаби зебо,
Бар сари мо ситора мепошид.
Гулхани ишқ то биафрузем,
Бар дили мо шарора мепошид.

Ман будам, у буду шаби зебо,
Чирчиракҳо суруд мехонданд.
Ман чу домоду вай аруси ман,
Гуй бар мо дуруд мехонданд.

Оҳуи ман, аруси масти ман,
Хаста мешуд зи шухию бозй.
Дар канорам ба ноз мехобид,
Аз ману аз худу чаҳон розй.

Ҳарду розй будем аз тақдир,
К-инчунин бахти некамон дода:
Беғаму бегуноҳу бепарво,
Шодмону ҳалолу озода.

Мисли абре, ки бигзарад танҳо
Нимашаб аз самои симинкуб.
Хира-хира зи хотирам бигзашт,
Ёди он нозанини шаҳрошуб…

Ёдам омад, ки як шаби дигар,
Охирин бор лаб ба лаб мондем.
Байтҳои ҳазини ҳичронро,
Аввалин бор зери лаб хондем…

Соли 1980.

Комментариев нет: