четверг, 30 октября 2008 г.

ТЕЗТАР БОШ

Тезтар бош, баҳори дили ман,
Тезтар бош, нигори дили ман,
Тезтар бош, мадори дили ман,
Тезтар бош, барори дили ман.

Рози дил бо ту бигуфтам барвақт,
Бе ту як бор нахуфтам барвақт,
Ҳамчу бодом шукуфтам барвақт,
Тезтар бош, баҳори дили ман!

Бе ту озор кашидам бисёр,
Заҳри ағёр чашидам бисёр,
Ёри маккор бидидам бисёр,
Тезтар бош, нигори дили ман!

Суҳбати гарми туро мехоҳам,
Бодаи базми туро мехоҳам,
Синаи нарми туро мехоҳам,
Тезтар бош, мадори дили ман!

Бе ту шеърам тани бечон буда,
Хотирам сахт парешон буда,
Дафтарам холию ҳайрон буда,
Тезтар бош, барори дили ман!

Соли 1987.

Комментариев нет: