четверг, 30 октября 2008 г.

НИГОҲ

Он нигаҳ буд ва ё оташи дил,
Ки саропои маро месузонд?
Ё насиме, ки бароям имшаб,
Гушакй нағмаи зебо мехонд?

Гуиё мавчи сабуксайре буд,
Руи дарёи дилам мерақсид.
Бо насими нигаҳам меовехт,
Ҳамчу дасте ба рухам мелағжид.

Гуиё дастаи нури хуршед,
Хонаи зулмати ман равшан кард.
Сабзаву лола бируст аз дами у,
Хонаи сарди маро гулшан кард.

Гуиё бар гули пажмурдаи дил,
Рехт аз раҳмати ту бороне.
Дили ман чони наве боз гирифт,
Ханда зад бо ҳавасе пинҳонй.

Гуиё оинае буд, ки ман,
Дидам аз он ҳама бисёру камам.
Ваҳ, зи он оинаи равшани ту,
Шуд аёнй ҳама шодию ғамам!

Ҳарчй буд, он нигаҳи рангинат,
Байти беранги маро рангин кард.
Ҳарчй буд, он нигаҳи ширинат,
Талхии коми маро ширин кард.

Ҳарчй буд, он нигаҳи меҳрафруз,
Дар вучудам ҳама оташ афрухт.
Ҳарчй буд оташи чашмони сияҳ,
Fами танҳоии ман пок бисухт!

Ҳарчй буд, он нигаҳи пурэъчоз
Хоки ҳастии ман аз нав бисиришт.
Ҳарчй буд, он нигаҳат, боз намуд,
Аз бароям ҳама дарҳои биҳишт…

Соли 1980.

Комментариев нет: