четверг, 30 октября 2008 г.

ХУСА

Хушаеро то нигаҳбонй кунанд,
Дар хавоза хусае бигзоштанд.
Ошиқони хушаи раз бегумон,
Бими хуса дар дили худ доштанд.

Чист ин хуса? Ба сар дорад кулоҳ,
(Каллаи нобударо бошад паноҳ).
Чои дастон холие ду остин,
Чои поҳо почаҳои чубакин.

Куру кар, ҳам лолу ҳам ланг аст у,
Лек бо гундишк дар чанг аст у.
Чон надорад, офати чондорҳост,
Сурати бад мояи озорҳост.

Дидамаш ман баъди боде, субҳдам,
Уфтода бар замин чун бори ғам.
Селаи гундишкро озодие,
Дар сари ҳар хуша дорад шодие.

Хушаеро то нигаҳбонй кунанд,
Дар хавоза хусае бигзоштанд.
Ошиқони хушаи раз–мурғакон,
Бими хуса дар дили худ доштанд.

Ҳайратам аз бими мурғакҳо наяст,
Чунки ононро набошад ақлу ҳуш.
Дар шигифтам, з-он ки баъзан хусае,
Мерамонад одамонро чун вуҳуш.

Гарчй медонем, у чуз хуса нест,
Лек мехонем уро як худо,
Сабр месозем то боди ачал,
Афканад бар хок бунёди варо…

Соли 1987–1989

Комментариев нет: