Як пораи куҳ, як пораи дашт, як номи зебо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
На чоҳи мастон, на мостчо ҳаст, аз номи Маздо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Дар устуворй чун санг бошад, дар меҳрубонй
чун пахта нарм аст,
Ҳаргиз надорад бо хасм раҳме, бо дуст шайдо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Ҳарчанд дашташ зархезу зарбахш, ҳарчанд куҳаш
пурганч бошад,
Беҳ з-одамонаш ганче надорад, худ ҳаст тилло–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Бас шоиронаш гумном монда, кулли касонаш
шоирдилонанд,
Чун обшораш дорад ҳазорон абёти аъло–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Таърихи онро аз кас чй пурсй пурс аз куҳистон,
пурс аз мазорон,
Аз дижи мурғон, ҳам аз Зарафшон, ҳамсоли дарё–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Орият ин чо чизи асосист, чуз ваҳдат ин чо
майли дигар нест,
Як чузви точик, як мулки точик имрузу фардо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Соли 1990.
Мусохибаи Лилиан Попеску сармураббии «Нистру ва Кемал Аписпахич сармураббии
тими миллии Точикистон
-
Пас аз бозии Точикистон ва дастаи футболи Ниструи Молдав мураббиён
андешахои худро чунин баён намуданд: Лилиан Попеску – Ман хело хурсандам,
ки ба мо муяс...
2 дн. назад
0 коммент.:
Отправить комментарий