четверг, 30 октября 2008 г.

ҲАР ЧО, КИ МЕХОҲЙ, БИРАВ…

Ман кистам дар пеши ту? Ҳар чо, ки мехоҳй, бирав,
Шоҳо, манам дарвеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Гуфтам гули бехор ту, аз нуш бархурдор ту,
Монда ба чонам неши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

То дидамат дил бохтам, бо чон ба суят тохтам,
Вой аз дили бадкеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Як шоду сад ғам додай, як бусаю сад ғуссае,
Оҳ аз каму аз беши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Бигзор ман монам ҳазин, бо рашкҳои оташин,
Дар фикру дар андеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Ман ҳам хиёнат мекунам, ҳар чо, ки хоҳам меравам,
Бо ғайру ҳам бо хеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

24 августи соли 2004.

Комментариев нет: