четверг, 30 октября 2008 г.

СОДА

Дари ба руи ҳар касе кушодай,
Сари ба пои ҳар касе ниҳодай.
Ниҳон накарда дил ба сандуқи бадан,
Ба дасти ҳар кй хосташ, ниҳодай.

Туро ба ҳар кй бовар аст, бовар аст,
Шаҳу гадо ба чашми ту баробар аст.
Бадй чу дидаву накуй кардай,
Адуи шармзад туро бародар аст.

Туро муҳаббате ба чизу мол на,
Зи додаву гирифтаат малол на.
Агарчй нокасе шикаст шохаат,
Чу нахли босамар туро савол на.

Шукуфтай чу гул ҳамеша, ҳар кучо,
Зи ту ҳаловате бувад ба дидаҳо.
Зи оҳанодамон дилам рамидааст,
Ба суи ту равам, ба суи ман биё.

Соли 1986.

Комментариев нет: