"Дар лаби миррихиён лафзи дарй"
Марди ҳиндй гуфта бо сад боваре.
То дарй бошад забони модарй,
Миллати ман, з-осмонҳо бартарй.
Ин забон аз дарраҳо дорад нишон,
Ин забон аз даргаҳон созад баён.
Ин забон аз каҳ барад то Каҳкашон,
Ин забон бошад маъониро чу кон.
Войи мо, гар қадри он нашнохтем,
Модар ин чо, суи дигар тохтем.
Дилбар ин чо, бо дигар дил бохтем,
Аз дарй як кучагие сохтем.
Бояд онро боз бар маснад нишонд,
Бо дарй ҳарфу ҳичои тоза хонд.
Ин забони осмониро дигар,
Руи хоки хорию зорй намонд.
Видео онлайн. Точикистон – Кореяи Шимолӣ. соати 14.15 .
-
Имруз 11-уми март соати 14.15 бо вакти Душанбе тими миллии Точикистон бозии
дуюми худро дар мусобикоти Ҷоми даъвати AFC 2012 бо тими мунтахаби Кореяи
Шимол...
2 ч. назад
0 коммент.:
Отправить комментарий