четверг, 30 октября 2008 г.

Рехтахо

РАШК
На фақат рашки ман зи ағёр аст,
Бо худат ҳам туро натонам дид.
Балки баъзан ба паҳлуят худро,
Дида, аз рашк мешавам навмед.
ДОН ЖУАН ВА МАЧНУН
Бозй-бозй ба доми ишқ афтодам,
Ваҳшй будамо, чй роми ишқ афтодам.
Чун Дон-Жуане булҳавасй мекардам,
Мачнун шуда, бар саломи ишқ афтодам.
ЧАҲОНЕ ДАР ЧАҲОН
Беҳин ҳамдостон дорад, дили ман,
Азизи меҳрубон дорад, дили ман.
Ду дунёро ба як муяш нахоҳам,
Чаҳоне дар чаҳон дорад, дили ман.
Соли 2003.
******
Оҳ, як рузи чудоият, гули дил,
Чураатро бештар аз моҳу сол аст.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Буданам чун мурғаки бепарру бол аст.

Хона гарму бистарам нарм аст, лекин,
Пораи ях бошад ин дил, сарду сангин.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Нест дунё ин қадар зебову рангин.

Чуз хаёли диданат фикре надорад,
Ин саре, ки бешаи андешаҳо буд.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Зиндагии ман ҳама саҳву хато буд.

Дар табам аз оташи ҳичронат азбас,
Бе ту ҳазёнанд ҳарфи шеърҳоям.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Беҳтар он будй, ки бар дунё наёям…
Соли 2002.

Комментариев нет: