четверг, 30 октября 2008 г.

БА ҲУЗУРИ ЭШОНИ СИДДИҚХОН

Серам аз суҳбати авомуннос,
Назаре хос хоҳам аз ихлос.
Мани бе зиндапир сарсонам,
Маркаби хешро кучо ронам?
Дар шариат агарчй хурдастам,
Дар муҳаббат шароб хурдастам.
Чуз ту дар куй кас намебинам,
Деҳаро чуз қафас намебинам.
Зиндапиро, биёву дастам гир,
Хоҳ ҳушёр, хоҳ мастам, гир.
Эй ту якто нишонаи пирон,
Шонаи ту чу шонаи пирон.
Дуст гардон каминаро бо он,
Ки бувад дустиш човидон.
Мубтакири ҳама гунаҳ будам,
Русафеди дарунсияҳ будам.
Ришу муям кунун сафедастанд,
Ноумедй чаро? Умед астанд.
Он умеде, ки Бории Якто,
Бо гуноҳон намонадам танҳо.
Яди байзо намоядам дастат,
Кам нагардад ба роҳи ҳақ шастат.
Навсафар ҳастаму навоварде
Балки навдавлатею навдарде.
Шукри ин дардро чй сон гуям?
Ё ки ин ғам ба чй касон гуям.
Чуз ту ошиқтаре намебинам,
Чуз ту содиқтаре намебинам.
Июни 1994.
******
Худовандо, нигаҳ дорй қаду бозуи Сиддиқхон,
Барои мо, ки овардем ру бар руи Сиддиқхон.
Агар аҳли назар бошй, биёву ҳамраҳи мо бин,
Ҳазорон маънии пинҳон ба як абруи Сиддиқхон.
Димоғолудаи гулҳои бадбуем мо, варна,
Зи гулҳои биҳишт ояд, хаёлам, буи Сиддиқхон.
Ба оби Замзамаш ҳочат намемонад дигарбора,
Касе як қатра об хурдаст агар аз чуи Сиддиқхон.
Хароботи муҳаббатро сутуни охирине ҳаст,
Мабодо офате афтад ба хори куи Сиддиқхон.
Зи чаҳли хеш шарманда бишуд ин Чураи "оқил",
Нишаст то як нафас дар суҳбати дилчуи Сиддиқхон.
С. 1995.

Комментариев нет: