четверг, 30 октября 2008 г.

МАРСИЯИ ИЗЗАТМОҲ

Мехост Душанбе биравад дидани хоҳар,
Бар дидани он хоҳари бемори чу ахгар.
Бардошт ҳама тушаву савғоти муқаррар,
Биншаст ба мошини мани хокбасар.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Рафтем ба роҳи тарафи Бекобод,
Аз ғуссаву ғамҳои ду дунё озод.
Ногоҳ яке дев, ки хокаш барбод,
Дар сурати мошин ба сари мо афтод.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Мо чор нафар шудем дар боми бало,
Беҳушу хаёлу бедаму бепарво.
Ногоҳ ба ҳуш омада дидам, вайло,
Аз чархи нагун ба зери чарх Иззатмо…

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Монанди ҳилол гашта бадри руяш,
Олуда ба хуни хеш банди муяш.
Бар хок фуру камонаки абруяш,
Оваҳ, чи шуд он шамоили дилчуяш?!

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй вой тағоии ҳалимам, чй кунам?
Аз мотами "номи оча" нимам, чй кунам?
Эй янгаи чон, ғарқаи бимам, чй кунам?
Бинам рухатон ё ки набинам, чй кунам?

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Оисаи бемор, кучо шуд апаат?
Бобои ғариби ман, фано шуд апаат.
Мирзо, ту кучой, ки адо шуд апаат,
Сокина мапурс, чун хато шуд апаат…

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Бибии Зубайдамо, Фузайлу дигарон,
Аз модари зори худ чудову ҳайрон.
Не, не, на фақат чумлаи хешовандон,
Бар турбати у тамоми деҳа гирён.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй боча, Сабурию сабурй бояд,
Зеро ба сари мард ҳама чиз ояд.
Ин чархи куҳан фитнаи нав мезояд,
Кай буд гумон, ки моҳи рафта н-ояд?

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй модари ҳасратзадаи дилчокам,
Ҳамсоя ба духтари ако дар хокам.
Донй, ки чй гуна тир зад афлокам,
Имсол дубора хаставу ғамнокам.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй холиқи чаббор, ачаб дилсардй,
Бар хок задй гуле, ки худ парвардй.
Гул аз ту хазон, хазон шуд аз ту варде,
Тавба, тавба, ҳар он чй хоҳй, кардй!!!

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ!!!
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ!!!

Соли 1989.

Комментариев нет: