четверг, 30 октября 2008 г.

ҲУЧЧАТИ РАВШАН

(Ба ифтихори аллома Бобочон Fафуров)
Монда буд дар соҳили таърих чун санги сабур,
Обҳое дид софу ғажду шаҳдогину шур,
Ҳалқи халқаш буд андар ҳалқаи хасмони зур,
Миллати точикро аллома Бобочон Fафур,
Ҳуччате бахшид рушантар зи уқёнуси нур.

Ҳуччате, к-ин қавм андар хонаи худ зинда аст,
Бо суруду шеъру бо афсонаи худ зинда аст,
Ринди бепарвост, бо майхонаи худ зинда аст,
Бо шаробу соқию паймонаи худ зинда аст,
Лек мебояд варо нушидан аз чоми шуъур.

Ҳуччате, к-ин қавмро пушти пуру чони пур аст,
Лафзи поки у дарии бостони пурдур аст,
Резачини хони фазлаш Чингизу ҳам Темур аст,
Қисмати волову истиқболи беҳаш дархур аст,
Зинда-зинда гарчй уро борҳо карданд гур.

Ҳуччате аз ҳиччахониҳои девони муғон,
Ҳуччате аз шаҳрҳои монда зери хокдон,
Ҳуччате аз ҳафриёти шаҳрҳои бостон,
Ҳуччате аз гуфтаҳои ровиёни ҳар замон,
Точиконро "Точикон"-аш буд аз ҳарчй зарур.

Дар гузори бодҳо нури сирочаш ҳифз кард,
Санг бар сар хурду точик монду точаш ҳифз кард.
Асли ориёиро баҳри ниточаш ҳифз кард,
Дар ҳама ҳолат варо соҳибилочаш ҳифз кард.
Оқибат озод шуд ин халқи бонангу ғаюр.
Соли 1998.

Комментариев нет: