четверг, 30 октября 2008 г.

АБРИ САФЕД

Дар Баҳри Сияҳ сафедпайкар
Чун абри сафед дар осмон буд.
Бо нозу карашмаҳо шиновар,
Гуё ки парии обдон буд.

То он ки варо ба даст орам,
Ман шаст шудам ба об рафтам.
Дастам ба танаш расид ё не,
Бо лутфу зарофат у бигуфтам:

"Як бори дигар ба об шав ғарқ,
Аз чашми ту то ниҳон бигардам.
Он гоҳ агар ба дастам орй,
Аз чон ба ту меҳрубон бигардам".

Аз об чу сар бурун кашидам,
Бар чашм наменамуд дигар.
Олам ҳама дар назар сияҳ буд,
Fоиб чу бишуд сафедпайкар.

Ҳайҳот, дигар нагашт пайдо,
Гуё ки парии обдон буд.
Ман мондаму баҳр монду афсус,
Як абри сафед дар осмон буд.

Соли 1986.

Комментариев нет: