четверг, 30 октября 2008 г.

МАН ҲЕЧ ЧО НАМЕРАВАМ…

Ман бо шумо намеравам, эй тираобҳо
Донам паи харобии ободиҳо равед.
Ман ба шумо намеравам, эй тиразоғҳо,
Донам, ки сард мешавад, ҳар чо ки мешавед.

Даъват макун маро беҳуда, эй магас,
Бо боли ту ба ахтари мақсуд кай расам?
Аз роҳи худ намон, эй абри даргузар,
Бо ту басе муҳол ба дидори вай расам.

Эй аспи руд, зини ту дархури ман наяст,
Эй бод, хас наям, ки ман ҳамроҳият кунам.
Эй саг, агарчи содиқй, бо ман маё дигар,
Ҳам, эй ҳимор, дур шав, огоҳият кунам.

Эй дустони ман, ҳамаро ном бурдаам,
Гар хешро шинохтед, аз ман ҳазар кунед.
Ман ҳеч чо намеравам аз хилвати худй,
Омин, ки чумлагй сафари бехатар кунед!

7 январи соли 1990.

Комментариев нет: