Рузу шабҳо, рузу шабҳо,
Барф резад, барф резад.
Осмон монанди ғирбол,
Орд безад, орд безад.
Суфраи пурорд бошад,
Ин замон бинй заминро.
Суфраи бикшода гуё,
Аз барои кулли дунё.
Ин замон ояд ба ёдам,
Суфрабикшоии модар.
Ордбезй, нонпазиҳо,
Дасттанҳоии модар.
Ҳар хамираш кулча мепухт,
Меҳрубон модар бароям.
Гарчй серам аз ҳама чиз,
Гушнаи он кулчаҳоям…
Рузу шабҳо, рузу шабҳо,
Барф резад, барф резад.
Осмон монанди ғирбол,
Орд безад, орд безад.
Соли 1984.
Кореяи Шимолӣ ба Точикистон омад.
-
Дирӯз 26-уми феврал тими мунтахаби Куриёи Шимолӣ барои доир кардани бозии
охирини интихобии Ҷоми ҷаҳон бо дастаи мунтахаби мамлакат, ки рӯзи 29
феврал дар ...
1 час назад
0 коммент.:
Отправить комментарий