четверг, 30 октября 2008 г.

ШАҲИДОНИ ЧАНГ

Шаҳидон, шаҳидон, шаҳидони чанг,
Шумоед хуфта ба майдони чанг.
Нахезад дигар то ки шайтони чанг,
Намирад касе то ба дастони чанг!

Ба ёд оварему ба ёд оварем,
Шуморо, шаҳидони Чанги Кабир.
Шуморо, ки бо сина бигрифтаед,
Сипарвор пеши дами теғу тир.

Ба ёд оварему ба ёд оварем,
Шуморову гулҳои нашкуфтаро.
Ҳама орзуи надида амал,
Ҳам армони бар гурҳо хуфтаро.

Бувад ҳастии мо нишони шумо,
Ки имруз озоду бахтоварем.
Аз ин ру, шуморо, шаҳидони чанг,
Ба ёд оварему ба ёд оварем.

Сипоҳон, далерон, шаҳидони чанг,
Шумоед хуфта ба майдони чанг.
Нахезад дигар то ки шайтони чанг,
Намирад касе то ба дастони чанг!

20 феврали соли 1985.

Комментариев нет: