четверг, 30 октября 2008 г.

МАҲАЛПАРАСТ

Фориғ зи ғами миллат ғавғои маҳал дорад,
Дар мадҳи деҳу шаҳраш сад гуна мағал дорад.
Ҳарчанд ки парвозаш аз ҳавлй бувад то бом,
Хурсанд хуруси мо: дунё ба бағал дорад.

Соли 1986.

КИРМ ДАР ШАҲПАРАК НАМЕБИНАМ

Шаҳпараквор суи гулбарге,
Бол суям кушода меой.
Медиҳам чо туро ба точи сар,
Худ намеёбам аз фараҳ чое.

Ҳарчй дорам, ҳама фидои ту,
Нону чонам, шароби пинҳонам.
Дили худро чу дафтари ашъор,
Пеши чашмат кушода мемонам.

Ҳарчй мегуй, мекунам бовар,
Ба навои ту меравам арғушт.
Ҳеч бовар наметавонам кард,
Панчаи хайрбод гардад мушт.

Ҳама гуянд, ту суханчинй,
Шубҳа лекин набошад оинам.
Гарчй сисолаам, чу сесола,
Кирм дар шаҳпарак намебинам.

Соли 1987.

ОБУ ҲАВО

Чун об дар ҳаво ё чун ҳаво дар об,
Пинҳон ту дар манй, дар ту ниҳон манам.
Яъне ки зарраи ман ҳаст дар танат,
Яъне ки зарраи ту ҳаст дар танам.

Дар хандаҳои ту хандидани ман аст,
Дар хандаҳои ман хандидани ту ҳаст.
Дар нолаҳои ту нолидани ман аст,
Дар нолаҳои ман нолидани ту ҳаст.

Худ ишқи тозае бошад чаҳони нав,
Ин қавл мондааст аз Одаму Ҳаво.
Нашъунамои ишқ аз боҳамии мост,
Нахле чй мешавад бе обу бе ҳаво?

Дурй мачу дигар, аз ман марам дигар,
Ёди чудоиро аз сар бикун бадар.
Зеро, ки меравад аз дил ба зудиҳо,
Ҳар чизи хуб ҳам аз дида рафт агар.

Оҳе, ки мекашам аз дурият (мабод!),
Бошад ҳавои ту, к-аз дил шавад бурун.
Ашке, ки мечакад аз чашми интизор,
Симои ту бувад, к-аз дил равад бурун.

ИН ЧЙ РУЗИ СИЁҲЕ

(суруд)
Ин чй рузи сиёҳе,
Набинамат ба моҳе
Ба ҳоли зорам андоз
Ниго, ниго, нигоҳе.
Аз он чашмони масти
Сиё, сиё, сиёҳе.

Оҳо, оҳо, ёри ман,
Моҳи расо ёри ман.
Оҳо, оҳо, ёри ман,
Нуру сафо ёри ман.

Ман Юсуфам ба чоҳе,
Нишонам деҳ ту роҳе.
Ошиқ шудан набошад,
Гуно, гуно, гуноҳе.
Дар канори ту хоҳам,
Пано, пано, паноҳе.

Оҳо, оҳо, ёри ман,
Моҳи расо ёри ман.
Оҳо, оҳо, ёри ман,
Нуру сафо ёри ман.
Соли 1992.

СУЗАН

Дигар ту маро ба кофтан кай ёбй,
Дар тудаи коҳи хотират чун сузан.
Он гуна фаромуши худам гардидам,
Ҳайрон шудаям, ки хас бувам ё оҳан?

Чун ришта ҳамеша аз қафоям будй,
Дар чоку бахияи матои қисмат.
Ту канда шудию ман чудо афтодам,
Во фарёдо зи раъшаҳои қисмат.

Гар бо ту шукуфтарую хандон будам,
Бе ту бихурад занги ғамат андомам.
"Хушномаки ман, илоҳй садсола шавй",

Дар тудаи коҳи хотират гумномам.

ЧИЛЛАИ ЧИЛУМ

Абрҳо сухтаанд аз гармо,
Гармсер аст ,агар боде ҳаст.
Магасон сур ба по сохтаанд,
Булбулонро зи чаман ёде ҳаст?
Офтоби ҳама нуру гармй,
Суфии чиллаи тобистон аст.
Хомҳоро бипазонад, алъон,
Пири наздик суи Яздон аст.
Чиллаи чилуми тобистон аст,
Ки дар ин дайр нишинад Чура.
Дигарон пухта фитоданд вале,

Дили у ҳаст ҳанузам ғура

ДЕҲҚОНИ ПАХТА

Фидоят мешавам, деҳқони пахта,
Ало, эй куҳкан дар кони пахта.
Насиби ту шавад кай чойи ширин,
Зи дасти хусравони хони пахта.
Ба ту кунчора ҳам арзон надоданд,
Кай охир мехурй ту нони пахта?!
Набинй хандаҳои кудаконат,
Ба чуз аз чеҳраи хандони пахта!
Гиребони касеро ту нагирй,
Бувад дасти туву домони пахта.
Сиёҳат кард «тиллои сафед»-ат,
Шудй хуншор аз дандони пахта.
Ливерпулро намедониву нархаш,
Ало, бозории нодони пахта.
Ба ҳиллат мезанандат боз бар пушт,
Ало, эй Рустами майдони пахта!
Намеёрам, ки эй деҳқон, бубинам,
Сари сахти туву сандони пахта.
Баҳорон боз Русия равонй,

Зи чабри заҳмати арзони пахта!

Аз ишқи ман, аё зеботарини дил

Аз ишқи ман, аё зеботарини дил,
Ҳис мекунам дили ту сард мешавад.
Аз дуриҳои ту, эй навбаҳори умр,
Ин барги сабзи дил рузард мешавад.

Ҳис мекунам, ки чумлаи розу ниёзи ту,
Рубоҳи ман, ҳама найранг будааст.
Афсус, он дили бирешимнамот ҳам,
Дар асл сахттар аз санг будааст.

Ҳис мекунам, ки баъди он шабҳои нурбор,
Рузи маро чу номи ман хоҳй сиёҳ кард.
Мерониям дигар з-оғуши гарми хеш,
Ҳоли дили хароби ман хоҳй табоҳ кард.

Ҳис мекунам, навозиши ту руякй бувад,
(Гар гоҳ-гоҳ мерасад он ҳам ба ёди ту).
Бо дигарон табассуму бо банда хашмгин,
Кам мекунад муҳаббатам нози зиёди ту.

Ҳис мекунам, ки аз ҳушёриҳои ту,
Садчанд мешавад дигар девонагии ман.
Ҳис мекунам, ало, эй ишқи охирин,
Ту ҳам бало шавй дар зиндагии ман.
Соли 2003.

ҲАР ЧО, КИ МЕХОҲЙ, БИРАВ…

Ман кистам дар пеши ту? Ҳар чо, ки мехоҳй, бирав,
Шоҳо, манам дарвеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Гуфтам гули бехор ту, аз нуш бархурдор ту,
Монда ба чонам неши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

То дидамат дил бохтам, бо чон ба суят тохтам,
Вой аз дили бадкеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Як шоду сад ғам додай, як бусаю сад ғуссае,
Оҳ аз каму аз беши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Бигзор ман монам ҳазин, бо рашкҳои оташин,
Дар фикру дар андеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

Ман ҳам хиёнат мекунам, ҳар чо, ки хоҳам меравам,
Бо ғайру ҳам бо хеши ту, ҳар чо, ки мехоҳй, бирав.

24 августи соли 2004.

Рақс кун бо ҳар кй мехоҳад дилат

Ишқи ман қадре надорам пеши ту,
Пеши дигарҳо бирав ту баъди ин.
Мон, ки дар танҳой сузам зори зор,
Рав ба ағёрам бишав ёри қарин.

Масти чоми навчавонй айш рон,
Рақс кун бо ҳар кй мехоҳад дилат.
Ман ҳам оҳанги дигар сар мекунам,
Меканам дил аз туву аз маҳфилат.

Хуб медонам, ки бе ман хуштарй,
Дарбеҳи ночой ҳастам дар барат.
Розу шеърамро дигар қимат намонд,
Чо намеёбам дигар дар бистарат.

Бок набвад, хотиратро чамъ дор,
Ман нахоҳам шуд ширеши доманат.
Балки мехоҳам чавони содае,
Дуст дорад, дуст дорат чун манат.

Лек медон, эй азизи мусияҳ,
Муйи испедам нишони заъф нест.
Баъди ту танҳо нахоҳам монд, чун,
Бар сари ҳар муйи ман ҳам маъшуқест.

21 августи соли 2003, Хучанд.

ҲАМЧУ МАН НАМЕЁБЙ

Боз хобам намебарад имшаб,
Бе ту, эй беғами хоболуда.
Бистарам гушаи дузах бошад,
Сузам аз рашку гумон беҳуда.

Ба хаёлам, ки ба ғайри мани зор,
Бо ҳама халқи чаҳон ғамхорй.
Офтобиву манам чун ташна,
Ҳамаро ту бинвозию маро озорй.

Андаруни майи танҳоии шаб,
Хостам ғарқ кунам ёдатро.
Мастию аблаҳиямро бингар,
Моҳие ғарқ шавад дар дарё?…

Чй ачаб, ту чавон, ман пирам,
Чуфти ҳамсони хеш мекобй.
Беҳтар аз ман, илоҳй, ту ёбй,
Ба Худо, ҳамчу ман намеёбй!

Соли 2003.

БАҲОРИ СОБИҚ

Нигоҳи сарди ту дарди маро афзуд
Ду зоғе гуиё чашмони ҳайрони маро бо нулҳои оҳанини хеш
кобиданд.
Зи абри абрувонат барфи нафрат рехт,
Дилам ларзид чун сармозада аз боди бераҳми зимистонй,
Муҳаббат дар дилам ях баст.
Суханҳоят ба мисли найзаҳои ях, ки ногаҳ аз лаби боме ба фарқи
раҳгузар афтанд, асабҳои маро карданд хуншор.
Баҳори собиқи ман, ки зимистон гаштай, ҳуш дор,
агарчанде ки
бисёр аз манй безор,
дар оғушат бимирад Чураи зор!Соли 2003.

БОВАРАМ НАМЕОЯД

Надидам, ки ниҳоле боғбони хештанро аз навозишҳо кунад маҳрум,
Набишнидам, ки навгул бар даҳони андалебаш монда бошад мум.
Надиданду набишниданд ҳам ин ҳолро мардум.

Аз ин ру, ҳаргизам бовар намеояд, ки дастони маро аз решаву аз
танаву аз меваву аз шоху барги худ чудо созй.
Ва ҳам, эй навгули бустони ишқи ман, наояд боварам, ки
булбулатро бо тағофул бесадову бенаво созй.

Соли 2003.

Дар бистари ғарибиям

Дар бистари ғарибиям имшаби боронй,
Хобида буд духтари шоҳи парии Ишқ.
Беруни дар таронаи борон танин дошт,
Буд андаруни хонаам ҳарфи дарии Ишқ.

Дар муйи анбарини у буйи биҳишт буд,
Пеши бари кушодааш чои намози дил.
Чашмони нозпарвараш махмуру бусахоҳ,
Ҳайрони диданаш ҳаме чашмони бози дил.

Гуфто: чароғро бикуш, то хоб оядам,
Хуршеди руйи у вале хоби маро рабуд.
Монанди шеъри тозае дар сафҳаи сапед,
Кардам баёзи гарданаш аз бусаҳо кабуд.

Чун туҳфае ба рузадор аз пушти Куҳи Қоф,
Ду ноки у макидаму бастам даҳони худ.
Субҳ омаду ба гуши ман бонги азон расид,
Поён расид қисса ҳам, У буд ё набуд?!Рамазони соли 2002.

Рехтахо

РАШК
На фақат рашки ман зи ағёр аст,
Бо худат ҳам туро натонам дид.
Балки баъзан ба паҳлуят худро,
Дида, аз рашк мешавам навмед.
ДОН ЖУАН ВА МАЧНУН
Бозй-бозй ба доми ишқ афтодам,
Ваҳшй будамо, чй роми ишқ афтодам.
Чун Дон-Жуане булҳавасй мекардам,
Мачнун шуда, бар саломи ишқ афтодам.
ЧАҲОНЕ ДАР ЧАҲОН
Беҳин ҳамдостон дорад, дили ман,
Азизи меҳрубон дорад, дили ман.
Ду дунёро ба як муяш нахоҳам,
Чаҳоне дар чаҳон дорад, дили ман.
Соли 2003.
******
Оҳ, як рузи чудоият, гули дил,
Чураатро бештар аз моҳу сол аст.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Буданам чун мурғаки бепарру бол аст.

Хона гарму бистарам нарм аст, лекин,
Пораи ях бошад ин дил, сарду сангин.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Нест дунё ин қадар зебову рангин.

Чуз хаёли диданат фикре надорад,
Ин саре, ки бешаи андешаҳо буд.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Зиндагии ман ҳама саҳву хато буд.

Дар табам аз оташи ҳичронат азбас,
Бе ту ҳазёнанд ҳарфи шеърҳоям.
Бори дигар боварам омад, ки бе ту,
Беҳтар он будй, ки бар дунё наёям…
Соли 2002.

ОТАШИ ДОМАНГИР

Ту гуфтй, ки дар оғушам худатро мекунй нафрат,
Надорй ҳеч бар бусидану ламсиданам тоқат.
Чаро гуфтй, ки кайҳо ин дили рамзошно донист:
гул бо хори паҳлуяш ҳазорон сол ҳам бошад,
нахоҳад кард ҳеч одат.

Ту гуфтй, ки ба паҳлуят намехоҳй маро дар кучаҳо дидан
ва ҳамроҳам гуле аз кучабоғи ошиқон чидан.
Чаро гуфтй, ки ман ҳам хуб медонам:
раво набвад чароғи хирасузеро ба даври Меҳр гардидан.

Ту гуфтй, ки мани девона пеши мардум аз ту барҳазар бошам,
нигоҳи ишқборамро кунам пинҳон,
ба руи оташи сузони қалбам оби сарди ақлро пошам.

Чаро гуфтй, ки ин корест, к-аз дасти дили ошиқ намеояд
ва ин оташ ба ҳар обе намемирад.
Яқин донам, ки рузе оташи човиди ишқам
(балки дар рузи қиёмат ҳам!)
ба пеши мардуми олам
зи домони ту мегирад!

Соли 2002

ДАР БАҲОРЕ

Бору боре
дар баҳоре,
марғзоре
бо нигоре
беқароре
бо ҳазоре
зору зоре
дар каноре.

Бору боре
дар баҳоре,
куҳсоре,
бо нигоре
беқароре
бусу зорй
бешуморе.

Бору боре
дар баҳоре,
обшоре
бо нигоре
беқароре
бусаборе
обдоре
тобдоре.

Бору боре
бе нигоре
дар баҳоре
дар мазоре
пур зи хоре
хору зоре
хокборе
хоксоре…

Бору боре
ёдгоре
аз баҳоре
абрворе
ашк борй…Соли 1993.

БАҲОРЙ САРОПО…

Fаме ҳам надорй, каме ҳам надорй,
Ҳама сабзу хуррам, ачоиб нигорй;
Баҳорй саропо, саропо баҳорй!

Баҳорест куят, баҳорест буят,
Баҳорест руят, баҳорест муят,
Баҳорй саропо, саропо баҳорй!

Аё наврасида, аё навдамида,
Гуле аз ту ҳаргиз касе ҳам начида,
Баҳорй саропо, саропо баҳорй!

Бимирам ба поят, бимирам ба дастат,
Ба он қадду бастат, ба он чашми мастат
Баҳорй саропо, саропо баҳорй!

Яхе буд дили ман, туяш об кардй,
Тани хуфтаамро чу симоб кардй,
Баҳорй саропо, саропо баҳорй!

Парасту манам, ки зи сармо гурезам,
Туро мепарастам, ба гармо гурезам,
Баҳорй саропо, саропо баҳорй!

Соли 1989.

ДИЛБАРИ АРFУШТЙ

(Суруд)
Эй дилбари арғуштй,
Бо ғамза маро куштй.
Печонию сузонй,
Чун оташи зардуштй.

Эй дилбари арғуштй,
Арғуштата мехоҳам.
Имои ду абрую
Ангуштата мехоҳам.

Эй дилбари арғуштй,
Бо ғамза маро куштй.
Печонию сузонй,
Чун оташи зардуштй.

Чун дил ба тани саҳна,
По кубию по кубй.
Бо нозу адо кубй,
Зебою бачо кубй.

Эй дилбари арғуштй,
Арғуштата мехоҳам.
Имои ду абрую
Ангуштата мехоҳам.

Чашмон ба тамошоят,
Дилҳо ба таманноят.
Хоҳам нарасад чашме,

Бар он қаду болоят.

БО ТУ ГАР БИГЗАРАД ЧАВОНИЯМ…

Бо ҳама ранчу бо ҳама озор,
Нест қалбам зи ишқи ту безор.
Дустат дорам аз ҳама бисёр,
Ту ҳам, эй дуст, дустам медор.

Ҳардуи мо на тифли нодонем,
Ишқбозй чй ҳаст, медонем.
Пас чаро рашкро намеронем,
Чони худ дар азоб мемонем?!

Чй зарур аст дурию парҳез?
Аз ҳама су ба суи ман бигрез.
Дастҳоят ба гарданам овез,
Дар дилам шавқи тозае ангез.

Бо ту хуш бод меҳрубониям!
Бе ту бад бод зиндагониям!
Бо ту гар бигзарад чавониям,
Бо дусад марг човидониям!

Соли 1984.

РАШКАНДЕШ

Панчаҳоям, ки зи муҳоят чудоянд,
Нафратангезанд ҳамчун куҳнашона.
Чашмҳоям монда дур аз дидаҳоят,
Чуфти мурғакҳои маҳчуре зи лона.

Дар лабонам ғайри афсусе сухан на:
Бо чй руе хайрбодат гуфта бошанд?
Пойҳоямро намонда ҳеч қувват,
Аз паси кас то нагардам, хуфта бошанд.

Ҳар гаҳе бар сурати худ бингарам ман,
Гуиё дар оина бошад адуям.
Туф кунам бар руи у (ё бар рухи худ)
Ҳарчй донам носазо, уро бигуям.

Сар ба байни морҳои дастҳоям,
Бас пушаймон аст аз кирдорҳояш.
Чуфт буду тоқ шуд, чурми худаш буд,
Вой бар он шумии пиндорҳояш.

Ёри дуро, то даме ёри ту будам,
Гуй ёри бовафои хеш будам.
Ман чудоям аз туву аз хештан ҳам,

Ин сазои он, ки рашкандеш будам…

ШЕЪРИ ОЛЙ

Байти абру, байти чашмон,
Байти лабҳо, байти пистон.
Байти соқу байти дастон,
Эй, саропо шеъри олй,
Эй, саропо шеъри ҳассон!

То фаромушат насозам
Ҳамчу шеъри тозаэчод.
Байт-байтат хондам имшаб,
Байт-байтат кардам азёд.
Соли 1984.

Маро асир кун, асир дар бағал

Чу панчаҳои ток панчаҳои ту,
Хазида бар хавозаҳои чони ман.
Ба ноз такя додай тани базеб,
Ба дастҳои ман, ба бозувони ман.

Гузашт даври дуриву чудоиҳо,
Дар ин баҳор омадй канори ман.
Ба он сару ба дасту пои сабзи худ,
Маро ту сабз кун, ту, эй баҳори ман.

Далер нестй чаро? Далер шав, далер шав,
Бипеч дастро ба гарданам бипеч.
Маро асир кун, асир дар бағал,
Бипеч ҳамчу ток бар танам бипеч.

Далер шав, ки то хазони умри мо,
Fанимат аст ин ҳама баҳори ту.
Fанимат аст беқарориҳои ман,
Fанимат аст бусаву канори ту…

Соли 1983.

БАҲОРОН

Замин чун духтари навсина бошад,
Ки дорад дар навозиш дидаи чор.
Хати пушти лабашро сабз карда,
Ба суи у шитобон аст чубор.

Ва бо ангуштҳои бешумораш,
Навозиш мекунад у пайкари хок.
Ва хоки ташна бо лабҳои сузон,
Бибусад обро чун маъбади пок.

Маро ин ошиқй афсона бинмуд,
Ки обу хок ҳамоғуш ҳастанд.
Ба осонй ба васли ҳам расида,
Зи ҳампаймонагии хеш мастанд…

Баҳорон асту табъе шоирона,
Хаёли хуш, дили бекина дорам.
Хати пушти лабамро сабз карда,
Суроғи дилбари навсина дорам…

Соли 1984.

Оҳ, хоҳам, ки дароям пешат

Ёри беди таги тирезаи ту,
Мастаму лек чй ғамҳо дорам!
Сардбоде тани ман озорад,
Дар дилам лек чй гармо дорам!

Дорам уммед, чароғат хомуш,
Накунй, то наравам дилхаста.
Оҳ, хоҳам, ки дароям пешат,
Дару тирезаи ту бишкаста.

Лек хомуш чароғат гардид,
Охирин шуълаи уммедам мурд.
Оҳу афсуси дили ғамзадаро,
Боди беғам ба кучоҳое бурд…

Соли 1978.

ФАТҲ

Ту будй дастнорас қуллаи куҳ,
Вале ман куҳнаварди н-озмуда.
Каманде чуз нигоҳу теша чуз оҳ,
Маро дигар силоҳе ҳам набуда.

Ту будй дастнорас қуллаи дур,
Ба пои рои худ маҳкам ситода.
Намедидй чавони соддаеро,
Ба пеши пои ту сархам ситода.

Гаҳе бар фарқи ман чун сангреза,
Зи кибри ту басо дашном мерехт.
Гаҳе аз чашмаи чашмони ту лек,
Нигоҳи гарм чун инъом мерехт.

Агарчанде ки будам дилфитода,
Валекин руҳафтода набудам.
Расидан то сарат, эй қуллаи бахт,
Гаҳе мушкил, гаҳ осон менамудам.

Вале як шаб, ки чун фонус маҳтоб,
Ба суят раҳнамою раҳбарам буд.
Нигаҳ кардам, ки фотеҳи ту ҳастам,
Сари болои ту андар барам буд!
Соли 1984.

РУЗҲОИ ЗИНДАИ МАН

Як-ду рузи рафтаи ман зиндаанд,
Дар хаёлу дар дили як ошно.
Як-ду рузи умри ман тобандаанд,
Ҳамчу нури маҳфили як ошно.

Як-ду рузе, гуй, чун гугирдчуб,
Гулхане афрухта хомуш шуданд.
Як-ду рузам дар чаҳони зишту хуб,
Неку поку беҳтару воло буданд.

Як-ду рузе рузгорон созгор,
Бо мани масти чаҳоннодида буд.
Як-ду рузе аз чавонй комгор,
Дил муҳаббатҳои у варзида буд.

Бар китоби умри ман рузе ачал,
Нуқтаи таммат гузорад беибо.
Бок набвад, гар зи умрам соате,
Монда бошад дар дили як ошно.

Соли 1977.

ОРЗУЮ УМЕДИ САБЗИ МАН

Сабзчашмо, туй баҳори ман,
Ба чй кор оядам баҳори сабз?
Дар ҳама фасли сол меёбам,
Хешро сабз дар канори сабз.

Сабзчашмо, зи чашми сабзи туст,
Орзую умеди сабзи ман.
То туро ёфтам, бисабзидам,
Хуни сабзе тапонд набзи ман.

Ман ба чашми ту дида медузам,
Ҳамчу шаҳрй ба сабзаи куҳсор.
Дил зи андуҳ мешавад холй,
Аз фараҳ сина мешавад саршор.

Сабзчашмо, баҳори човидам,
Бо ту умрам хазон нахоҳад шуд.
Ишваю нозу рози ту бо ман,
Байту шеъру тарона хоҳад шуд.
Соли 1987.

ТЕЗТАР БОШ

Тезтар бош, баҳори дили ман,
Тезтар бош, нигори дили ман,
Тезтар бош, мадори дили ман,
Тезтар бош, барори дили ман.

Рози дил бо ту бигуфтам барвақт,
Бе ту як бор нахуфтам барвақт,
Ҳамчу бодом шукуфтам барвақт,
Тезтар бош, баҳори дили ман!

Бе ту озор кашидам бисёр,
Заҳри ағёр чашидам бисёр,
Ёри маккор бидидам бисёр,
Тезтар бош, нигори дили ман!

Суҳбати гарми туро мехоҳам,
Бодаи базми туро мехоҳам,
Синаи нарми туро мехоҳам,
Тезтар бош, мадори дили ман!

Бе ту шеърам тани бечон буда,
Хотирам сахт парешон буда,
Дафтарам холию ҳайрон буда,
Тезтар бош, барори дили ман!

Соли 1987.

БА ИШҚАТ МЕКУНАМ БОВАР

Ту аз дирузи ман огаҳ,
Ту аз имрузи ман огаҳ.
Ту ашъори маро хонй,
Ту асрори маро донй.

Вале чун мисраи Бедил,
Барои дил муаммой.
Ки дорад чилваи қадат,
Сад асрореву маъное.

Ҳаводонони чашми ман,
Набишносанд вазъатро.
Ки дар хуршеди ту сармост,
Дар ялдои ту гармо…

Бигирад лулии дастам,
Кафи дасти сафедатро.
Надонад фоли ҳолатро,
Зи оянда умедатро.

Ту аз дирузи ман огаҳ,
Надонам ҳоли дирузат.
Ту аз имрузи ман огаҳ,
Надонам ҳоли имрузат.

Вале ҳар гаҳ ки мебусам,
Лаби аз шаҳд ширинтар.
Зи лаззат чашм пушида,
Ба ишқат мекунам бовар!

Соли 1987.

МАЛАКҲО ҲАМ МАГАР ДОНИСТА БУДАНД?

Ту вақте ваъдаи дидор додй,
Малакҳо ҳам магар дониста буданд?
Ба чашми ахтарону моҳ имшаб,
Ҳарири абрҳоро баста буданд…

Малакҳо ҳам магар дониста буданд,
Ки имшаб меҳмонам мешавй ту.
Зи тору пуди барфи нав бириштанд,
Ба роҳат қолии испеди неку.

Ту худ ҳамчун малак, ҳамчун фаришта,
Дари байти маро нармак кушодй.
Саропоят чу бахт испеду хандон,
Қадам бар остони дар ниҳодй.

Дар оғуши ту донистам, ки будаст,
Ҳаётам бе ту чун фасли зимистон.
Биё, эй гармру, пазмонат астам,
Чу сармохурдае бар навбаҳорон…

Соли 1984.

Кй медонад баҳои бебаҳоро?

Ҳавои чеҳраи дилбар гирифта,
Гиреҳ чун абр дар пешона дорад.
Кадомин боди сард уро расида,
Ки ду чашми сиёҳаш ашк борад?

Сари хам рубаруи ман ситода,
Бигуяд зери лаб "беаҳд, беаҳд,
Ту боре н-омадй, сад бор мурдам,
Надонй қимати ашки зан, эй мард!".

Бале, ман қадри ашкашро надонам,
Кй медонад баҳои бебаҳоро?
Ҳамин донам, ки зан бо оби дида,
Нуму бахшад ниҳоли меҳри моро.

Ҳамин донам сиришки зан силоҳест,
Fурури мардро таслим созад.
Сиришк андар сиришти зан тилисмест,
Ки дилро беғашу бебим созад.

Ҳавои чеҳраи дилбар гирифта,
Гиреҳ чун абр дар пешона дорад.
Кадомин боди сард уро расида,
Ки ду чашми сиёҳаш ашк борад?

Ва ҳоло аз ғурури ман нишон нест,
Кучо он собирй, он бурдборй?
Дили санги маро чун хок карда,
Сиришкаш ҳамчу борони баҳорй…

Соли 1987.

ДАР ҲОШИЯИ АКСИ ЁДГОРЙ

Кучо шудй, барои ту мегирям,
Чу абр дар ҳавои ту мегирям.
Ба гиряҳои дигарон механдам,
Ба ёди хандаҳои ту мегирям.

Соли 1988.

ЗИЁРАТИ ДУШАНБЕ

Ба ин шаҳре, ки ҳар як кучаи он,
Бароям буду мемонад муқаддас.
Чу ҳочие ба суи каъбаи ишқ,
Зиёрат омадам, хушнуду сармаст.

Ба ман чун ошнои хуби дерин,
Чанористони шаҳр оғуш бикшод.
Шаробам дод борони баҳорон,
Чу барчоше ба фарқам жола афтод.

Нигоҳи ман ба сони гулпаракҳо,
Ба гулҳои равон биншасту биншаст.
Раҳораҳ мурғи илҳомам ғазалхон,
Ба кокулҳои зебо байт мебаст.

Лаби дарёи шухи шаҳр дидам,
Чу лаб бар лаб ҳазорон ошиқонро.
Дилам гум зад барои ошиқиҳом,
Ба ёд овардам он маҳбуби чонро…

Нишастам пас ба руи тахтасанге,
Ки тахти ишқи моён буд як вақт.
Чу ҳочие, ки бусад санги асвад,
Бибусидам лаби он тахт, он бахт…

Соли 1983.

ХОНАИ БЕЗАН

Чароғи бахт дар ин хона хомуш аст,
Ба доми анкабутон монда як парвона хомуш аст,
Наояд гармие аз болину бистар,
Дар оташдон набошад ғайри хокистар,
Чаро ин хонаи обод чун вайрона хомуш аст?!

Дар ин чо ҳарчй мебинй, ҳама афсурдаю беранг,
Дар ин чо ҳарчй мебинй, ғуборолудаю пурчанг,
Аз ин чо гуиё боди биёбонй гузар карда,
Ба ин чо чашми бадбине назар карда.
Ҳама бенур, беовоз, беоҳанг.

Сари танҳои марде гирд мегардад,
Ба ҳар тори вучудаш дард мегардад.
Ба ҳам месояд у лабҳои хушкашро
Ба ёд оварда он лабҳои оташро…
Дилаш аз зиндагонй сард мегардад.

Ба худ оҳиста мегуяд, ки: "Эй афсус,
Кучо шуд он чароғи зиндагиафруз?"
Чароғи бахт дар ин хона хомуш аст,
Ба доми анкабутон монда як парвона хомуш аст.
Худоё, хонаи обод чун вайрона хомуш аст!

Соли 1983.

ДАР СИЮМИН БАҲОРИ ХЕШ

Як баҳорон ман ба дунё омадам,
Ҳамчунон як лолаи нав бар чаман.
Сй баҳор аз дасти гулчини ачал,
Монда эмин лолаи ҳастии ман.

Об ояд ҳар гаҳе бар чуи хушк,
Ҳар баҳорон руҳи нав ояд ба тан.
Маст ояд булбуле бар шохсор,
Месарояд мурғаки илҳоми ман.

Духтаре аз чомааш берун шавад,
Мисли руд аз банди яхҳо дар баҳор.
Гуиё ки бори аввал дидаам,
Боз мегардад дили ман беқарор…

Гар ба зоҳир ҳамчу гул бишкуфтаам,
Нестам фориғ зи хори зиндагй.
Гоҳ бошад дар баҳорон ҳам хазон,
Ман ҳам огоҳам зи кори зиндагй.

…Як баҳорон ман ба дунё омадам,
Ҳамчунон як лола, аммо ҳасрато:
Як баҳорон меканад бо решааш,
Дасти гулчин лолаи умри маро.

Соли 1985.

СОДА

Дари ба руи ҳар касе кушодай,
Сари ба пои ҳар касе ниҳодай.
Ниҳон накарда дил ба сандуқи бадан,
Ба дасти ҳар кй хосташ, ниҳодай.

Туро ба ҳар кй бовар аст, бовар аст,
Шаҳу гадо ба чашми ту баробар аст.
Бадй чу дидаву накуй кардай,
Адуи шармзад туро бародар аст.

Туро муҳаббате ба чизу мол на,
Зи додаву гирифтаат малол на.
Агарчй нокасе шикаст шохаат,
Чу нахли босамар туро савол на.

Шукуфтай чу гул ҳамеша, ҳар кучо,
Зи ту ҳаловате бувад ба дидаҳо.
Зи оҳанодамон дилам рамидааст,
Ба суи ту равам, ба суи ман биё.

Соли 1986.

ДИЛБАРИ МАСТЧОҲЙ

(суруд)
Нақарот:
Рақс кун, чавлон бизан, эй дилбари мастчоҳй-е,
Шод мегардад дилам, ҳар гаҳ, ки ба рақс ой-е,
Садқаи чашмони чодуят мани савдой-е,
Ошиқи зорат шудам, аммо ту бепарвой-е.
Байт:
Ой дастон дорие, сафед чун ширмоҳй,
Ой, остина ба гардани кй мепартой?
Рубой:
Ой, ҳайрон шудаам, дилбар ба он арғуштот,
Ой, румолчара пинҳон мекунй дар муштот,
Ой, румолчара деҳ, ошиқи саргардонам,
Ой, шояд, ки ба дасти ман расанд ангуштот.
Нақарот:
Рақс кун, чавлон бизан, эй дилбари мастчоҳй-е,
Шод мегардад дилам, ҳар гаҳ, ки ба рақс ой-е,
Садқаи чашмони чодуят мани савдой-е,
Ошиқи зорат шудам, аммо ту бепарвой-е.
Байт:
Ой, остини тура ба дидаҳо мемолам,
Ой, эй кафтараке, зи диданат меболам.

Соли 1982.

ДУЗДИ ДИЛ

Баски аз ман ту чашм дуздондй
Чашм суят дигар намедузам.
Сухтам з-оташи алам он қадр,
Мушти хокистарам, намесузам.

Ба гумонат чй будаам охир?
Бусаи ройгони айёше.
Шишаи аз шароб холие,
Хандаи беибои авбоше.

Ту вале дар хаёли ман будй,
Гармтар з-офтоби зарринру.
Поктар з-обҳои куҳистон,
Аз ҳама нексуратон неку.

…Дер фаҳмидам ин ҳақиқатро,
Ки будй, булҳавас, ту дузди дилам.
Ман туро ҳеч гаҳ намебахшам,
Дузди зеботарини ин олам.

Соли 1984

НИГОҲ

Он нигаҳ буд ва ё оташи дил,
Ки саропои маро месузонд?
Ё насиме, ки бароям имшаб,
Гушакй нағмаи зебо мехонд?

Гуиё мавчи сабуксайре буд,
Руи дарёи дилам мерақсид.
Бо насими нигаҳам меовехт,
Ҳамчу дасте ба рухам мелағжид.

Гуиё дастаи нури хуршед,
Хонаи зулмати ман равшан кард.
Сабзаву лола бируст аз дами у,
Хонаи сарди маро гулшан кард.

Гуиё бар гули пажмурдаи дил,
Рехт аз раҳмати ту бороне.
Дили ман чони наве боз гирифт,
Ханда зад бо ҳавасе пинҳонй.

Гуиё оинае буд, ки ман,
Дидам аз он ҳама бисёру камам.
Ваҳ, зи он оинаи равшани ту,
Шуд аёнй ҳама шодию ғамам!

Ҳарчй буд, он нигаҳи рангинат,
Байти беранги маро рангин кард.
Ҳарчй буд, он нигаҳи ширинат,
Талхии коми маро ширин кард.

Ҳарчй буд, он нигаҳи меҳрафруз,
Дар вучудам ҳама оташ афрухт.
Ҳарчй буд оташи чашмони сияҳ,
Fами танҳоии ман пок бисухт!

Ҳарчй буд, он нигаҳи пурэъчоз
Хоки ҳастии ман аз нав бисиришт.
Ҳарчй буд, он нигаҳат, боз намуд,
Аз бароям ҳама дарҳои биҳишт…

Соли 1980.

ИШҚИ ТИРАМОҲЙ

Дар ин фасле, ки борон гиряҳо дорад,
Ману ту ҳамдигарро дуст медорем.
Дар ин шабҳо, ки маҳ камнур метобад,
Ба дидору чамоли ҳамдигар зорем.

Ману ту ҳамчу кудакҳои ҳамбозем,
Гаҳе қаҳрй ба ҳам, гаҳ оштй гардем.
Чу мо ҳамдарду ҳамроҳему ҳамрозем,
Ҳама носозгорй пушти сар кардем…

Вале тарсам, ки рузе меравй аз ман,
Чу файзи тирамаҳ аз домани саҳро.
Ва ҳамчун тоқабеди урён, беранг,
Гузориям ба сад андешае танҳо.

Расад рузе, ки аз шаҳди лабони ту,
Бароям ёди талхе ҳам намемонад.
Дигар аз байти чашмони сиёҳи ту,
Дилам шеъри муҳаббатро намехонад.

Соли 1978.

АБРИ САФЕД

Дар Баҳри Сияҳ сафедпайкар
Чун абри сафед дар осмон буд.
Бо нозу карашмаҳо шиновар,
Гуё ки парии обдон буд.

То он ки варо ба даст орам,
Ман шаст шудам ба об рафтам.
Дастам ба танаш расид ё не,
Бо лутфу зарофат у бигуфтам:

"Як бори дигар ба об шав ғарқ,
Аз чашми ту то ниҳон бигардам.
Он гоҳ агар ба дастам орй,
Аз чон ба ту меҳрубон бигардам".

Аз об чу сар бурун кашидам,
Бар чашм наменамуд дигар.
Олам ҳама дар назар сияҳ буд,
Fоиб чу бишуд сафедпайкар.

Ҳайҳот, дигар нагашт пайдо,
Гуё ки парии обдон буд.
Ман мондаму баҳр монду афсус,
Як абри сафед дар осмон буд.

Соли 1986.

БОВАРАШ Н-ОЯД, КИ УРО ЁФТАМ

Пуштаҳои ноумедй тай шуданд,
Ёфтам то чашмаи дидори у.
Об хурдам ман зи чашмони сияҳ,
Бишканад то ташнагии орзу.

То барояд куфти роҳҳои дур,
Сар ба зонуҳои у бинҳодаам.
То ба лабҳоям шароби буса дод,
Ихтиёрамро ба дасташ додаам…

Равшанию гармие бахшад ба дил,
Шуълаи хуршедии чашмони у.
Зулфи у дар панчаи ман бишканад,
Ҳамчу армони ману армони у.

Чашми ҳайрат духта бар чашми ман,
Рую муямро намояд даст-даст.
Бовараш н-ояд, ки уро ёфтам,
Бовараш н-ояд, ки манро ёфтаст…

Соли 1981.

Хоҳам бифишорамат дар оғуш

Имруз, ки дар баробари ту
Истодааму пареш ҳастам.
Хоҳам бифишорамат дар оғуш,
Кутаҳ бувадо, дареғ, дастам.

Имруз, ки дар баробари ту,
Дорад дили ман ҳазор савдо.
Аз бими чудоии аламнок,
Чашмони мананд ашкполо.

Имруз, ки дар баробари ту,
Чун ошиқи ту ситодаам ман.
Эй олиҳаи муҳаббати пок,
Сар бар қадамат ниҳодаам ман…

Мағрур зи ҳусни бебаҳоят,
Аммо чй кунам, маро набинй?
Чашмони ту суи осмонҳост,
Дигар чй кунам мани заминй?

Чуз он ки равам зи даргаҳи ту,
Бар куи дигар ниёз орам.
Ин дил, ки бибурдию бирондй,
Рузе бари дигараш супорам…

Соли 1981.

РОҲИ БА РОҲ

Роҳи ба роҳ меравам бо паи пойҳои ту,
Оҳи ба оҳ мекашам ҳар нафасе барои ту.
Суи ту ҳар қадар равам, ту дуртар равй чу моҳ,
Дар сари ҳар қадам шавад чону дилам адои ту.

Роҳи ба роҳ гулфишон, роҳи ба роҳ гулситон,
Аз дами мушкбори ту, аз дили доғ-доғи ман.
Роҳи ба роҳ буи ту, буи абири муи ту,
Ҳамраҳи бод мекунад атрфишон димоғи ман.

Роҳи ба роҳ орзу суи ту мекашад дилам,
Аз ҳама суи зиндагй суи ту мекашад дилам.
Роҳи дароз тушае гарчй надоштам, вале,
Кулчаи ширмолаи руи ту мекашад дилам.

Роҳи дили ту дуртар аз ҳама роҳҳои дур,
Тан надиҳад ба сахтиҳо ошиқи раҳпарасти ту.
Роҳи ба роҳ меравам бо паи пойҳои ту,
Роҳи ба роҳ мерасам бар дили дурдасти ту.

Соли 1981.

ТУ ДЕР ОМАДЙ

Ту истодай
Чун пайкари хаёл,
Дар рубаруи ман
Сар то ба по савол:
Бо он ҳама фиреб
Оё бубахшамат?
Андар биҳишти дил
Маъво бубахшамат?

Афсус бар ту бод,
Ишқат шуда хазон,
Ту дер омадй
З-оғуши дигарон.

Дар қасри ишқи ман
Ҳуре нишастааст,
Дарвозаҳои дил
Бар ғайр бастааст…

Соли 1982.

ДАР ХОБГОҲ

Назди тиреза, бевафо,
Биншастай бо дигаре.
Бар чони рашколуди ман,
Аз ханда дорй ханчаре.

Аз дидагони беғамат,
Суям нигоҳ андохта,
Сузониям, сузониям,
Бо ғайри ман дил бохта!

Он оташе, ки дар дилам,
Афрухтй, хомуш кун!
Безор бошй з-ишқи ман,
Рози дигарро гуш кун!

Назди тиреза, бевафо,
Биншастай бо дигаре.
Бар рағми ишқи поки ман,
Аз ханда дорй ханчаре…

Соли 1977.

ДИЛАМ ҲАМ КОFАЗИН МЕБУД…

Туро мехоҳаму хомушии шаб,
Ки ғайри мову маҳ дигар набошад.
Дар оғуши нигоҳи моҳи танҳо,
Нигоҳат бар нигоҳам меҳр пошад…

Ба ман будан намехоҳй, чй созам?
Натонистиям охир нағз дидан!
"Ман аз дасти ғамат мушкил барам чон
Вале дилро ту осон бурдй аз ман!"*.

Нигаҳҳои фиреболудаи ту,
Дили бедилбарам аз роҳ бурданд.
Лабонам ташнаи як буса буданд,
Вале аз ту шароби макр хурданд

Бисузон номаҳои ошиқиям
Ба ҳоли "ошиқи девонаат" ханд.
Тафохур кун, ба доми ҳиллаи худ,
Чавони шоире бинмудай банд!

Бисузондам даруни оташи пок,
Таоми номаҳоятро ба нафрат.
Дилам ҳам коғазин мебуд, бешак,
Ҳамесузондамаш бе ҳеч ҳасрат!
*Байт аз Ҳофиз

соли 1977.

БАЪДИ ТУ ДИГАР НАДОНАД ҲЕЧ КАС

Хоҳиши лабҳои хомуши маро
Fайри ту дигар надонад ҳеч кас.
Достонҳои нигаҳҳои маро,
Fайри ту дигар нахонад ҳеч кас…

Барқи чашмони сиёҳат нимашаб,
Хирмани андешаҳоям сухтаст.
Дар миёни хонаи танҳоиям,
Гулхани уммедро афрухтаст.

Гарми дидори диловези ту ҳаст,
Ин дили бо меҳри ту парвардаам.
Бо ниёзи марди танҳоизада,
Ру ба руи поки ту овардаам.

Моҳии сузону лағжони танат,
Бистари манро ба мавч овардааст.
Печутоби пайкари симини ту,
Дар дили ман инқилобе кардааст.

То саҳар месузад аз гармии шавқ,
Дар канори оташинат пайкарам.
Субҳдам аз равзана афтодааст,
Партави хуршед руи бистарам…

Хоҳиши лабҳои хомуши маро
Fайри ту дигар надонад ҳеч кас.
Достонҳои нигаҳҳои маро,
Fайри ту дигар нахонад ҳеч кас…

Соли 1980.

ҚИССА

Мисли абре, ки бигзарад танҳо
Нимашаб аз самои симинкуб.
Хира-хира зи хотирам бигзашт,
Ёди он нозанини шаҳрошуб…

Ман будам, у буду… шаби зебо,
Бар сари мо ситора мепошид.
Гулхани ишқ то биафрузем,
Бар дили мо шарора мепошид.

Ман будам, у буду шаби зебо,
Чирчиракҳо суруд мехонданд.
Ман чу домоду вай аруси ман,
Гуй бар мо дуруд мехонданд.

Оҳуи ман, аруси масти ман,
Хаста мешуд зи шухию бозй.
Дар канорам ба ноз мехобид,
Аз ману аз худу чаҳон розй.

Ҳарду розй будем аз тақдир,
К-инчунин бахти некамон дода:
Беғаму бегуноҳу бепарво,
Шодмону ҳалолу озода.

Мисли абре, ки бигзарад танҳо
Нимашаб аз самои симинкуб.
Хира-хира зи хотирам бигзашт,
Ёди он нозанини шаҳрошуб…

Ёдам омад, ки як шаби дигар,
Охирин бор лаб ба лаб мондем.
Байтҳои ҳазини ҳичронро,
Аввалин бор зери лаб хондем…

Соли 1980.