четверг, 30 октября 2008 г.

МАРСИЯИ НУРМУҲАММАД

Оғуштаи зулмат дили ғамдидаам имшаб,
Эй Нур, кучо рафтай аз дидаам имшаб?

Гуфтам, ки ба базмат бизанам қаҳ-қаҳи ханда,
Бар мотами новақти ту нолидаам имшаб.

Рамзе буда он муи сафедат ба чавонй,
К-андуҳи дилатро ҳама санчидаам имшаб.

Лабханди ту нақши абадй баст ба ёдам,
Бар ҳоли худу зиндагй хандидаам имшаб.

Бар тахтаи пуштат бификандаст ачали зур,
Бархостанат беҳуда поидаам имшаб.

Печонда туро чун ба кафан дидаам, эй дуст,
Тан дар кафани пуст бипечидаам имшаб.

Ҳеч аст ба пеши сухану суҳбати ёрон,
Як-як чу ҳама кори чаҳон чидаам имшаб.

Хомуш чарой, ки ҳама ғарқи фиғонанд,
Эй соҳиби хона, зи ту ранчидаам имшаб.

Фарзинсифато, аспи қазо дод фиребат,
Болои баландат ба замин дидаам имшаб.

Бошад, ки ба руҳат бирасад руҳи мани зор,
Ру ба рухи бечони ту молидаам имшаб.
8 сентябри соли 1994.

Комментариев нет: