четверг, 30 октября 2008 г.

ҚАСИДАИ ДИЛ

Аё дил, дар муҳаббат шармсорй
Хаёли дидани дидор дорй?
Дусад паймон ба паймона шикастй,
Чавоният гузашту бодахорй.
Ба чои кас хасе дидию оташ,
Шудй аз даст дода бурдборй.
Рафиқони қаторият қароранд,
Туй сарлашкари сад беқарорй.
Ҳимороне басо мошинсаворанд,
Ҳанузам ту савори як ҳиморй,
Басо шогирдҳот устод гашта
Туй устоди чашмони хуморй.
Бувад анборат аз тухми сухан пур,
Гаҳе тарбуз, гаҳе сабзй бикорй.
Гаҳ аз худ меравй он сон, ки афтй
Гаҳе ҳам соддаиву хоксорй.
Агар ёрон туро девона хонанд,
Аду омузад аз ту ҳушёрй.
Зи ту дар майкада суфитаре нест,
Туро майхора гуяд нобакоре.
Дар ин бозори аждарҳои баднафс,
Чу кирмак ношудию бебароре.
Фиреби рубаҳон то чанд хурдан,
Дило, шеро, биёвар ҳар чй дорй.
Хиёнатро макун ҳаргиз шиорат,
Амонатро чу охир месупорй.
Шифои комил аз ёри ҳақиқист,
Зи беморон чй мечуй ту ёрй.
Сиёсат чун муҳаббат гашт, эё дил,
Бувад маснад ғараз аз дустдорй.
Ҳама кас лоф аз ишқи Ватан зад,
Вале тарсам намемонад диёре.
Набишкаста ҳануз завлонаи по,
Шудем аз нав ғуломи ихтиёрй.
Ба Сомону ба сомонй бинозем,
Дарй гум кардааст аммо бухорй.
Бихоҳам ҳар чавони точикамро,
Чу Аҳмадшоҳ гурди сарбадоре.
Чавонмарди чаҳон хоҳй шуд, эй дил,
Самаквор ар биёмузй аёрй.
Хамуш, эй дил, сухан аз буда мегу,
Набошад вақти ашъори шиорй.
Мабур аз ин чаҳон, бар он чаҳон банд,
Ки доми ишқ беҳ аз растагорй.
Ба хоки пои ёрон шав нагунсор,
Кушад ғам, гар набошад ғамгусоре.
Ба девону париён кори ту нест,
Ва ононро набошад бо ту коре.
Зи деву аз парии дигаре тарс,
Ки бинмоянд худро ёри ғоре.
Бас аст, эй дил, насиҳат гуфтани ман,
Ки ҳастам сояи ноустуворе
Ту худ донй дигар хомуш кардам,
Забонро чуз ба "оре"-ву ба "оре"!
Ало дил, ҳар ду зору нотавонем,
Агар аз дуст набвад дасти ёрй.
Хушо, лутфаш битобад бар сари мо,
Ба сони офтоби навбаҳорй.
Ману ту бе ману ту монда он гоҳ,
Шавем маҳви чамолаш зарраворе…
18 .01.1998.

Комментариев нет: