Ту вақте ваъдаи дидор додй,
Малакҳо ҳам магар дониста буданд?
Ба чашми ахтарону моҳ имшаб,
Ҳарири абрҳоро баста буданд…
Малакҳо ҳам магар дониста буданд,
Ки имшаб меҳмонам мешавй ту.
Зи тору пуди барфи нав бириштанд,
Ба роҳат қолии испеди неку.
Ту худ ҳамчун малак, ҳамчун фаришта,
Дари байти маро нармак кушодй.
Саропоят чу бахт испеду хандон,
Қадам бар остони дар ниҳодй.
Дар оғуши ту донистам, ки будаст,
Ҳаётам бе ту чун фасли зимистон.
Биё, эй гармру, пазмонат астам,
Чу сармохурдае бар навбаҳорон…
Соли 1984.
Муъзали хатту забон; Саргузашти порсӣ дар Шӯравии пешин
-
24 баҳмани 1399 / 14 февриеи 2021
Аз нахустин талошҳо барои ислоҳу тағйири расмулхатти форсӣ беш аз сад сол
мегузарад, аммо боби ин баҳс ҳамчунон гушуда ас...
неделю назад
Комментариев нет:
Отправка комментария