четверг, 30 октября 2008 г.

ДУБАЙТИҲО

Чй бошам, гар ба дил ахгар набошад?!
Зи сузам доғ дар дафтар набошад?
Бисузонед, азизон, мурдаамро,
Агар бинед, хокистар набошад!
***
Туро аз сузи пинҳонам хабар нест,
Назар бар суи ин соҳибназар нест.
Нигоҳамро ба руи ҳамчу барфат,
Чу хуршеди зимистонй асар нест.
***
Шароби шеъри ту нушидаам ман,
Зи нашъа чашмҳо пушидаам ман.
Аё, Ҳофиз, чу оби сард будам,
Дар оташдони ту чушидаам ман.
***
Гаҳе гарму гаҳе сардат бубинам,
Гаҳе сурху гаҳе зардат бубинам.
Дар ин дунё, ки мардон камшуморанд,
Мабодо, дуст, номардат бубинам!
***
Дили ман ошиқи девонаи ту,
Дили ман мурғаки белонаи ту.
Ниҳон аз дусту душман валекин,
Бисузам, то насузад хонаи ту.
***
Ба ину он муросо кард точик,
Худашро боз эҳё кард точик.
Чу бошад точ, деҳе пойтахт аст,
Душанберо Бухоро кард точик.
***
"Агар бо моҳу ахтар ҳам шавй чуфт,
Ба зери хок охир боядат хуфт"–
Ҳадиси умрро дар тирамоҳон,
Хазон бо сабзаи навхез мегуфт.
***
Чавонй рафту мо парво накардем,
Ба суи орзу пар во накардем.
Пару боли чавонй рехт, уро,
Ба шамъи хирае парвона кардем.
***
Ду-се рузе ба ҳам омад раҳи мо,
Ба ҳам бигзашт субҳу бегаҳи мо.
Чу бороне, ки тобистон биборад,
Гуворо буд ишқи кутаҳи мо.
***
Ба айёми чавонй бас давидем,
Ба пирй по таҳи доман кашидем.
Ачаб дарёи ҳастй тангбар буд,
Аз он соҳил ба ин соҳил расидем.
***
Азизам, беҳтарини беҳтаронй,
Парие дар миёни духтаронй.
Туро танҳо намеёбам, чй созам,
Маҳи ман, доимо бо ахтаронй.
***
Лабони шаккарат бусида, мастам,
Ду гесуи тарат буида, мастам.
Мисоли ошиқи печон саҳаргаҳ,
Зи бистар ҳамраҳат руида, мастам.
***
Чу ман як ошиқи нодир надорй,
На дар ғоиб, на дар ҳозир надорй.
Пур аст аз номи покат дафтари ман,
Маро ту лек дар хотир надорй.

Комментариев нет: