Гарчй баъзан зиндагй бар дил занад,
Гавҳари чони маро бар гил занад,
Кори осонро ба сад мушкил занад,
Бар ҳама саъям хати ботил занад.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!
Гарчй ишқи аввалинам шуд хазон,
Чун ҳавасгулҳои айёми разон,
Рафт аз ман бар канори дигарон,
Монда бар дил бас ғаму дарди гарон.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!
Аблаҳе гар таъна бинмояд маро,
Ҳар кучо бинад, чу саг хояд маро,
Ё сари ҳар як қадам пояд маро,
З-у ба дил сад гуна ғам ояд маро.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!
Ҳаст дар дунё чароғе раҳнамо,
Гарчй пинҳон аст, меёбам варо,
Гарчй бошад дуру пурбиму бало,
Мерасам то манзили уммедҳо.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!
"Марг мушкил, зиндагй мушкилтар аст"–
Хизрро ин панд бар Искандар аст.
Дар чаҳони мо, ки мушкилпарвар аст,
Одам он бошад, ки тобовартар аст.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!
Соли 1990.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан
-
*Мардӣ набувад фитодаро пой задан*
*(Абуъабдуллоҳи Рӯдакӣ)*
Ъунвони ин матлаб фармудаи 1100-солаи ниёи мост. Мегӯяд, уфтодаро задан
нашояд ва агар з...
неделю назад
1 комментарий:
Люблю панду....ы.ы..ы
милые панды мешок здесь
http://hkpanda.freetzi.com
Отправить комментарий