четверг, 30 октября 2008 г.

АЗИЗАМ, ТОЧИКИСТОНАМ!

Туро бо чумла хубону бадонат дуст медорам,
Туро бо хушзабону баддаҳонат дуст медорам,
Туро бо бонишону бенишонат дуст медорам,
Туро бо осмону остонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Гаҳ аз ёрон, гаҳ аз ағёр лабрези фиғон гаштй,
Ба худ хело ниҳон гаштй, ба дунё то аён гаштй,
Гаҳе чун гул шукуфтию гаҳе мисли хазон гаштй,
Туро, эй модари чон, ҳар замонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Кашокашҳост баҳри тахти сангинат кашокашҳо,
Кушокушҳост баҳри точи зарринат кушокушҳо,
Кашонанду кушонандат басо хушҳову нохушҳо,
Туро ман ҳамчун тифли дилкашонат дуст медорам.
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Маро гар сар бурй, валлаҳ, зи хокат сар намепечам,
Гули печони ту ҳастам, ба ҳар кишвар намепечам,
Ту Лайлои манй, мани Мачнун ба ҳар дилбар намепечам,
Туро бо нозҳои чонситонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Зи қайду банди ҳар ғоя туро озод мехоҳам,
Зи қарзу фанди ҳамсоя туро озод мехоҳам,
Зи ҳарфу панди бепоя туро озод мехоҳам,
Ватанчоно, туро чун чонфишонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!
Соли 1993.

Комментариев нет: