Ин ишқ на он ишқ аст,
Ин Лайлй на он Лайлист.
ТАМҲИД
Эй бор Худои меҳрубонам,
Бикшой ба лутфи худ забонам.
То қиссаи куҳнаро нагуям,
То роҳи гузаштаро напуям!
УЗРИ БАДТАР АЗ ГУНОҲ
Эй руҳи бузурги пири Ганча,
Дорайн туро ба зери панча.
Эй Хусрави Деҳлавии точик,
Бе ахтари ту самост торик.
Эй пири бузургвор Чомй,
Бахшед, агар гузашт хомй.
Дар охири асри бист банда,
Назме гуяд барои ханда.
Ин ханда вале газанда бошад,
Танҳо на барои ханда бошад.
ОШИҚ ШУДАНИ ЛАЙЛЙ БА ҚАЙС
Ҳамдарс буданд ҳарду даҳ сол,
Ҳамсояву ҳамхисолу ҳамсол.
Лайлй зи қазо ду сум гум кард,
Бар чумлаи ҳамсабақ ҳучум кард.
Қайсе, ки зи соя меҳаросид,
Муште ба даҳон бихурду нолид.
Иқрор бишуд зи тарсу ларзон,
Даҳ сум бидод аз ғами чон.
Лайлии далер чун бақия,
Бар Қайс бидод ҳашт буса…
МАЧНУН ШУДАНИ ҚАЙС
Лайлй каратею нашша мезад,
Даҳ Қайс ба мисли пашша мезад.
Аз буи даҳон-ш Қайс беҳуш,
Лайлй ба карашма хест аз ру-ш.
Се рузу се шаб наёмадаш ҳуш,
Будй ба мисоли мурда хомуш.
Очиз зи илочи у табибон,
Безор зи панди у адибон.
Дар рузи чаҳор Лайлии чон,
Омад ба аёдаташ чу чонон.
Як буса ба Қайси нотавон дод,
У буду чу тифл доду фарёд.
Худро ба дару дарича мезад,
Фориғ зи ҳама: чй хубу чй бад!
Афтонд варову Лайлии маст,
Дар курсии зонувон-ш биншаст.
Он гуна бикард бусаборон,
Ҳар як чу ситенгерои афғон.
Он Қайс кунун бигашт Мачнун,
Аз хонаи тор рафт берун.
Лайлй худи гов ҳар кучо рафт,
Гусолаи Мачнун аз қафо рафт.
НИКОҲ
З-ин ҳоли писар падар шуд огоҳ,
Модар бигирист субҳу бегоҳ.
Рафтанд барои хостгорй,
Лайлй ба ризой гуфт: "Оре,
Ҳарчанд падар ба Саъд розист
Дил дил, дили ман, на чои бозист".
Худ туйи ачибаке биорост,
Аз хушку тараш қиёмате хост.
Дар ин шаби аввали арусй,
Лайлй бизадаш ҳазор бусе.
То субҳ дигар ба Саъд хобид,
Мачнуни гиёҳманд кай дид?!
ҲАЁТИ ХОНАВОДАГЙ
Чун бусу канор зад ба дилҳо,
Диданд дамида батни Лайло.
Чун тифли нахуст пой бигзошт,
Бобо зи баро-ш чой бигзошт.
Чун тифли дигар бизод Лайлй,
Бибй ба бақо намуд майле.
(Рафтанд ба ҳасратои бисёр,
Аз дасти ду наҳси пасти беор).
Пас Лайлию Мачнуни нагунбахт,
Бар хок заданд аз сари тахт.
Диданд, ки нони хурданй нест,
Дар дег хаёли руғане нест.
На сабзию на пиёз монда,
Яхдони тиҳй зи кор монда.
Гуфтанд кунун, ки кор бояд,
Андак ғами рузгор бояд.
Бояд, ки раванд говхона,
Ҳам кишт кунанд бебаҳона:
Лайлй таги гов пок мекард,
Мачнун дили хок чок мекард.
Лайлй чу ба бача сина медод,
Мачнун-ш зи рашк мебияфтод.
Лайлй, ки зи кор хаста мешуд,
Мижгони сиёҳ баста мешуд.
Он гуна ба хоб хур-хуре дошт,
Шаб буд барои Қайс чун чошт.
Лайлй чу ачина му кушодй,
Мачнун сари худ ба бод додй.
Лайлй ҳаваси либос мекард,
Мачнун зи тамоку нос мекард.
Лайлй қурутоби тунд мехурд,
Мачнун зи дами палов мемурд.
Лайливу ҳазор гуна дашном,
Мачнуну ҳавои бусаи хом.
Алқисса, заданд бар дили ҳам,
Гаштанд чудо–чй чои мотам?!
Лайлй чу ба хонаи падар рафт,
Мачнун паи Лайлии дигар рафт…
РУ ОВАРДАНИ ЛАЙЛЙ БА ДОДГОҲ
Лайлй ба ду тифли нозпарвар,
Дар хонаи волидон-ш чо кард.
Нон кам буду ҳам хуранда бисёр,
Занҳои бародарон-ш чун мор.
Ҳар лаҳза варо маломате буд,
Ҳар руз варо қиёмате буд.
Чун чомаи сабр-ш пора гардид,
Овора ба ҳар идора гардид.
Сад сафҳа сияҳ зи дасти шу кард,
В-он гоҳ ба додгоҳ ру кард.
МУРОФИА
Дар устали суд нишаст Мачнун,
Ҳам дида пуробу сина пурхун.
Гуфто, ки: "зи ишқ доду фарёд
Корам ба чунин ҳаром афтод.
На гов дуруст душад ин саг,
Кошона ҳамефурушад ин саг.
Чун мор ҳамеша заҳр пошад,
Бо шавҳари худ ба қаҳр бошад.
Азроили модарам ҳамин буд,
Бо раҳматии падар ба кин буд.
Гар ёбам аз ин бало раҳой,
Даҳ гов кушам, диҳам худой".
Лайлй ба сухан чу "лаъл" бикшод,
Оташ ба вучуди чумла афтод.
Гуфто: "Ҳама гар, ки ҳушёред,
Бо чиннии ман чй кор доред?
На ақл ба сар, на ҳуш дорад,
Худ гурба нашуд, ки муш дорад.
Дируз чавоб шуд зи Куктош,
Лаънат ба ҳазор пушти додош.
Девона варост маънии ном,
Вои мани русиёҳи ноком.
Садбарги маро хазон намудаст,
У ҳеч гаҳ ошиқам набудаст.
Бояд, ки варо ба дор овехт,
Дар гардани у эзор овехт!".
Мачнун, ки аз ин сухан барошуфт,
Бар ҳайати доварон чунин гуфт:
"Ин фоҳишае, ки сип-сиёҳ аст,
Гар ном бигирамаш гуноҳ аст.
Вақте ки будам ба чиннихона,
Мегашт ба Саъд маҳрамона.
Ҳам бачаи аввалинаш аз уст,
Ҳам бачаи охиринаш аз уст.
Ҳаргиз надиҳам ба у алимент,
Орад ба сарам агарчй сад мент!".
Лайлй ба мисоли шер ғуррид,
Мачнун ба мисоли оҳу тарсид.
Лайлй бигирифт аз гулуяш,
Он сон, ки парид ранги руяш.
Лайлй ба ду мушт мефуровард,
Мачнун дами сард мебаровард.
Мачнун, ки ба роҳи пурхато рафт,
Охир зи чаҳони мочаро рафт.
Лайлй ба милисаҳо ҳучум кард,
Довар ҳама дасту пош гум кард.
Диданд милисаҳо, ки Лайлй,
Бар куштанашон намуд майле.
Тире ба даҳони у нишонданд,
Мардум зи балои у раҳонданд.
Алқисса, ду қаҳрамони даврон,
Рафтанд аз ин чаҳон баармон.
Ноябри соли 1995.
Комментариев нет:
Отправить комментарий