Чароғи бахт дар ин хона хомуш аст,
Ба доми анкабутон монда як парвона хомуш аст,
Наояд гармие аз болину бистар,
Дар оташдон набошад ғайри хокистар,
Чаро ин хонаи обод чун вайрона хомуш аст?!
Дар ин чо ҳарчй мебинй, ҳама афсурдаю беранг,
Дар ин чо ҳарчй мебинй, ғуборолудаю пурчанг,
Аз ин чо гуиё боди биёбонй гузар карда,
Ба ин чо чашми бадбине назар карда.
Ҳама бенур, беовоз, беоҳанг.
Сари танҳои марде гирд мегардад,
Ба ҳар тори вучудаш дард мегардад.
Ба ҳам месояд у лабҳои хушкашро
Ба ёд оварда он лабҳои оташро…
Дилаш аз зиндагонй сард мегардад.
Ба худ оҳиста мегуяд, ки: "Эй афсус,
Кучо шуд он чароғи зиндагиафруз?"
Чароғи бахт дар ин хона хомуш аст,
Ба доми анкабутон монда як парвона хомуш аст.
Худоё, хонаи обод чун вайрона хомуш аст!
Соли 1983.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан
-
*Мардӣ набувад фитодаро пой задан*
*(Абуъабдуллоҳи Рӯдакӣ)*
Ъунвони ин матлаб фармудаи 1100-солаи ниёи мост. Мегӯяд, уфтодаро задан
нашояд ва агар з...
неделю назад
Комментариев нет:
Отправить комментарий