четверг, 30 октября 2008 г.

РУБОИЁТ

То кай нигаҳам бар рухи маҳтоб шавад?
Чашми ту ҳамеша моили хоб шавад?
Бикшо, ки вагарна аз дили сузонам,
Дарвозаи оҳанини ту об шавад…
***
Модар бидиҳад ба тифли худ огоҳй,
К-эй, бехабаро, марав ба ин бероҳй.
Сайёра ба зери теғи кудакҳояш,
Аз бими мамоти хеш ларзад гоҳе.
***
Лабҳои маро насиб лабҳои ту бод!
Оғуши маро насиб табҳои ту бод!
Дигар талабе набошадам аз дунё,
Чуз он, ки чунин низ таманнои ту бод!
***
Вичдон бо пули ҳаром пинҳон созад,
Ҳар сол зи нав хонаю айвон созад.
Монандаи кирми пилла дар охири кор,
Баднафс барои хеш зиндон созад.
***
Борони баҳору дидаи гирёнам,
Аброи қатору ишқи саргардонам.
Ҳар гоҳ ба ёди ту қалам меронам,
Дарди дили хастаро худам медонам…
***
Як панди маро бигир бар гуш имшаб,
Бархезу биё ба хона хомуш имшаб.
Андеша макун зи дори "кач дору марез",
Май овару май бирезу май нуш имшаб!
***
Мастона ба ғам итоб дорам имшаб,
Бо ҳамнафасон хитоб дорам имшаб.
Ин хона ҳамеша пуртараб бод, ки ман,
Паймонаи пуршароб дорам имшаб!
***
Ҳайфо ки гузашт айёми ошиқбозй,
Айёми чавонии зи мо норозй.
Бо ин ҳама серкорият бекорй,
Боре накашида бошй бори ноезе.
***
Ёре, ки маро сухт, насузад дигар,
Ишқе, ки маро буд, наояд аз сар.
Ошиқ шудан–ин аст чу тавлид шудан,
Ду бор касе н-омадааст аз модар.
***
Сузад, сузаде хонаи душман сузад,
Оне, ки туро бурид аз ман, сузад.
Эй кош, чуноне ману ту месузем,
Як лаҳза дили беғами раҳзан сузад.
***
Умре бори ишқи ту бурдам, бурдам,
Аз ишқи ту шаҳду заҳр хурдам, хурдам.
Пеш аз ту агар ки ман бимурдам–зистам,
Баъд аз ту, агар ки зинда мондам–мурдам.
***
Моро ба висоли худ расонй, омин!
Аз бодаи дидор чашонй, омин!
Нанвишта ҳуруф худ бихонй, омин!
Рози ҳамаро низ ту донй, омин!
***
Аз рузаву аз намоз мақсуд туй,
Аз зорию аз ниёз мақсуд туй.
Сар гоҳ ба афлок занам, гоҳ ба хок,
Дар пастию дар фароз мақсуд туй.
***
Аз муи сари рехта, афсус, афсус,
В-аз ҳалқаи бигсехта, афсус, афсус.
Ҳайфо, ҳайфо, чавонии бепарво,
Бар оҳуи бигрехта, афсус, афсус.
***
Эй мункири ишқ, мункири худ бошй,
На мухбири ҳақ, ки мухбири худ бошй.
Гар сачда ба хок мебарй, хокат бод,
Дар фикри либоси фохири худ бошй.
***
Ин киштаи мо кучо фано хоҳад буд,
Дар хирман агар, ки донаҳо хоҳад буд.
Боке набувад аз ин чаҳон даргузарем,
Фарзанд давоми умри мо хоҳад буд.
***
Дар коми қадам фуру барам раҳҳоро,
Дар коми қалам фуру барам дунёро.
Як чоми шароб чист? Бар ман мадиҳаш,
Дар коми дилам фуру барам дарёро.
***
Чуз шеър шароби дигаре нест маро,
Чуз сина кабоби дигаре нест маро.
Эй бехабарон, ба базми илҳом мудом,
Чуз хома рубоби дигаре нест маро.
***
Эй маҳрами роз, бо ту мебояд буд,
Эй маншаи ноз, бо ту мебояд буд.
Аз кутаҳии умр ба чое нарасем,
Эй зулфи дароз, бо ту мебояд буд!
***
Эй кош сари соқй саломат бошад,
Чонам ба кафаш чоми амонат бошад.
Аз ҳашру чазо агар суолам додй,
Чун бода тамом шуд, қиёмат бошад.
***
Бар хаймаи Хайём наоед имруз,
Бар дастаи куза сар насоед имруз.
Дар майкадаҳо намоз хонад зоҳид,
Риндон, риндон, шумо кучоед имруз?
***
Эй абри само, ахтари моро набарй,
Эй мурғи ҳумо, афсари моро набарй.
Мо чумла ба соҳилони ту саргардон,
Дарё, дарё, гавҳари моро набарй!
***
Гар қанд нашуд, ба фанд мебояд зист,
Гар пул набувад, ба панд мебояд зист.
Мегуфт ба ман ранчбари беганче,
"Бо ҳоли табоҳ чанд мебояд зист?".
***
Дар хонаи мо ба чои меҳмон–мизбон,
Дар кучаи мо хоча шуда раҳгузарон.
Мо даст ба бар, шукр ба лаб, чашм ба дар:
Аз ғайб ва ё ғайр мададро нигарон.
***
Нақше чу ту дар санъати суратгар нест,
Руи ту бидид ҳар касе, кофар нест.
Чашми ту ба хашм ронд бозам аз дар,
Бар душмани маст маро бовар нест…
***
Бо дарди ҳама хеш бувад синаи мо,
Пайваста вафокеш бувад синаи мо.
Зарбе, ки дигар нахурд, у мехурадаш,
Таҳкундаи садреш бувад синаи мо.
***
Он холаки пушти лабакат кушт маро,
Беҳуда мазан дигар ту бо мушт маро.
Хоҳй, ки маро зинда кунй бори дигар,
Суят биталаб ба нуги ангушт маро.
***
Гар нест ғаме, ба қадри шодй нарасем,
Гар нест куҳе, ба қадри водй нарасем.
Сармо набувад, ба ёд оташ нарасад,
Гармо набувад, ба қадри боде нарасем.
***
Руи ту зи ожанг ба монанди сада,
Аз майкада омадй ба андуҳкада.
Эй пир, чавониро кучо бохтай?
Роҳат ба кучост, муи ту ордзада?
***
По роҳи ту поид агар, хушбахт аст,
Ин дида туро дид агар, хушбахт аст.
Ин дил, ки ҳазор ишқро дармон буд,
Аз ишқи ту нолид агар, хушбахт аст.
***
Гуфтам, ки биё, баҳона кардй, афсус,
Имо тарафи дугона кардй, афсус.
Будй ту парастуи дилам як вақте,
Дар хонаи ман лона накардй, афсус.
***
Гузаштй аз раҳи полези Чура,
Чу тарбуз шуд дили хунрези Чура.
Барои ҳандалакҳои бари ту,
Фидо чони муҳаббатхези Чура.
***
Чаро имсол ёди мо накардй,
Раҳи саҳрои мо пайдо накардй.
Хаёлат ҳар шабе дар каппаи мост,
Хаёли Чураи танҳо накардй?
***
Дар ин саҳро мани дунёфаромуш,
Суруди чирчиракҳо мекунам гуш.
Валекин хомушакҳо мегазандам,
Маро дунё намесозад фаромуш.
***
Дигар дарборро аз ёд бурдам,
Хари сардорро аз ёд бурдам.
Даруни каппаи саҳроии худ,
Каму бисёрро аз ёд бурдам.
***
Мифтоҳи дари кушод бинем туро,
Хушбовару хушниҳод бинем туро.
Дар хонаи худ ба ёди кас менарасй,
Дар майкадаҳо зиёд бинем туро.
***
Ҳар кас ба хаёли худ Худое дорад,
Бо ёри хаёлияш сафое дорад.
Аммо ба чуз аз ёрии ҳақиқии ҳама,
Дидам ҳамаро майли чудой дорад.
***
Халқе ба ғуруби ту бимонда нигарон,
ман чун дигарон,
Падруд аё моҳи шарифи Рамазон,
эй роҳати чон.
Будй ту калиди тавба пинҳону аён,
мо пургунаҳон,
Хуш бошу ҳама зи интизорй бираҳон,
в-аз бори гарон.
***
То ошиқи дилбози ту ҳастем ҳама,
мастем ҳама,
Паймонаи ғофилй шикастем ҳама,
растем ҳама.
Дарёи азими нафс нопайдо буд,
биллоҳи азим,
Бо марҳаматат чу аҳд бастем ҳама,
частем ҳама.
***
Бо халқ ҳамеша ҳамъинон натвон буд,
Ҳам низ ба гушае ниҳон натвон буд.
Акнун, ки чу ҳалқа гашт пушти ману ту,
Сарҳалқаи риндони чавон натвон буд.
***
Аз сунниву аз шиъй мусулмон беҳтар,
Аз дуиву аз сей фақат он беҳтар.
Оне, ки ҳама халқи чаҳон они ваянд,
Онро бинишондан ба дилу чон беҳтар.
***
Оғуши дилам барои ту боз ҳамеш,
Боз ой ба хонаи худат, духтари хеш.
Чун сояи човидони ман меояд,

Ҳар чо, ки равам хаёли ту аз пасу пеш.

Комментариев нет: