четверг, 30 октября 2008 г.

ДУБАЙТИҲО

Зи дасти чоҳилони бефаришта,
Замин аз гури точик пушта-пушта.
Зи турку рус ҳаргиз ман нанолам,
Ба ғайри мо касе моро накушта!
***
Дареғи миллати бечораи мо,
Дареғи миллати овораи мо.
Кй бо ҳам ошно созад, азизон,
Дили чун обҳо садпораи мо?
***
Яке ру бар Кремлин оварад боз?
Ба Помир руҳи Ленин оварад боз?
Фаранг аз марксизм руй гардонд,
Мусулмон ру ба бедин оварад боз?
***
Ба масчид меравам, гапҳои дунёст,
Ба майхона равам, ғавғои дунёст.
Сари зоҳид, сари ринди харобот,
Худоё, чумла зери пои дунёст.
***
Ҳама чо меравй, баҳси сиёсат,
Гаҳ аз саъду гаҳ аз наҳси сиёсат.
Ҳама беақлҳо–ақли сиёсат,
Ҳама бешахсҳо–шахси сиёсат!
***
Ватан вайронаю обод чанде,
Ватан зиндонию озод чанде.
Аз ин рузи сиёҳе ҳаст оё,
Ватан мотамзада, дилшод чанде.
***
Сиёсатнома бинвиштанд чанде,
Хиёнатнома бинвиштанд чанде.
Ба номи миллату бар коми дарбор,
Чиноятнома бинвиштанд чанде.
***
Ватан вою Ватан вою Ватан вой,
Шаҳидонат ҳама хунинкафан, вой.
Гулистонро гирифта чанд зоғе,
Ҳазоронат гурезон аз чаман, вой.
***
Хазони дар баҳоратро бинолам,
Сарони нобакоратро бинолам.
Ватан мардони сустатро чй гуям,
Занони хору зоратро бинолам.
***
Ҳама бешу ками худ мехурем мо,
Ки теғи Рустами худ мехурем мо.
Fами халқони олам чумла хурдем,
Худоё, кай ғами худ мехурем мо?
***
Чй бошам, гар ба дил ахтар набошад?!
Зи сузам доғ дар дафтар набошад?
Бисузонед, азизон, мурдаамро,
Агар бинед, хокистар набошад!
***
Туро аз сузи пинҳонам хабар нест,
Назар бар суи ин соҳибназар нест.
Нигоҳамро ба руи ҳамчу барфат,
Чу хуршеди зимистонй асар нест.
***
Ту рафтй, ёри бепарво, намондй,
Маро чун шамъи бепарвона мондй.
Барои кй бисузам, чун ба қалбам,
Барои ҳеч кас парво намондй.
***
Касеро бо дили беғаш набинад,
Ва дар хуршед ҳам оташ набинад.
Чунон мағрури худ шуд нотавонбин,
Ки чуз паҳлуи бинияш набинад.
***
Ба по аз хори раҳ сад неш, рафтем,
Бишуд бори дили мо беш, рафтем.
Натарсад марди раҳ аз хору аз бор,
Далерона ба суи пеш рафтем.
***
Гаҳе гарму гаҳе сардат бубинам,
Гаҳе сурху гаҳе зардат бубинам.
Дар ин дунё, ки мардон камшуморанд,
Мабодо, дуст, номардат бубинам!
***
Чудо дилро зи ишқи ёва кардам,
Суроғи дилбари навбова кардам.
Сутурдам номи ту аз лавҳи сина,
Варо бо хуни дил андова кардам.
***
Дили ман–ошиқи девонаи ту,
Дили ман–мурғаки белонаи ту.
Ниҳон аз дусту душман валекин,
Бисузам, то насузад хонаи ту.
***
Ду чашмони сиёҳи ту бигиряд,
Адои ту, нигоҳи ту бигиряд.
Умеди ман, аруси дигарастй,
Дили ман дар никоҳи ту бигиряд.
***
Дилам сармаст аз чоми фараҳ буд,
Шароби ман зи чашмонат нигаҳ буд.
Зи оғуши биҳиштият бирондим,
Магар бусидани руят гунаҳ буд?
***
Манам шаббодаи саҳронадида,
Манам заврақчаи дарёнадида.
Кучо саҳро, кучо дарёст, эй дуст?
Манам як кудаки дунёнадида.
***
Намесузад дар ин маҳфил чароғам,
Набошад хуш дар ин манзил димоғам.
Намегунчам дар ин гулдони зебо,
Ки ман парвардаи саҳрою боғам!
***
Туро мехоҳам, эй маҳбуби дерин,
Туро мехоҳам, эй ишқи нахустин.
Агарчй шоду масрур астам имруз,
Туро мехоҳам, эй андуҳи ширин.
***
Зи банди ғуссаҳо вораста ҳастем,
Ба ҳусни зиндагй дилбаста ҳастем.
Ҳазар аз боди сарди чанг, мардум,
Чавонему гули навраста ҳастем!
***
Ту бо ҳусни худой бебаҳой,
Ба шодию ғами ман ошной.
Гурезонам аз он ёре, ки дорад,
Дили сангину дандони тилой.
***
На осон аст охир раҳ наваштан,
Паи худро ба сафҳи раҳ навиштан.
Яке бе пул гузашт аз байни дарё,
Дигар бо пул набитвонад гузаштан.
***
Надидй ранчи хору сурати хас,
Туро бошад табиат дастнорас.
Чй донй буи гулҳои чаманро,
Тамошои гули қолй туро бас!
***
Ту бо мо аҳду паймоне надорй,
Сари пуршуру туғёне надорй.
Бирав аз соҳили руди хурушон,
Чу андар сина туфоне надорй.
***
Барои чашми шаҳлои ту мирам,
Барои ҳусни волои ту мирам.
Надорам ишқи дунёй ба сар, лек,
Барои ишқи дунёи ту мирам!
***
Нигоҳам бо ту чун афтод, эй гул,
Намудй хотирамро шод, эй гул.
Агар васлат насиби ман набошад,
Fами ишқат насибам бод, эй гул!
***
Зи шавқу шурҳои норасоям,
Агарчй аз ту маҳчурам, чудоям.
Манам он мавчи аз соҳил рамида,
Яқин, бар пойбусат мебиёям…
***
Маро боре ба чашми дил надидй,
Начидй, донаи ишқам начидй.
Туро мехостам, эй мурғи ваҳшй,
Чаро беҳуда аз бомам паридй?!
***
Гаҳ аз бечонии худ нола кардам,
Гаҳ аз пешонии худ нола кардам.
Надонистам, ки бо як зумра беғам,
Ман аз нодонии худ нола кардам.
***
Расидам то баҳорон чонсупорон,
Расидам то баҳорон дустдорон.
Рухи зарди маро дидию гуфтй:
"Шукуфад қоқу ҳам дар навбаҳорон".
***
Баҳорону баҳорону баҳорон,
Ба оғуши ту афтодам шукуфон.
Бигу сад шукр мастиҳои манро,
Ба ҳушёрй намеёбиям осон.
***
Ҳанузам зиндадил бошию масрур,
Ҳанузам чашми фаттони ту махмур.
Хазонат гар чунин дилчуй бошад,
Баҳори ту нагунчад дар тасаввур.
***
Барои хотиреро шод кардан,
Бибояд ҳар нафас эчод кардан.
Зи ободонии даште бувад беҳ,
Биёбони диле обод кардан.
***
Гуруҳе он қадар мағрури чизанд,
Гумон доранд бар ҳар кас азизанд.
Вале бар осмон ҳам сар бароранд,
Тиҳй монандаи дуди ғализанд.
***
Гуруҳе ошнои мо набуданд,
Агарчанде чунин ҳам менамуданд.
Нашуд аз ганч чашми тангашон сер,
Ки чашми Рудакиро ҳам рабуданд.
***
Дили ман лаҳзае беғам гузашта,
Дилам аз баҳри бешу кам гузашта.
Сари зонуи ту осуда чанде,
Сари ман аз сари олам гузашта…
***
Ба боло мекашам ҳарчанд уро,
Ки ёбад қуллаҳои обруро.
Ба мисли об дорад, майли пастй,
Чй гуям дусти берангу буро?!
***
Шабе бе шеъри нав хуфтан надорем,
Ҳуқуқи роз бинҳуфтан надорем.
Чу дар гаҳвора Ҳофиз буд бо мо,
Ҳуқуқи шеъри бад гуфтан надорем.
***
Ҳақиқат чавҳари мардони пок аст,
Муҳаббат ахтари мардони пок аст.
Ҳунар бошад агар монандаи точ,
Ҳамоно бар сари мардони пок аст.
***
Саропо сап-сафед астй, зимистон,
Аруси бо умед астй, зимистон.
Бувад аз сардиҳоят гармии дил,
Баҳоронро навид астй, зимистон.
***
Сарамро майли оғозе намонда,
Диламро шавқи парвозе намонда.
Рубоби пайкарамро дард бишкаст,
Суруде, нағмае, созе намонда…
***
Замоне бо ту чому бодае буд,
Дилам бар ишқи ту омодае буд.
Пас аз рафтан шунидам, гуфтай ту:
"Ачаб афсонагуи соддае буд".
***
Бибусам аз лабонат, аз даҳонат,
Бибусам аз рухону аз забонат.
Бигардам ончунон ҳам бусамасте,
Наёбам сарҳисоби кокулонат.
***
Дар ин чо ман нигаҳбони ту мешам,
Азизам, моту ҳайрони ту мешам.
Дигар ишқе, дигар ёре нахоҳам,
Фақат ман Чураи чони ту мешам.
***
Агарчанде ки ранчидй, шабат хуш,
Ба руям боз хандидй, шабат хуш.
Гуноҳи ин дили девонаамро,
Ба як буса бубахшидй, шабат хуш!
***
Гуноҳи ҳар нигоҳамро бубахшед,
Гуноҳи сузу оҳамро бубахшед.
Агар бусидани ошиқ гуноҳ аст,
Гуноҳамро, гуноҳамро бубахшед.
***
Дигар танҳо набигзорам Шуморо,
Дигар ҳаргиз наозорам Шуморо.
Бидонад дусту душман аз ин шаб,
Шуморо дуст медорам, Шуморо!
***
Дар оташ мепазад хомии ҳар чиз,
Дар оташ мешавад нобуд ночиз.
Набошад нуқс дар оташниҳодон,
Набинй сояи хуршед ҳаргиз.
***
Дилам афсонагу: кай мебарой?
Каноратро бароям мекушой?
Гули гулдон надонад тамъи шабнам,
Баро аз хона, гар пазмони мой.
***
Нагардад ҳеч холй косаи мо,
Баравнақ бод базми хосаи мо.
Ба руи ҳарфи бад, ки душмани мост,
Бувад маҳкам дару дарвозаи мо.
***
Зи барқу бодҳо тарсида одам,
Замоне аз бало ваҳмида одам.
Чаро имруз аз худ меҳаросад,
Бузургии худиро дида одам?!
***
Барои буса зорам кардай, гул,
Ба доми ғам дучорам кардай, гул.
Кунун аз неши ман андеша бинмо,
Гуле будам, ки хорам кардай, гул.
***
Туро имруз ман нодида, афсус,
Гули васли туро ночида, афсус.
Fуруби офтоб асту малулам,
Гули рузам хазон гардида, афсус.
***
Ба чои пуст дар руяш кашад чарм,
Набошад дар ниҳодаш заррае шарм.
Шунидам, лоф мезад мумсике душ:
"Ҳаворо дуди муриям кунад гарм!".
***
Муҳаббат хостам, уро ҳавас буд,
Садоқат хостам, у чашмрас буд.
Касаш пиндоштам, рафтем дарё,
Шудам ман ғарқа, у монанди хас буд.
***
Гуруҳе гумраҳони камхурушанд,
Агар дунё битаркад ҳам, хамушанд.
Чунон яхбастаанд аз сардии дил,
Ки дар хуршед дорй ҳам, начушанд.
***
Ба зоҳир гарчй ҳаст олуфта, худком,
Диҳад з-олудагй гуфтор-ш пайғом.
Нагардад чирки дил тоза, агарчй,

Равй ҳар руз ҳам сад бор ҳаммом.

Комментариев нет: