Хирад помоли харҳо шуд, адаб бигрехт аз сарҳо,
Ҳазоронро забон бастанд: зоғонанду минбарҳо.
Шаробу банг авло шуд, китоб аз дастҳо афтод,
Ба чуз арқоми дахлу харч нанвисам ба дафтарҳо.
Ҳама чун мурғакон сархам ба фикри донаю обе,
Касе вақте надорад, ки нигаҳ созад ба ахтарҳо.
Дар ин маҳфил чй мечуй фасоҳатро, балоғатро,
Мусалсалҳо суханронанду наттоқанд ханчарҳо.
Гирифта мурии мо дудаи бухсу ғаму кина,
Ҳама чо дуд мепечад, гулугиранд озарҳо.
Бародарро бародар мекушад аз бухли дерина,
Сабақ кай мегирем аз қиссаи Юсуф, бародарҳо!
Зи "тиллои сафед" деҳқон ҳама гар корвон созад,
Кучо хоҳад расидан? Раҳзанон бошанд раҳбарҳо.
Ба бозори адолат нархи ҳақро долларе донанд
Зи довар бехабар ҳастанд ин бо ном доварҳо.
Зи харсанге мадад чуён, ба сутхоне намоз орем,
Чй ибрат мегиранд аз дини мо имруз кофарҳо?
Ҳичоби шарму иффатро ба коми оташ афканда,
Ба бонувон сабақхононанд ҳоло зумраи ғарҳо!
Ҳама дашном меборад ба унвонаш зи фарзандон,
Дилам сузад, дилам сузад, ба ҳоли зори модарҳо.
Пушаймонй зи ногуфтан басо сахт аст аз гуфтан,
Биё, Чура, гапи ҳақро бурун овар зи чодарҳо.
28. 12. 1998.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан
-
*Мардӣ набувад фитодаро пой задан*
*(Абуъабдуллоҳи Рӯдакӣ)*
Ъунвони ин матлаб фармудаи 1100-солаи ниёи мост. Мегӯяд, уфтодаро задан
нашояд ва агар з...
год назад
Комментариев нет:
Отправить комментарий