четверг, 30 октября 2008 г.

Бусагоҳе дигар намеёбам,

Руз то руз мешавам безеб,
Руз то руз мешавй зебо.
Руз то руз пир хоҳам шуд,
Руз то руз мешавй барно.

Меравад аз хаёлу аз дилҳо,
Номи ман ҳамчу ошиқи дерин.
Номи ту дар самои хотирҳо,
Мешукуфад чу хушаи Парвин.

Бусагоҳе дигар намеёбам,
Лаби ман сахт мезанад парсин.
Лаби ту лек шира мебандад,
Аз маи бусаҳои шаҳдогин.

Руз то руз мешавам безеб,
Руз то руз мешавй зебо.
Косаи ҳусни ту лаболаб бод,
Ҳар киро навбатест дар дунё…
Соли 1982.

Комментариев нет: