четверг, 30 октября 2008 г.

АНДАР ХАМИ ЯК КУЧА

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳануз андар хами як кучаем
.
МАВЛАВЙ.
Аз ишқ чу девона,
Бо ақл чу бегона,
Аз ҳеч кй парво на,
Аз ҳеч чй парво на,

Гуям ҳама дам: ё ҳу!
Гуяд қадамам: ё ҳу!
Гуяд қаламам: ё ҳу!
Чуби аламам: ё ҳу!
Ман ҳастаму ман, ё ҳу!
Ман ҳастаму ё ман ҳу!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

У дар ману ман дар у,
Чон дар тану тан дар у,
Гуяд агарам мегу
Ояд зи чигар ё ҳу!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Шере рамад аз оҳу,
Деве рамад аз абру,
Дар пои дили бадху,
Занчир шавад гесу.
Оҳу чу занад ё ҳу,
Абру чу занад ё ҳу,
Гесу чу занад ё ҳу,

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Дил мекашадам он су,
К-обаш бувад андар чу,
По мебарадам он су,
К-обаш набувад дар ру.
Гар дар қафасам, ё ҳу,
Монанди хасам, ё ҳу,
Ё мисли касам, ё ҳу,
Бонги чарасам, ё ҳу,
Дар ҳар нафасам, ё ҳу,
Бар дуст расам, ё ҳу.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Сар дар ҳарами зону,
Сар дар қадами зону,
Безор зи сад бону,
Безор зи сад чоду,
Аз ҳақ талабам як бу,
Аз ҳақ талабам як му,
Аз ҳақ талабам як су,
Аз ҳақ талабам як ру,
Аз ҳақ талабам як чу,
Аз ҳақ талабам як у!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Ман нестам, уяст, у,
У нест, манам у, у.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

У ман шудаву ман у…
Дор аст маро дору.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!
8 феврали соли 1994.

БА ҲУЗУРИ ЭШОНИ СИДДИҚХОН

Серам аз суҳбати авомуннос,
Назаре хос хоҳам аз ихлос.
Мани бе зиндапир сарсонам,
Маркаби хешро кучо ронам?
Дар шариат агарчй хурдастам,
Дар муҳаббат шароб хурдастам.
Чуз ту дар куй кас намебинам,
Деҳаро чуз қафас намебинам.
Зиндапиро, биёву дастам гир,
Хоҳ ҳушёр, хоҳ мастам, гир.
Эй ту якто нишонаи пирон,
Шонаи ту чу шонаи пирон.
Дуст гардон каминаро бо он,
Ки бувад дустиш човидон.
Мубтакири ҳама гунаҳ будам,
Русафеди дарунсияҳ будам.
Ришу муям кунун сафедастанд,
Ноумедй чаро? Умед астанд.
Он умеде, ки Бории Якто,
Бо гуноҳон намонадам танҳо.
Яди байзо намоядам дастат,
Кам нагардад ба роҳи ҳақ шастат.
Навсафар ҳастаму навоварде
Балки навдавлатею навдарде.
Шукри ин дардро чй сон гуям?
Ё ки ин ғам ба чй касон гуям.
Чуз ту ошиқтаре намебинам,
Чуз ту содиқтаре намебинам.
Июни 1994.
******
Худовандо, нигаҳ дорй қаду бозуи Сиддиқхон,
Барои мо, ки овардем ру бар руи Сиддиқхон.
Агар аҳли назар бошй, биёву ҳамраҳи мо бин,
Ҳазорон маънии пинҳон ба як абруи Сиддиқхон.
Димоғолудаи гулҳои бадбуем мо, варна,
Зи гулҳои биҳишт ояд, хаёлам, буи Сиддиқхон.
Ба оби Замзамаш ҳочат намемонад дигарбора,
Касе як қатра об хурдаст агар аз чуи Сиддиқхон.
Хароботи муҳаббатро сутуни охирине ҳаст,
Мабодо офате афтад ба хори куи Сиддиқхон.
Зи чаҳли хеш шарманда бишуд ин Чураи "оқил",
Нишаст то як нафас дар суҳбати дилчуи Сиддиқхон.
С. 1995.

ҚАСИДАИ ДИЛ

Аё дил, дар муҳаббат шармсорй
Хаёли дидани дидор дорй?
Дусад паймон ба паймона шикастй,
Чавоният гузашту бодахорй.
Ба чои кас хасе дидию оташ,
Шудй аз даст дода бурдборй.
Рафиқони қаторият қароранд,
Туй сарлашкари сад беқарорй.
Ҳимороне басо мошинсаворанд,
Ҳанузам ту савори як ҳиморй,
Басо шогирдҳот устод гашта
Туй устоди чашмони хуморй.
Бувад анборат аз тухми сухан пур,
Гаҳе тарбуз, гаҳе сабзй бикорй.
Гаҳ аз худ меравй он сон, ки афтй
Гаҳе ҳам соддаиву хоксорй.
Агар ёрон туро девона хонанд,
Аду омузад аз ту ҳушёрй.
Зи ту дар майкада суфитаре нест,
Туро майхора гуяд нобакоре.
Дар ин бозори аждарҳои баднафс,
Чу кирмак ношудию бебароре.
Фиреби рубаҳон то чанд хурдан,
Дило, шеро, биёвар ҳар чй дорй.
Хиёнатро макун ҳаргиз шиорат,
Амонатро чу охир месупорй.
Шифои комил аз ёри ҳақиқист,
Зи беморон чй мечуй ту ёрй.
Сиёсат чун муҳаббат гашт, эё дил,
Бувад маснад ғараз аз дустдорй.
Ҳама кас лоф аз ишқи Ватан зад,
Вале тарсам намемонад диёре.
Набишкаста ҳануз завлонаи по,
Шудем аз нав ғуломи ихтиёрй.
Ба Сомону ба сомонй бинозем,
Дарй гум кардааст аммо бухорй.
Бихоҳам ҳар чавони точикамро,
Чу Аҳмадшоҳ гурди сарбадоре.
Чавонмарди чаҳон хоҳй шуд, эй дил,
Самаквор ар биёмузй аёрй.
Хамуш, эй дил, сухан аз буда мегу,
Набошад вақти ашъори шиорй.
Мабур аз ин чаҳон, бар он чаҳон банд,
Ки доми ишқ беҳ аз растагорй.
Ба хоки пои ёрон шав нагунсор,
Кушад ғам, гар набошад ғамгусоре.
Ба девону париён кори ту нест,
Ва ононро набошад бо ту коре.
Зи деву аз парии дигаре тарс,
Ки бинмоянд худро ёри ғоре.
Бас аст, эй дил, насиҳат гуфтани ман,
Ки ҳастам сояи ноустуворе
Ту худ донй дигар хомуш кардам,
Забонро чуз ба "оре"-ву ба "оре"!
Ало дил, ҳар ду зору нотавонем,
Агар аз дуст набвад дасти ёрй.
Хушо, лутфаш битобад бар сари мо,
Ба сони офтоби навбаҳорй.
Ману ту бе ману ту монда он гоҳ,
Шавем маҳви чамолаш зарраворе…
18 .01.1998.

Хирад помоли харҳо шуд

Хирад помоли харҳо шуд, адаб бигрехт аз сарҳо,
Ҳазоронро забон бастанд: зоғонанду минбарҳо.
Шаробу банг авло шуд, китоб аз дастҳо афтод,
Ба чуз арқоми дахлу харч нанвисам ба дафтарҳо.
Ҳама чун мурғакон сархам ба фикри донаю обе,
Касе вақте надорад, ки нигаҳ созад ба ахтарҳо.
Дар ин маҳфил чй мечуй фасоҳатро, балоғатро,
Мусалсалҳо суханронанду наттоқанд ханчарҳо.
Гирифта мурии мо дудаи бухсу ғаму кина,
Ҳама чо дуд мепечад, гулугиранд озарҳо.
Бародарро бародар мекушад аз бухли дерина,
Сабақ кай мегирем аз қиссаи Юсуф, бародарҳо!
Зи "тиллои сафед" деҳқон ҳама гар корвон созад,
Кучо хоҳад расидан? Раҳзанон бошанд раҳбарҳо.
Ба бозори адолат нархи ҳақро долларе донанд
Зи довар бехабар ҳастанд ин бо ном доварҳо.
Зи харсанге мадад чуён, ба сутхоне намоз орем,
Чй ибрат мегиранд аз дини мо имруз кофарҳо?
Ҳичоби шарму иффатро ба коми оташ афканда,
Ба бонувон сабақхононанд ҳоло зумраи ғарҳо!
Ҳама дашном меборад ба унвонаш зи фарзандон,
Дилам сузад, дилам сузад, ба ҳоли зори модарҳо.
Пушаймонй зи ногуфтан басо сахт аст аз гуфтан,
Биё, Чура, гапи ҳақро бурун овар зи чодарҳо.
28. 12. 1998.

БА БОБИ FАЗАЛҲО

Сар чун задам бар ҳар даре худро пушаймон ёфтам,
Бар ҳар саволам посухе танҳо зи Қуръон ёфтам.
Чустам биҳишти гумшуда дар куи ину он басе,
Осоиши ҳар ду чаҳон дар куи имон ёфтам.
Мушкилкушои бандагон ишқи илоҳй будааст,
То дил ба меҳраш бастаам, сад мушкил осон ёфтам.
Хондам ҳазорон достон аз бостон то ин замон,
Фарқи ҳақу ботил фақат аз файзи Фурқон ёфтам.
Дил сабзаи навруста буд андар биёбони талаб,
Лутфи худовандй, бубин, чун резаборон ёфтам.
Аз хамри бадбу лояқил, чун хар бимондам по ба гил,
Аз оби шайтон растаам, то май зи раҳмон ёфтам.
Бо кимиёи шукри у мисам ҳама тилло бигашт,
Сармояам то сабр шуд, бозори арзон ёфтам.
Эй Чураи чуёи ҳақ, бо ман биё, гуфто Салаф,
Дар ҳар сабақ, дар ҳар варақ илҳоми Яздон ёфтам.
28. 12. 1998.

ҲУЧЧАТИ РАВШАН

(Ба ифтихори аллома Бобочон Fафуров)
Монда буд дар соҳили таърих чун санги сабур,
Обҳое дид софу ғажду шаҳдогину шур,
Ҳалқи халқаш буд андар ҳалқаи хасмони зур,
Миллати точикро аллома Бобочон Fафур,
Ҳуччате бахшид рушантар зи уқёнуси нур.

Ҳуччате, к-ин қавм андар хонаи худ зинда аст,
Бо суруду шеъру бо афсонаи худ зинда аст,
Ринди бепарвост, бо майхонаи худ зинда аст,
Бо шаробу соқию паймонаи худ зинда аст,
Лек мебояд варо нушидан аз чоми шуъур.

Ҳуччате, к-ин қавмро пушти пуру чони пур аст,
Лафзи поки у дарии бостони пурдур аст,
Резачини хони фазлаш Чингизу ҳам Темур аст,
Қисмати волову истиқболи беҳаш дархур аст,
Зинда-зинда гарчй уро борҳо карданд гур.

Ҳуччате аз ҳиччахониҳои девони муғон,
Ҳуччате аз шаҳрҳои монда зери хокдон,
Ҳуччате аз ҳафриёти шаҳрҳои бостон,
Ҳуччате аз гуфтаҳои ровиёни ҳар замон,
Точиконро "Точикон"-аш буд аз ҳарчй зарур.

Дар гузори бодҳо нури сирочаш ҳифз кард,
Санг бар сар хурду точик монду точаш ҳифз кард.
Асли ориёиро баҳри ниточаш ҳифз кард,
Дар ҳама ҳолат варо соҳибилочаш ҳифз кард.
Оқибат озод шуд ин халқи бонангу ғаюр.
Соли 1998.

ШИКОЯТ БА РУҲИ ФИРДАВСЙ

Чаҳон пурфиреб асту озору бим,
Надонад касе қадри табъи салим.
Намонда сухансанчи бедордил,
Шуда порсй боз хору залил.
"Басо ранч бурдй дар он сол сй,
Ачам зинда кардй бад-он порсй".
Гуруҳе зи авлодат, эй арчманд,
Кунун порсиро басо душмананд.
Ба номи ту фахранду з-Ирон қимоб,
На турку на точик, на хоканду об.
На фахре зи миллат, на аз дину кеш,
Ҳаме банд ҳастанд дар чайби хеш.
На фарри каёниву на Рустамй
Зи худ дуру бегонаро ҳамдаме.
Зи "Шаҳнома" буе набурда яқин,
Сарон пур зи бод асту дилҳо зи кин.
Меҳанро пароканда карданд худ,
Ба бегонагон банда карданд худ.
Ало, руҳи Фирдавсии беназир,
Ба ин бехирадҳо ту хурда магир.
Яке шаб ту бар хоби онон даро,
Ва андар сарошон яке барсаро:
"Ҳама чои Ирон сарои ман аст
Чу неки бади он барои ман аст",
Ки шояд сари хирасарҳои дун,
Яке бозгардад зи роҳи чунун.
Дигар порсиро ба ёд оваранд,
Ба арвоҳи Тусй ниёзе баранд.
Соли 1994.

АЗИЗАМ, ТОЧИКИСТОНАМ!

Туро бо чумла хубону бадонат дуст медорам,
Туро бо хушзабону баддаҳонат дуст медорам,
Туро бо бонишону бенишонат дуст медорам,
Туро бо осмону остонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Гаҳ аз ёрон, гаҳ аз ағёр лабрези фиғон гаштй,
Ба худ хело ниҳон гаштй, ба дунё то аён гаштй,
Гаҳе чун гул шукуфтию гаҳе мисли хазон гаштй,
Туро, эй модари чон, ҳар замонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Кашокашҳост баҳри тахти сангинат кашокашҳо,
Кушокушҳост баҳри точи зарринат кушокушҳо,
Кашонанду кушонандат басо хушҳову нохушҳо,
Туро ман ҳамчун тифли дилкашонат дуст медорам.
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Маро гар сар бурй, валлаҳ, зи хокат сар намепечам,
Гули печони ту ҳастам, ба ҳар кишвар намепечам,
Ту Лайлои манй, мани Мачнун ба ҳар дилбар намепечам,
Туро бо нозҳои чонситонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Зи қайду банди ҳар ғоя туро озод мехоҳам,
Зи қарзу фанди ҳамсоя туро озод мехоҳам,
Зи ҳарфу панди бепоя туро озод мехоҳам,
Ватанчоно, туро чун чонфишонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!
Соли 1993.

ЗАБОНИ ОСМОНЙ

"Дар лаби миррихиён лафзи дарй"
Марди ҳиндй гуфта бо сад боваре.
То дарй бошад забони модарй,
Миллати ман, з-осмонҳо бартарй.

Ин забон аз дарраҳо дорад нишон,
Ин забон аз даргаҳон созад баён.
Ин забон аз каҳ барад то Каҳкашон,
Ин забон бошад маъониро чу кон.

Войи мо, гар қадри он нашнохтем,
Модар ин чо, суи дигар тохтем.
Дилбар ин чо, бо дигар дил бохтем,
Аз дарй як кучагие сохтем.

Бояд онро боз бар маснад нишонд,
Бо дарй ҳарфу ҳичои тоза хонд.
Ин забони осмониро дигар,
Руи хоки хорию зорй намонд.

КАЙ?

Дусту душман шиносему ба худ оем кай?
Дар Ватан, эй ҳамватан, бо ҳам биосоем кай?

Шамъи дин аз боди кин афсурд дар дилҳои мо,
Холисан бар даргаҳи ҳақ чабҳа фарсоем кай?

Посбони остони мо ҳама бегонагон,
Ёри чонро ҳамчунон бегона мепоем кай?

Эй басо Кайҳо, ки кайҳо додаем аз даст мо,
Пойбанди ҳасрати даврони Кайҳоем, кай…

Ҳар яке деворсон даври Бухорои сағир,
Ҳамчун Исмоили Сомонй биистоем кай?

Ҳаст вируси маҳалбозй адуе ошкор,
Ин адуи хонаро қувват наяфзоем кай?

Чураи Мирзои Юсуф чураи ҳар точик аст,
Ҳар сари точикро бо точ ороем кай?
Соли 1998.

ИМТИҲОНИ БАНДАГОН

Рузаи фархундагон, хуш омадй,
Имтиҳони бандагон, хуш омадй.

Тира будй бо дусад хуршед умр,
Эй чароғи зиндагон, хуш омадй.

Мо чу сагҳо бастаи занчири нафс,
Хочаи ин бандагон, хуш омадй.

Иблис аз руи ту нобино шуда,
Машриқи тобандагон, хуш омадй.

Эй басо санги диле мум кардай,
Нексози гандагон хуш омадй.

Чураё, бар даргаҳи султони ҳақ,
Бо ҳама шармандагон, хуш омадй.
ОМАДАНД
Зиндадилон, зиндадилон омаданд,
Марду занон, пиру чавон омаданд.

Мардуми аз дида ниҳоне буданд,
Хонаи худ боз аён омаданд.

Хок ба чашмони ҳасудон заданд,
Сураи ихлос дамон омаданд.

Беҳтару меҳтар бишавад ин Ватан,
Суи меҳан чумла меҳон омаданд.

Ваҳдати Точик абадзинда бод,
Чумла маҳал қуввати он омаданд!

Душмани сулҳ аст дигар шармсор,
Толиби он хурду калон омаданд.

Сулҳ пазируфт чу Эмомалй,
Носири у халқи чаҳон омаданд.

Зулмат аз ин марз ба якбора рафт,
Нурии ҳақ нурфишон омаданд.

Чони наве боз ба чисмам давид,
Чониби чон Тураи чон омаданд.
Соли 1997.
Мурғи чон парпарзанон паҳлуи чонон омада,
Рузи қурби ҳасти Инсон суи Яздон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Лутфи ҳақ борандатар аз абри найсон омада,
Мушкилоти муъминон бисёр осон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Хуш ба он кас аз гуноҳонаш пушаймон омада,
Аз паи омурзиши ҳақ зору нолон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Кофар аз чамъияти мо моту ҳайрон омада,
Вақти ҳампоии ин қавми парешон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Санги ҳочиён ба фарқи шарри шайтон омада,
Гоҳи пирузии ҳар фарди мусулмон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!
Соли 1997.

БАРҚИ СУРХ

Барқи сурхе дар самои Шарқи сабз,
Дар авал чун нури умеде намуд.
Рушанй андохт бар зулматсаро,
Ростй, чун бахти испеде намуд.

Сухт дунёи ситамгарҳо чу хас,
Бо имои барқдори аввалин.
Рамзи некиву ҳақиқат гашта буд,
Дар забону гушҳо номи Ленин.

Баъдҳо аз осмон поён бишуд,
Оташе бар хирмани деҳқон бизад.
Дафтару хат, саллаи олим бисухт,
Эй басо сарҳои зур осон бизад.

Бар забонҳо уфтодй баъд аз он,
Ҳарфро, алфозро дунима кард.
Чун фаранчй урфу расми ирсиро,
Бар даҳони оташинаш туъма кард.

Курабарқи уфтода бар замин,
Ҳолиё мобайни мо дар гардиш аст.
Бояд онро боз бурдан бар само,
Курабарқеро кй мегирад ба даст?
Соли 1989.

СУРУДИ МАСЧОҲ

Як пораи куҳ, як пораи дашт, як номи зебо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
На чоҳи мастон, на мостчо ҳаст, аз номи Маздо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Дар устуворй чун санг бошад, дар меҳрубонй
чун пахта нарм аст,
Ҳаргиз надорад бо хасм раҳме, бо дуст шайдо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Ҳарчанд дашташ зархезу зарбахш, ҳарчанд куҳаш
пурганч бошад,
Беҳ з-одамонаш ганче надорад, худ ҳаст тилло–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Бас шоиронаш гумном монда, кулли касонаш
шоирдилонанд,
Чун обшораш дорад ҳазорон абёти аъло–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Таърихи онро аз кас чй пурсй пурс аз куҳистон,
пурс аз мазорон,
Аз дижи мурғон, ҳам аз Зарафшон, ҳамсоли дарё–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Орият ин чо чизи асосист, чуз ваҳдат ин чо
майли дигар нест,
Як чузви точик, як мулки точик имрузу фардо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Соли 1990.

ДАР ҚАЛАМРАВИ МАСЧОҲ

Зарраи парешонам дар қаламрави Масчоҳ,
Бо касе намемонам дар қаламрави Масчоҳ,
Ошиқи ҳама ҳастам, бо ҳама хушу мастам,
Боз дилпурармонам дар қаламрави Масчоҳ.
Шукри ҳамдиёронам, боз шукри ёронам,
Руи раҳ намемонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз канори у рафтам, чун гираҳ бишуд роҳам,
Мушкил аст осонам дар қаламрави Масчоҳ.
Зодаи куҳистонам, фотеҳи биёбонам,
Дил кашад ба Бустонам дар қаламрави Масчоҳ.
Ошиқона нолонам, содиқона хандонам,
Оқилона нодонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз ду-се палидонаш, пайравони шайтонаш,
Доимо пушаймонам дар қаламрави Масчоҳ.
Деви зулмати ғафлат даргурез аз ман бош,
Машъали фурузонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз фиребу аз найранг, эй Худо, начотам деҳ,
Муҳри меҳр хоҳонам дар қаламрави Масчоҳ.
Халқи ориятдораш ориёии аслист,
Ҳар деҳаш як Иронам дар қаламрави Масчоҳ.
Дурри ман набишносад гавҳарии аъмояш,
Мефурушад арзонам дар қаламрави Масчоҳ.
Чор фасли дилчуяш навбаҳорро монад,
Булбули хушилҳонам дар қаламрави Масчоҳ.
Ҳуш дар қадам донам, ғуссаю алам донам,
Ҳар гаҳе қалам ронам дар қаламрави Масчоҳ.
На фаришта на шайтонам, на парию ҳайвонам,
Чура, марди яздонам дар қаламрави Масчоҳ.
18 январи соли 1997.

ПАҲЛАВОНИ СУХАН

Барои Амони Нур
Як суханро ба гуфтаи мардум
Сесаду шасту шаш бувад паҳлу.
Паҳлуяш солҳо наёсоид,
То шавад паҳлуе аёни у.

Паҳлавонию тозию туркй
Паҳлугардон намуд сад қомус.
Паҳлавонй ҳалоли у бодо,
Гашт бар кулли вожаҳо пируз.

Шаст солаш зи умр бигзашта,
Рузи у бал зи сол ҳам афзун.
Устоди сухан Амони Нур,
Лайлии ҳарфро абад Мачнун…
Соли 1998.

НАХУШКАД ШОХАИ ДАСТОНИ МОДАР!

Чу набвад тифл даври хони модар,
Бимонад дар гулуяш нони модар.

Биларзад чони ман, чонаш биларзад,
Барои он, ки ҳастам чони модар.

Савоби мо, гуноҳи мо ба душаш,
Қавитар нест аз имони модар.

Ҳама шодии олам ҳеч бошад,
Ба чашмам бе лаби хандони модар.

Чаҳон бе меҳрубон модар чаҳим аст,
Биҳиште ҳаст дар даврони модар.

Ба тифлй бодаи бе дарди сар буд,
Шароби соғари пистони модар.

Барои он, ки руи тифл бинад,
Басо гирад ачал домони модар.

Бубахшад ройгон чонаш ба моён,
Худоро нест ин эҳсони модар.

Намонад ҳеч гаҳ бе меваи умр,
Нахушкад шохаи дастони модар!
Соли 1984.

ЯК ЗУМРА МОДАРОЗОРОН

Заҳ кашад аз ашки модар пойдевори шумо,
Вой бар ҳоли шумо, бар чордевори шумо!

Сахт механдед андар базму мастй мекунед,
Зор мегиряд зи ҳичрон модари зори шумо.

Барфи муяш мешавад ҳар лаҳзае бисёртар,
Сард бошад то кучо рафтору кирдори шумо?!

Чашмҳояш хирабинтар, хирабинтар мешаванд,
Монда маҳрум баски аз хуршеди дидори шумо.

З-он ки хомушии хона маҳрами розаш шуда,
Гушҳо вазнин, вале пазмони гуфтори шумо.

Бе асо аз чо намехезад, мадораш рафтааст,
Модаре, ки буд як умре мададгори шумо.

Чокҳои чеҳрааш ожанг не, ожанг не,
Балки буда захмҳои хори озори шумо.

Заҳ кашад аз ашки модар пойдевори шумо,
Вой бар ҳоли шумо, бар чордевори шумо!
Соли 1982.

Дасттанҳоии модар

Рузу шабҳо, рузу шабҳо,
Барф резад, барф резад.
Осмон монанди ғирбол,
Орд безад, орд безад.

Суфраи пурорд бошад,
Ин замон бинй заминро.
Суфраи бикшода гуё,
Аз барои кулли дунё.

Ин замон ояд ба ёдам,
Суфрабикшоии модар.
Ордбезй, нонпазиҳо,
Дасттанҳоии модар.

Ҳар хамираш кулча мепухт,
Меҳрубон модар бароям.
Гарчй серам аз ҳама чиз,
Гушнаи он кулчаҳоям…

Рузу шабҳо, рузу шабҳо,
Барф резад, барф резад.
Осмон монанди ғирбол,
Орд безад, орд безад.
Соли 1984.

БАРГЕ ДАР ИНТИЗОРИ МАРГ

Ман он барги зардам ба марг интизор,
Намонам ҳамеша дар ин шохсор.

Ба гарди ҳаводис биёлудаам,
Зи сардии поиз бияфсурдаам.

Дили нозукам гашт акнун дурушт,
Ба чуз оби ҳасрат надорам ба мушт.

Бихушкида рагҳо ба андоми ман,
Тиҳй аз майи умр шуд чоми ман.

Дигар баргҳо рафтаанд аз барам,
Кадомин шамоле расад бар сарам?

Ман он барги зардам ба марг интизор,
Зи хоки сияҳ ёбадам навбаҳор…
15 ноябри соли 1995.