четверг, 30 октября 2008 г.

АНДАР ХАМИ ЯК КУЧА

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳануз андар хами як кучаем
.
МАВЛАВЙ.
Аз ишқ чу девона,
Бо ақл чу бегона,
Аз ҳеч кй парво на,
Аз ҳеч чй парво на,

Гуям ҳама дам: ё ҳу!
Гуяд қадамам: ё ҳу!
Гуяд қаламам: ё ҳу!
Чуби аламам: ё ҳу!
Ман ҳастаму ман, ё ҳу!
Ман ҳастаму ё ман ҳу!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

У дар ману ман дар у,
Чон дар тану тан дар у,
Гуяд агарам мегу
Ояд зи чигар ё ҳу!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Шере рамад аз оҳу,
Деве рамад аз абру,
Дар пои дили бадху,
Занчир шавад гесу.
Оҳу чу занад ё ҳу,
Абру чу занад ё ҳу,
Гесу чу занад ё ҳу,

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Дил мекашадам он су,
К-обаш бувад андар чу,
По мебарадам он су,
К-обаш набувад дар ру.
Гар дар қафасам, ё ҳу,
Монанди хасам, ё ҳу,
Ё мисли касам, ё ҳу,
Бонги чарасам, ё ҳу,
Дар ҳар нафасам, ё ҳу,
Бар дуст расам, ё ҳу.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Сар дар ҳарами зону,
Сар дар қадами зону,
Безор зи сад бону,
Безор зи сад чоду,
Аз ҳақ талабам як бу,
Аз ҳақ талабам як му,
Аз ҳақ талабам як су,
Аз ҳақ талабам як ру,
Аз ҳақ талабам як чу,
Аз ҳақ талабам як у!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Ман нестам, уяст, у,
У нест, манам у, у.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

У ман шудаву ман у…
Дор аст маро дору.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!
8 феврали соли 1994.

БА ҲУЗУРИ ЭШОНИ СИДДИҚХОН

Серам аз суҳбати авомуннос,
Назаре хос хоҳам аз ихлос.
Мани бе зиндапир сарсонам,
Маркаби хешро кучо ронам?
Дар шариат агарчй хурдастам,
Дар муҳаббат шароб хурдастам.
Чуз ту дар куй кас намебинам,
Деҳаро чуз қафас намебинам.
Зиндапиро, биёву дастам гир,
Хоҳ ҳушёр, хоҳ мастам, гир.
Эй ту якто нишонаи пирон,
Шонаи ту чу шонаи пирон.
Дуст гардон каминаро бо он,
Ки бувад дустиш човидон.
Мубтакири ҳама гунаҳ будам,
Русафеди дарунсияҳ будам.
Ришу муям кунун сафедастанд,
Ноумедй чаро? Умед астанд.
Он умеде, ки Бории Якто,
Бо гуноҳон намонадам танҳо.
Яди байзо намоядам дастат,
Кам нагардад ба роҳи ҳақ шастат.
Навсафар ҳастаму навоварде
Балки навдавлатею навдарде.
Шукри ин дардро чй сон гуям?
Ё ки ин ғам ба чй касон гуям.
Чуз ту ошиқтаре намебинам,
Чуз ту содиқтаре намебинам.
Июни 1994.
******
Худовандо, нигаҳ дорй қаду бозуи Сиддиқхон,
Барои мо, ки овардем ру бар руи Сиддиқхон.
Агар аҳли назар бошй, биёву ҳамраҳи мо бин,
Ҳазорон маънии пинҳон ба як абруи Сиддиқхон.
Димоғолудаи гулҳои бадбуем мо, варна,
Зи гулҳои биҳишт ояд, хаёлам, буи Сиддиқхон.
Ба оби Замзамаш ҳочат намемонад дигарбора,
Касе як қатра об хурдаст агар аз чуи Сиддиқхон.
Хароботи муҳаббатро сутуни охирине ҳаст,
Мабодо офате афтад ба хори куи Сиддиқхон.
Зи чаҳли хеш шарманда бишуд ин Чураи "оқил",
Нишаст то як нафас дар суҳбати дилчуи Сиддиқхон.
С. 1995.

ҚАСИДАИ ДИЛ

Аё дил, дар муҳаббат шармсорй
Хаёли дидани дидор дорй?
Дусад паймон ба паймона шикастй,
Чавоният гузашту бодахорй.
Ба чои кас хасе дидию оташ,
Шудй аз даст дода бурдборй.
Рафиқони қаторият қароранд,
Туй сарлашкари сад беқарорй.
Ҳимороне басо мошинсаворанд,
Ҳанузам ту савори як ҳиморй,
Басо шогирдҳот устод гашта
Туй устоди чашмони хуморй.
Бувад анборат аз тухми сухан пур,
Гаҳе тарбуз, гаҳе сабзй бикорй.
Гаҳ аз худ меравй он сон, ки афтй
Гаҳе ҳам соддаиву хоксорй.
Агар ёрон туро девона хонанд,
Аду омузад аз ту ҳушёрй.
Зи ту дар майкада суфитаре нест,
Туро майхора гуяд нобакоре.
Дар ин бозори аждарҳои баднафс,
Чу кирмак ношудию бебароре.
Фиреби рубаҳон то чанд хурдан,
Дило, шеро, биёвар ҳар чй дорй.
Хиёнатро макун ҳаргиз шиорат,
Амонатро чу охир месупорй.
Шифои комил аз ёри ҳақиқист,
Зи беморон чй мечуй ту ёрй.
Сиёсат чун муҳаббат гашт, эё дил,
Бувад маснад ғараз аз дустдорй.
Ҳама кас лоф аз ишқи Ватан зад,
Вале тарсам намемонад диёре.
Набишкаста ҳануз завлонаи по,
Шудем аз нав ғуломи ихтиёрй.
Ба Сомону ба сомонй бинозем,
Дарй гум кардааст аммо бухорй.
Бихоҳам ҳар чавони точикамро,
Чу Аҳмадшоҳ гурди сарбадоре.
Чавонмарди чаҳон хоҳй шуд, эй дил,
Самаквор ар биёмузй аёрй.
Хамуш, эй дил, сухан аз буда мегу,
Набошад вақти ашъори шиорй.
Мабур аз ин чаҳон, бар он чаҳон банд,
Ки доми ишқ беҳ аз растагорй.
Ба хоки пои ёрон шав нагунсор,
Кушад ғам, гар набошад ғамгусоре.
Ба девону париён кори ту нест,
Ва ононро набошад бо ту коре.
Зи деву аз парии дигаре тарс,
Ки бинмоянд худро ёри ғоре.
Бас аст, эй дил, насиҳат гуфтани ман,
Ки ҳастам сояи ноустуворе
Ту худ донй дигар хомуш кардам,
Забонро чуз ба "оре"-ву ба "оре"!
Ало дил, ҳар ду зору нотавонем,
Агар аз дуст набвад дасти ёрй.
Хушо, лутфаш битобад бар сари мо,
Ба сони офтоби навбаҳорй.
Ману ту бе ману ту монда он гоҳ,
Шавем маҳви чамолаш зарраворе…
18 .01.1998.

Хирад помоли харҳо шуд

Хирад помоли харҳо шуд, адаб бигрехт аз сарҳо,
Ҳазоронро забон бастанд: зоғонанду минбарҳо.
Шаробу банг авло шуд, китоб аз дастҳо афтод,
Ба чуз арқоми дахлу харч нанвисам ба дафтарҳо.
Ҳама чун мурғакон сархам ба фикри донаю обе,
Касе вақте надорад, ки нигаҳ созад ба ахтарҳо.
Дар ин маҳфил чй мечуй фасоҳатро, балоғатро,
Мусалсалҳо суханронанду наттоқанд ханчарҳо.
Гирифта мурии мо дудаи бухсу ғаму кина,
Ҳама чо дуд мепечад, гулугиранд озарҳо.
Бародарро бародар мекушад аз бухли дерина,
Сабақ кай мегирем аз қиссаи Юсуф, бародарҳо!
Зи "тиллои сафед" деҳқон ҳама гар корвон созад,
Кучо хоҳад расидан? Раҳзанон бошанд раҳбарҳо.
Ба бозори адолат нархи ҳақро долларе донанд
Зи довар бехабар ҳастанд ин бо ном доварҳо.
Зи харсанге мадад чуён, ба сутхоне намоз орем,
Чй ибрат мегиранд аз дини мо имруз кофарҳо?
Ҳичоби шарму иффатро ба коми оташ афканда,
Ба бонувон сабақхононанд ҳоло зумраи ғарҳо!
Ҳама дашном меборад ба унвонаш зи фарзандон,
Дилам сузад, дилам сузад, ба ҳоли зори модарҳо.
Пушаймонй зи ногуфтан басо сахт аст аз гуфтан,
Биё, Чура, гапи ҳақро бурун овар зи чодарҳо.
28. 12. 1998.

БА БОБИ FАЗАЛҲО

Сар чун задам бар ҳар даре худро пушаймон ёфтам,
Бар ҳар саволам посухе танҳо зи Қуръон ёфтам.
Чустам биҳишти гумшуда дар куи ину он басе,
Осоиши ҳар ду чаҳон дар куи имон ёфтам.
Мушкилкушои бандагон ишқи илоҳй будааст,
То дил ба меҳраш бастаам, сад мушкил осон ёфтам.
Хондам ҳазорон достон аз бостон то ин замон,
Фарқи ҳақу ботил фақат аз файзи Фурқон ёфтам.
Дил сабзаи навруста буд андар биёбони талаб,
Лутфи худовандй, бубин, чун резаборон ёфтам.
Аз хамри бадбу лояқил, чун хар бимондам по ба гил,
Аз оби шайтон растаам, то май зи раҳмон ёфтам.
Бо кимиёи шукри у мисам ҳама тилло бигашт,
Сармояам то сабр шуд, бозори арзон ёфтам.
Эй Чураи чуёи ҳақ, бо ман биё, гуфто Салаф,
Дар ҳар сабақ, дар ҳар варақ илҳоми Яздон ёфтам.
28. 12. 1998.

ҲУЧЧАТИ РАВШАН

(Ба ифтихори аллома Бобочон Fафуров)
Монда буд дар соҳили таърих чун санги сабур,
Обҳое дид софу ғажду шаҳдогину шур,
Ҳалқи халқаш буд андар ҳалқаи хасмони зур,
Миллати точикро аллома Бобочон Fафур,
Ҳуччате бахшид рушантар зи уқёнуси нур.

Ҳуччате, к-ин қавм андар хонаи худ зинда аст,
Бо суруду шеъру бо афсонаи худ зинда аст,
Ринди бепарвост, бо майхонаи худ зинда аст,
Бо шаробу соқию паймонаи худ зинда аст,
Лек мебояд варо нушидан аз чоми шуъур.

Ҳуччате, к-ин қавмро пушти пуру чони пур аст,
Лафзи поки у дарии бостони пурдур аст,
Резачини хони фазлаш Чингизу ҳам Темур аст,
Қисмати волову истиқболи беҳаш дархур аст,
Зинда-зинда гарчй уро борҳо карданд гур.

Ҳуччате аз ҳиччахониҳои девони муғон,
Ҳуччате аз шаҳрҳои монда зери хокдон,
Ҳуччате аз ҳафриёти шаҳрҳои бостон,
Ҳуччате аз гуфтаҳои ровиёни ҳар замон,
Точиконро "Точикон"-аш буд аз ҳарчй зарур.

Дар гузори бодҳо нури сирочаш ҳифз кард,
Санг бар сар хурду точик монду точаш ҳифз кард.
Асли ориёиро баҳри ниточаш ҳифз кард,
Дар ҳама ҳолат варо соҳибилочаш ҳифз кард.
Оқибат озод шуд ин халқи бонангу ғаюр.
Соли 1998.

ШИКОЯТ БА РУҲИ ФИРДАВСЙ

Чаҳон пурфиреб асту озору бим,
Надонад касе қадри табъи салим.
Намонда сухансанчи бедордил,
Шуда порсй боз хору залил.
"Басо ранч бурдй дар он сол сй,
Ачам зинда кардй бад-он порсй".
Гуруҳе зи авлодат, эй арчманд,
Кунун порсиро басо душмананд.
Ба номи ту фахранду з-Ирон қимоб,
На турку на точик, на хоканду об.
На фахре зи миллат, на аз дину кеш,
Ҳаме банд ҳастанд дар чайби хеш.
На фарри каёниву на Рустамй
Зи худ дуру бегонаро ҳамдаме.
Зи "Шаҳнома" буе набурда яқин,
Сарон пур зи бод асту дилҳо зи кин.
Меҳанро пароканда карданд худ,
Ба бегонагон банда карданд худ.
Ало, руҳи Фирдавсии беназир,
Ба ин бехирадҳо ту хурда магир.
Яке шаб ту бар хоби онон даро,
Ва андар сарошон яке барсаро:
"Ҳама чои Ирон сарои ман аст
Чу неки бади он барои ман аст",
Ки шояд сари хирасарҳои дун,
Яке бозгардад зи роҳи чунун.
Дигар порсиро ба ёд оваранд,
Ба арвоҳи Тусй ниёзе баранд.
Соли 1994.

АЗИЗАМ, ТОЧИКИСТОНАМ!

Туро бо чумла хубону бадонат дуст медорам,
Туро бо хушзабону баддаҳонат дуст медорам,
Туро бо бонишону бенишонат дуст медорам,
Туро бо осмону остонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Гаҳ аз ёрон, гаҳ аз ағёр лабрези фиғон гаштй,
Ба худ хело ниҳон гаштй, ба дунё то аён гаштй,
Гаҳе чун гул шукуфтию гаҳе мисли хазон гаштй,
Туро, эй модари чон, ҳар замонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Кашокашҳост баҳри тахти сангинат кашокашҳо,
Кушокушҳост баҳри точи зарринат кушокушҳо,
Кашонанду кушонандат басо хушҳову нохушҳо,
Туро ман ҳамчун тифли дилкашонат дуст медорам.
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Маро гар сар бурй, валлаҳ, зи хокат сар намепечам,
Гули печони ту ҳастам, ба ҳар кишвар намепечам,
Ту Лайлои манй, мани Мачнун ба ҳар дилбар намепечам,
Туро бо нозҳои чонситонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!

Зи қайду банди ҳар ғоя туро озод мехоҳам,
Зи қарзу фанди ҳамсоя туро озод мехоҳам,
Зи ҳарфу панди бепоя туро озод мехоҳам,
Ватанчоно, туро чун чонфишонат дуст медорам,
Азизам, Точикистонам!
Азизам, Точикистонам!
Соли 1993.

ЗАБОНИ ОСМОНЙ

"Дар лаби миррихиён лафзи дарй"
Марди ҳиндй гуфта бо сад боваре.
То дарй бошад забони модарй,
Миллати ман, з-осмонҳо бартарй.

Ин забон аз дарраҳо дорад нишон,
Ин забон аз даргаҳон созад баён.
Ин забон аз каҳ барад то Каҳкашон,
Ин забон бошад маъониро чу кон.

Войи мо, гар қадри он нашнохтем,
Модар ин чо, суи дигар тохтем.
Дилбар ин чо, бо дигар дил бохтем,
Аз дарй як кучагие сохтем.

Бояд онро боз бар маснад нишонд,
Бо дарй ҳарфу ҳичои тоза хонд.
Ин забони осмониро дигар,
Руи хоки хорию зорй намонд.

КАЙ?

Дусту душман шиносему ба худ оем кай?
Дар Ватан, эй ҳамватан, бо ҳам биосоем кай?

Шамъи дин аз боди кин афсурд дар дилҳои мо,
Холисан бар даргаҳи ҳақ чабҳа фарсоем кай?

Посбони остони мо ҳама бегонагон,
Ёри чонро ҳамчунон бегона мепоем кай?

Эй басо Кайҳо, ки кайҳо додаем аз даст мо,
Пойбанди ҳасрати даврони Кайҳоем, кай…

Ҳар яке деворсон даври Бухорои сағир,
Ҳамчун Исмоили Сомонй биистоем кай?

Ҳаст вируси маҳалбозй адуе ошкор,
Ин адуи хонаро қувват наяфзоем кай?

Чураи Мирзои Юсуф чураи ҳар точик аст,
Ҳар сари точикро бо точ ороем кай?
Соли 1998.

ИМТИҲОНИ БАНДАГОН

Рузаи фархундагон, хуш омадй,
Имтиҳони бандагон, хуш омадй.

Тира будй бо дусад хуршед умр,
Эй чароғи зиндагон, хуш омадй.

Мо чу сагҳо бастаи занчири нафс,
Хочаи ин бандагон, хуш омадй.

Иблис аз руи ту нобино шуда,
Машриқи тобандагон, хуш омадй.

Эй басо санги диле мум кардай,
Нексози гандагон хуш омадй.

Чураё, бар даргаҳи султони ҳақ,
Бо ҳама шармандагон, хуш омадй.
ОМАДАНД
Зиндадилон, зиндадилон омаданд,
Марду занон, пиру чавон омаданд.

Мардуми аз дида ниҳоне буданд,
Хонаи худ боз аён омаданд.

Хок ба чашмони ҳасудон заданд,
Сураи ихлос дамон омаданд.

Беҳтару меҳтар бишавад ин Ватан,
Суи меҳан чумла меҳон омаданд.

Ваҳдати Точик абадзинда бод,
Чумла маҳал қуввати он омаданд!

Душмани сулҳ аст дигар шармсор,
Толиби он хурду калон омаданд.

Сулҳ пазируфт чу Эмомалй,
Носири у халқи чаҳон омаданд.

Зулмат аз ин марз ба якбора рафт,
Нурии ҳақ нурфишон омаданд.

Чони наве боз ба чисмам давид,
Чониби чон Тураи чон омаданд.
Соли 1997.
Мурғи чон парпарзанон паҳлуи чонон омада,
Рузи қурби ҳасти Инсон суи Яздон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Лутфи ҳақ борандатар аз абри найсон омада,
Мушкилоти муъминон бисёр осон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Хуш ба он кас аз гуноҳонаш пушаймон омада,
Аз паи омурзиши ҳақ зору нолон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Кофар аз чамъияти мо моту ҳайрон омада,
Вақти ҳампоии ин қавми парешон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!

Санги ҳочиён ба фарқи шарри шайтон омада,
Гоҳи пирузии ҳар фарди мусулмон омада,
Иди Қурбон, Иди Қурбон, Иди Қурбон омада!
Соли 1997.

БАРҚИ СУРХ

Барқи сурхе дар самои Шарқи сабз,
Дар авал чун нури умеде намуд.
Рушанй андохт бар зулматсаро,
Ростй, чун бахти испеде намуд.

Сухт дунёи ситамгарҳо чу хас,
Бо имои барқдори аввалин.
Рамзи некиву ҳақиқат гашта буд,
Дар забону гушҳо номи Ленин.

Баъдҳо аз осмон поён бишуд,
Оташе бар хирмани деҳқон бизад.
Дафтару хат, саллаи олим бисухт,
Эй басо сарҳои зур осон бизад.

Бар забонҳо уфтодй баъд аз он,
Ҳарфро, алфозро дунима кард.
Чун фаранчй урфу расми ирсиро,
Бар даҳони оташинаш туъма кард.

Курабарқи уфтода бар замин,
Ҳолиё мобайни мо дар гардиш аст.
Бояд онро боз бурдан бар само,
Курабарқеро кй мегирад ба даст?
Соли 1989.

СУРУДИ МАСЧОҲ

Як пораи куҳ, як пораи дашт, як номи зебо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
На чоҳи мастон, на мостчо ҳаст, аз номи Маздо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Дар устуворй чун санг бошад, дар меҳрубонй
чун пахта нарм аст,
Ҳаргиз надорад бо хасм раҳме, бо дуст шайдо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Ҳарчанд дашташ зархезу зарбахш, ҳарчанд куҳаш
пурганч бошад,
Беҳ з-одамонаш ганче надорад, худ ҳаст тилло–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Бас шоиронаш гумном монда, кулли касонаш
шоирдилонанд,
Чун обшораш дорад ҳазорон абёти аъло–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Таърихи онро аз кас чй пурсй пурс аз куҳистон,
пурс аз мазорон,
Аз дижи мурғон, ҳам аз Зарафшон, ҳамсоли дарё–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Орият ин чо чизи асосист, чуз ваҳдат ин чо
майли дигар нест,
Як чузви точик, як мулки точик имрузу фардо–
Масчоҳ,Масчоҳ!
Соли 1990.

ДАР ҚАЛАМРАВИ МАСЧОҲ

Зарраи парешонам дар қаламрави Масчоҳ,
Бо касе намемонам дар қаламрави Масчоҳ,
Ошиқи ҳама ҳастам, бо ҳама хушу мастам,
Боз дилпурармонам дар қаламрави Масчоҳ.
Шукри ҳамдиёронам, боз шукри ёронам,
Руи раҳ намемонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз канори у рафтам, чун гираҳ бишуд роҳам,
Мушкил аст осонам дар қаламрави Масчоҳ.
Зодаи куҳистонам, фотеҳи биёбонам,
Дил кашад ба Бустонам дар қаламрави Масчоҳ.
Ошиқона нолонам, содиқона хандонам,
Оқилона нодонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз ду-се палидонаш, пайравони шайтонаш,
Доимо пушаймонам дар қаламрави Масчоҳ.
Деви зулмати ғафлат даргурез аз ман бош,
Машъали фурузонам, дар қаламрави Масчоҳ.
Аз фиребу аз найранг, эй Худо, начотам деҳ,
Муҳри меҳр хоҳонам дар қаламрави Масчоҳ.
Халқи ориятдораш ориёии аслист,
Ҳар деҳаш як Иронам дар қаламрави Масчоҳ.
Дурри ман набишносад гавҳарии аъмояш,
Мефурушад арзонам дар қаламрави Масчоҳ.
Чор фасли дилчуяш навбаҳорро монад,
Булбули хушилҳонам дар қаламрави Масчоҳ.
Ҳуш дар қадам донам, ғуссаю алам донам,
Ҳар гаҳе қалам ронам дар қаламрави Масчоҳ.
На фаришта на шайтонам, на парию ҳайвонам,
Чура, марди яздонам дар қаламрави Масчоҳ.
18 январи соли 1997.

ПАҲЛАВОНИ СУХАН

Барои Амони Нур
Як суханро ба гуфтаи мардум
Сесаду шасту шаш бувад паҳлу.
Паҳлуяш солҳо наёсоид,
То шавад паҳлуе аёни у.

Паҳлавонию тозию туркй
Паҳлугардон намуд сад қомус.
Паҳлавонй ҳалоли у бодо,
Гашт бар кулли вожаҳо пируз.

Шаст солаш зи умр бигзашта,
Рузи у бал зи сол ҳам афзун.
Устоди сухан Амони Нур,
Лайлии ҳарфро абад Мачнун…
Соли 1998.

НАХУШКАД ШОХАИ ДАСТОНИ МОДАР!

Чу набвад тифл даври хони модар,
Бимонад дар гулуяш нони модар.

Биларзад чони ман, чонаш биларзад,
Барои он, ки ҳастам чони модар.

Савоби мо, гуноҳи мо ба душаш,
Қавитар нест аз имони модар.

Ҳама шодии олам ҳеч бошад,
Ба чашмам бе лаби хандони модар.

Чаҳон бе меҳрубон модар чаҳим аст,
Биҳиште ҳаст дар даврони модар.

Ба тифлй бодаи бе дарди сар буд,
Шароби соғари пистони модар.

Барои он, ки руи тифл бинад,
Басо гирад ачал домони модар.

Бубахшад ройгон чонаш ба моён,
Худоро нест ин эҳсони модар.

Намонад ҳеч гаҳ бе меваи умр,
Нахушкад шохаи дастони модар!
Соли 1984.

ЯК ЗУМРА МОДАРОЗОРОН

Заҳ кашад аз ашки модар пойдевори шумо,
Вой бар ҳоли шумо, бар чордевори шумо!

Сахт механдед андар базму мастй мекунед,
Зор мегиряд зи ҳичрон модари зори шумо.

Барфи муяш мешавад ҳар лаҳзае бисёртар,
Сард бошад то кучо рафтору кирдори шумо?!

Чашмҳояш хирабинтар, хирабинтар мешаванд,
Монда маҳрум баски аз хуршеди дидори шумо.

З-он ки хомушии хона маҳрами розаш шуда,
Гушҳо вазнин, вале пазмони гуфтори шумо.

Бе асо аз чо намехезад, мадораш рафтааст,
Модаре, ки буд як умре мададгори шумо.

Чокҳои чеҳрааш ожанг не, ожанг не,
Балки буда захмҳои хори озори шумо.

Заҳ кашад аз ашки модар пойдевори шумо,
Вой бар ҳоли шумо, бар чордевори шумо!
Соли 1982.

Дасттанҳоии модар

Рузу шабҳо, рузу шабҳо,
Барф резад, барф резад.
Осмон монанди ғирбол,
Орд безад, орд безад.

Суфраи пурорд бошад,
Ин замон бинй заминро.
Суфраи бикшода гуё,
Аз барои кулли дунё.

Ин замон ояд ба ёдам,
Суфрабикшоии модар.
Ордбезй, нонпазиҳо,
Дасттанҳоии модар.

Ҳар хамираш кулча мепухт,
Меҳрубон модар бароям.
Гарчй серам аз ҳама чиз,
Гушнаи он кулчаҳоям…

Рузу шабҳо, рузу шабҳо,
Барф резад, барф резад.
Осмон монанди ғирбол,
Орд безад, орд безад.
Соли 1984.

БАРГЕ ДАР ИНТИЗОРИ МАРГ

Ман он барги зардам ба марг интизор,
Намонам ҳамеша дар ин шохсор.

Ба гарди ҳаводис биёлудаам,
Зи сардии поиз бияфсурдаам.

Дили нозукам гашт акнун дурушт,
Ба чуз оби ҳасрат надорам ба мушт.

Бихушкида рагҳо ба андоми ман,
Тиҳй аз майи умр шуд чоми ман.

Дигар баргҳо рафтаанд аз барам,
Кадомин шамоле расад бар сарам?

Ман он барги зардам ба марг интизор,
Зи хоки сияҳ ёбадам навбаҳор…
15 ноябри соли 1995.

МАРСИЯИ МОДАР

Чашмаи оби бақоям, модаро!
Дурри якто, бебаҳоям, модаро!

То ту дар зери замин чо ёфтй,
Хонаи ғам гашта чоям, модаро!

Ҳар кучо рафтам ба пешат омадам,
Роҳбонам, раҳнамоям, модаро.

Чои ту холист назди дар дигар,
Суи хона чун биёям, модаро?

Руй меовардаме бар руи ту,
Баски будй раҳнамоям, модаро.

Модари ман будию тифлони ман,
Чун шаванд ин тифлҳоям, модаро?

Донаҳои киштаат сабзидаанд,
Дони бенашъунамоям, модаро.

Пушти пуру такягоҳи ман будй,
Устуни байни сароям, модаро.

Зиндагй торик шуд, то рафтай,
Ҳамчу субҳи босафоям, модаро.

Дасту по гиро, забон гуёву марг,
Аз ту кард осон чудоям, модаро.

Нашнавидам гоҳ ҳарфатро, дареғ,
Кай расад бар ту садоям, модаро?

То чудо мондам зи руи гарми ту,
Сар ба хоки сард соям, модаро.

Гарчй мерос аст маргат назди ман,
Буда алмосе бароям модаро.

Чамъ бодо хотири руҳат зи ман,
Ҳадяаш кулли дуоям, модаро.

Синаат дар гур ҳам сих мезанад,
Гар занад хоре ба поям, модаро!
Июли соли 1989

Модари худотарсам

Як саҳар модари худотарсам,
Дар сари чонамоз чон биспурд.
Порсоёна ончунон мезист,
Порсоёна ончунон ҳам мурд.

Мурдаву зиндааш чунон монанд,
Ҳеч бовар накардам у мурдаст.
Гиряи талхро фуру бурда,
Қалби поки варо бикардам даст.

Лонаи мурғи чони покаш лек,
Холию сард буд дигар, ҳайҳот.
Аз лабонаш ба чои ҳарфи хуш,
Қатраи хун ба руи у афтод.

Ин васият маро зи модар буд,
Ки нагирям ба марги у асло.
Лек як сели ашки талху шур,
Садди сабри маро бибурд аз чо.

Бахш модар, гуноҳи фарзандат,
Н-аз барои ту гиря кардам ман.
Бо маитат чавонии худро,
Баъди пешин чаноза кардам ман.
20-30 июли соли 1989.

Вожгуна

Чомаи ғам бадар накарда ҳануз,
Фалакам боз чомаи ғам дод.
Хостам шодие ба мисли коҳ,
Куҳҳои зиёди мотам дод.

Ҳамчу Муллофалокате гаштам,
У дар афсона, дар ҳақиқат ман.
Ҳар қадам дар фалокате ғарқа,
Нек хоҳам, бад ояду душман.

З-осмон гар ситора барчинам,
Дар кафи ман шарора мемонад.
Дасти ёрй диҳам ба шахсе гар,
Дасти манро чу мушт медонад.

Гаҳ шикаста миёну гаҳ дастам,
Гаҳ сари ман зада, гаҳе поям.
Ҳаст дунё чу бистари бемор,
Гаҳ ба худ ояму гаҳе н-оям.

Лутфу раҳми касе намехоҳам,
Чун касе ҳам надод бар ман ранч.
Мекунам мардвор кори худ,
Мерасам дар ниҳояташ бар ганч.
10 январи соли 1990.

ДАР ХАЗОНРЕЗИ МИРЗОҲОМИД

Равони ту равон шуд дар хазонрез,
Сари сабзат хазон шуд дар хазонрез.
Замоне зеби роҳу кучаҳо буд,
Қади сарват камон шуд дар хазонрез.
Худоё, шамъи маҳфилҳо кучо шуд?
Ба хокистон ниҳон шуд дар хазонрез.
Туро дарди чигар не, дарди мо кушт,
Ки ин нукта аён шуд дар хазонрез.
Макони базмҳо буд хонаи ту,
Пур аз оҳу фиғон шуд дар хазонрез.
Ба чое рафтай, дигар наёй,
Fами ёрон гарон шуд дар хазонрез.
Баробар бо бузургу хурд будй,
Адо хурду калон шуд дар хазонрез.
Ту рафтию ба тири ғайбати халқ,
Дили ёрон нишон шуд дар хазонрез.
Табибо, паҳлавонмарди чавонмарг,
Вучудат нотавон шуд дар хазонрез.
Шаробу шеър доим дар лабат буд,
Тиҳй аз ину он шуд дар хазонрез.
Бародар, бе ту ман то кай бимонам?
Дилам навмеди чон шуд дар хазонрез.
Начуемат аз ин чову аз он чо,
Туро як чо макон шуд дар хазонрез.
Забонам сухт, Мирзоҳомиди чон,
Туро марсияхон шуд дар хазонрез.
19 ноябри соли 1992.

ДАРЕFИ ПАҲЛАВОН МУСО…

(Сугвории паҳлавон ва ҳунарпешаи кино Мусои Исо–шаҳиди чанги шаҳрвандй).
Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,
Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд,
Дареғи он суханҳояш, ки аз иқболи Масчо буд,
Дареғи пайкари сангаш, ки чун аҳволи Масчо буд,
Дареғи қисмати талхаш, ки мисли фоли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,
Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Ҳунарманде, ки нақши хеш бозй кард, охир ку?
Чаҳонеро зи буди хеш розй кард, охир ку?
Нахуст аз ҳастии худ бозсозй кард, охир ку?
Тану чонаш ба хуни худ намозй кард, охир ку?
Дареғи он чавонмарге, ки худ омоли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,
Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Бинои одамиятро сутуни устуворе буд,
Ба он чусса, бо он ҳашмат ҳалиме, хоксоре буд,
Шарофат дошт, ҳиммат дошт, гуй обшоре буд,
Зи Рустам сад нишоне дошт, марди бовиқоре буд,
Яке оринажоди аслие аз моли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,
Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Ба зури даст кай ҳосид варо бар пушт хобонид,
Ки ахтарҳо раманд он гаҳ, ки пайдо мешавад хуршед!
Вале як ахтари манҳус, ки аз Иблис шуд тавлид,
Барои як тани Мусо сию ду тир боронид,
Дилам фарёдборон аз забони лоли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,
Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.
Соли 1992.

ЧОНОН ПАДАР БУД…

Падари меҳрубонам Мирзоюсуфи Муҳаммадюсуф дар синни мубораки 87-солагй чон ба Ҳақ таслим карданд. Руҳашон шоду хонаи охираташон обод бод. Омин!

Маро мағзи чигар чонон падар буд,
Маро нури басар чонон падар буд.

Гадоям, соили дидори уям,
Маро точи басар чонон падар буд.

Насиҳатҳои у зевар ба гушам,
Яке вологуҳар чонон падар буд.

Таҳамтансон тану туши қавияш,
Барои мо сипар чонон падар буд.

Ҳунармандам агар, аз пушти уям,
Ки сад кони ҳунар чонон падар буд.

Бишуд рузам сияҳ баъди ғурубаш,
Ки шомамро саҳар чонон падар буд.

Басо аз хеш монда донаву мағз,
Дарахти босамар чонон падар буд.

Манам ноогаҳ аз кори чаҳонҳо,
Зи ҳар дар бохабар чонон падар буд.

Манам олудаи садҳо гуноҳон,
Барй аз кулли шарр чонон падар буд.

Шабу рузам мунаввар аз чамолаш,
Чу хуршеду қамар чонон падар буд.

Заковатманду хайрандеши мардум,
Тамоман безарар чонон падар буд.

Барои ростон як муттакое,
Качонро сад хатар чонон падар буд.

Ятим азбаски монда аз падар худ,
Ятимонро падар чонон падар буд.

Нагунчад васфи у дар шеъри Чура,
Ки худ як шоҳасар чонон падар буд.

Пагоҳи чумъа чон бар Ҳақ супорид,
Ки огаҳ з-ин сафар чонон падар буд.

Ба боло рафт, меҳмони малак шуд,
Ки муштоқи забар чонон падар буд.

Тариқи раҳматаш гардон, Худоё,
Ки сер аз баҳру бар чонон падар буд.
25 июли соли 2003.

ЭХДОЁТ

ДАР СУГВОРИИ ОЛИМПУР
Замона кушта моро бе баҳона
Намедонад сари моро баҳо на!
Занад бар мағзи миллат санги душман,
Ки бе мағзе нахезад ҳеч дона.
***
Барои ҳушёрй мекушандат,
Барои ҳушдоре мекушандат.
Агарчй бегуноҳй, кусатабъон,
Барои ришдорй мекушандат.
Декабри соли 1995.

ЁДИ ОХУН САФАР
Охуни Сафар қаламкаши варзида,
Аз пушти қалам басо аламҳо дида.
Афсус, ки марги беамонаш бирабуд,
Бо синаи пурғусса, лаби хандида.

Охуни Сафар ҳозирчавобу хандон,
Бигзашт аз ин чаҳон ба садҳо армон.
Не, не набувад марги чунин кас осон,
Боқист ба номи неку бо фарзандон.

РОҲИЁНИ РОҲИ ИСПЕДЕМ МО
Барои Мирзо Шакурзода
Сояру дар мулки хуршедем мо,
Равшан аз хуршеди уммедем мо.

Нестем аз тираҳои тирароҳ,
Роҳиёни роҳи испедем мо.

Чашмаи Шоир* ба мо додаст об,
То зи хоки деҳа руидем мо.

Носазо гуфтори мардум бигзарад,
Лафзи ҳақро банда човидем мо.

Буданатро шукр гуям ҳар нафас,
Бо ту рафта хешро дидем мо.
25-26 январи соли 1985.
*Чашмаи Шоир–чашмаест дар деҳаи Худгифи Сояи Мастчоҳ.

ДАСТИ БОЛО
Барои омузгори нахустинам Қурбон Ҳусейнй
Қоматат паст, чеҳра нуронй,
Дар лабонат табассуми ширин.
Вориди дарсхона мегаштй,
Бо хаёлоти тозаю рангин.

Мерасад то ҳануз овозат,
Аз ҳамон дарсҳои бигзашта.
Мешавам гушу ҳуш сар то по,
Лаҳзае тифли мактабй гашта.

Гуиё, ки ту боз мепурсй,
Чузъҳои вазифаро ҳоло.
Аз барои ичозаи гуфтан,
Дасти ман худ зи худ шавад боло.

Ту, ки худ машқи шеър мекардй,
Лек шоир ба чашми мо будй.
Аввалин шеърҳои хомамро,
Васф карда, то само бурдй.

Ҳамчуноне, ки офтоб афтад,
Уфуқи абрнокро бар чанг.
Гардиши рузгор афтонда,
Чеҳраатро ба панчаи ожанг.

Ҳичча карда, базур мехонам,
Сафҳаи пурхати чабинатро.
Гар бипурсй: "Бигу, чй фаҳмидй?"
Дасти ман худ зи худ шавад боло…
3 декабри соли 1984.

ДАСТИ САБУК
(Эҳдо ба Анварбеки Рустам)
Руҳат гарон, қалбат калон, дастат сабук, дастат сабук,
Дарди ниҳон бар ту аён, дастат сабук, дастат сабук.

Дар гурдаи мо сангҳо аз бахти куру оби шур,
Осон кунй берунашон, дастат сабук, дастат сабук.

Бас чони бар лаб омада, аз дасти чонбахшои ту,
Баргашт бар суи макон, дастат сабук, дастат сабук.

Озодамарди зиндадил "з-авчи Зуҳал то қаъри гил",
Дорй зи Сино сад нишон, дастат сабук, дастат сабук.

Ҳозиқ табибе будай, содиқ ҳабибе будай,
Бодо баҳорат бехазон, дастат сабук, дастат сабук
Соли 1992.

ҲАЙФНОМА
Барои дусти ғамхорам Назар
Умри ман кутоҳ, донам,
Марги ман дар роҳ, донам.
Пас чаро парво надорам?
Фикр аз фардо надорам?

Ҳамчу чоми пуршаробе,
Чони ман пур аз гуноҳ аст.
Ҳамчу деги руи оташ,
Ҳоли ман хеле табоҳ аст.

Бода менушам паёпай,
Сархушам ман, сархушам ман.
Заҳр дода, заҳр дода,
Рузҳоро мекушам ман.

Умри ман кутоҳ, донам,
Лек худ дар қасди онам.
Марги ман дар роҳ, донам,
Лек уро ҳаминонам.

Ҳайфи ман, бо душмани худ,
Дуст ҳастам, дуст ҳастам.
Дур аз ёрони чонй,
Суҳбати майро парастам…
Соли 1984.

FАЗАЛЕ БАРОИ ҚУВВАТ ДАВЛАТ
Кони дурдонаи ғалтон даҳани Қувватбек,
Набувад соддаву арзон сухани Қувватбек.
Чун ба "Пайванди дил" оғози суханронй кард,
Худ шуда "Боли Самандар" бадани Қувватбек.
Ҳафт водии муҳаббат на ба осонй рафт,
"Шаҳри Ишқ" аст кунун чону тани Қувватбек.
Оштй дода хазонро ба баҳорон, з-ин ру,
Бо гулу хор ғазалхон чамани Қувватбек.
Бо бузургии қаду ақли баландаш ҳаргиз,
Ман-манй нест дар афкори "Ман"-и Қувватбек.
Эй, ки мепурсй зи ман зодгаҳу маъвояш,
Кишвари шеърпарастон ватани Қувватбек.
Солу моҳаш на ҳамин солу маҳи маъмулист,
Гуши фардо шунавад дилзадани Қувватбек.
11 январи соли 2003.

БАРОИ УСТОИ УСТОПИР
Усто, Усто, дар ҳама коро усто,
Дасти ту ба шеъру паҳлавонй боло.
Бодо сари сабзи ту мисоли бурсо,
Усто, Усто, бачаи нағзи Масчо.
Апрели соли 1997.

ДУРУД

ба оҳангсози мумтоз Муҳаммадшарифи Шодизода
Эй буди ту суруд,
Оҳанг–тору пуд.
Тан-тан ҳама вучуд,
Бодо туро дуруд.

Монанди заргарй
Сад нақш офарй.
Бо сабки ховарй,
Бо шеваи дарй.

Савти ту бишнавад,
Дил об мешавад.
Ҳар суй медавад,
Арғушт меравад.

Дар бустони чон,
Чоно, тарона хон.
Моро зи мо раҳон,
Моро ба мо расон.

Эй пири булбулон,
Аз Борбад нишон.
Андар чаман бимон,
Бо нақши човидон

Эй буди ту суруд,
Оҳанг тору пуд.
Тан-тан ҳама вучуд,
Аз мо туро дуруд!

Соли 2000.

ЗИ ТОРИ МЕҲРУ ПУДИ ХАШМ

"Чомаи умри дигар гардид шеъри бофтаам…"
Юсуф ВАФО.
Ман туро бесавод чун хонам
Бо чунин шеърҳои ширинат?
Ман туро бемаъонй чун гуям?
Бо чунин маъниҳои рангинат?

Оре, оре аз лиҳози вазн,
Баъзе байти ту сактаҳо дорад.
З-ин сабаб чанд аруздон имруз,
Сари ҳарфи ту нуқтаҳо дорад.

Нуқси қофия низ ҳаст аммо,
Қофия кофй нест андар шеър.
Меҳру хашмат агар бигунчонй,
Вазну қофия чист андар шеър?

Буда аз тору меҳру пуди хашм,
Чомаи офаридаат, шоир.
Зиндаат то абад нигаҳ дорад,
Нест оғози шеърро охир.
Соли 1988.

Барои ҳамдиле

Дарди миллатро табобат боядо,
Бас адоватҳо, муҳаббат боядо!
Оташе бояд задан дар шаҳри Ақл,
Дар диёри Дил иқомат боядо.
Ман зи шамшери сухан созам каланд,
Баҳри Меҳан кору заҳмат боядо.
Меваи озодии мо талх гашт,
З-ангубини ту балаззат боядо.
Бози давлат бозуи моро шинохт,
Эй Худо, анчом-ш бе лат боядо.
Соли 1997.

МЕҲМОНИ МАН

(Барои Нур)
Пой мекубад кадоме дар паси дарвозаам,
Барф меафшонад аз пушоки худ.
Чашми гушамро ба берун духтам,
То ба дидан дил варо бишнохт зуд.

Мезанад ангушт бар дар, медарояд,
Ман ба истиқболаш аз чо мечаҳам.
Гуиё озодибахши ман бувад,
Аз ғами танҳоии худ мераҳам.

Менишинад рубаруям даври хон,
Чашмаам ман, гуиё у ташна аст.
Ҳарду аз дидор лаззат мебарем,
Ташнаам ман, гуиё у чашма аст.

Чони ман роҳат кунад аз чони у,
Чони у роҳат кунад аз чони ман:
"Дар чаҳон бе дуст будан мушкил аст"*
Дуст бошад, дустон, меҳмони ман.

*мисраъ аз устод М. Турсунзода.
18. 02. 1984.

ДАР СУГВОРИИ ЧУМЪА АЗИЗ

Сари сабзи чавоният, эй дуст,
Шуд лагадмоли тудаи авбош.
Лол монда забони гуёят,
Сухан ин аст, ман бигуям фош.

Фош гуям, дар ин замони дун,
Оқилон хору чоҳилон зуранд.
Косаи сар агар шикастандат,
Узрашон мениҳам, ки дилкуранд.

Ту нависандаи ачиб будй,
Қаламатро шикаст дасти шум.
Мушти у хушк чун қалам хоҳам,
Пои у аз лагадзанй маҳрум.

Он шаби сард дар Хучанди навин,
Ман надонам туро чаро куштанд.
Дили ман боз монд аз дунё,
Гуиё ҳамраҳат маро куштанд…
Декабри 1996.

ЛОИҚЕ МИСЛИ ТУ НАМЕОЯД

Ҳар суханвар наку намеояд,
Лоиқи гуфтугу намеояд.

Чуши хун дар раги асаб бояд,
Обру з-оби чу намеояд.

Пири майхона чой холй кард,
Бонги чому сабу намеояд.

Синааш дардгоҳи миллат буд,
Дигар он дардху намеояд.

Андалебон ҳазор меоянд,
Булбули тозагу намеояд.

Лоиқи номи шоир ояд бас,

Лоиқе мисли ту намеояд.

ДАР СУГВОРИИ ШЕРИ ПАНЧШЕР

Ба мисли шер Аҳмадшоҳи Масъуд,
Яке лашкаркаши лашкаршикан буд.
Ба чанги рубару ин марди точик,
Баровард аз димоғи душманон дуд.
Адувонаш, дареғо, рубаҳона,
Варо бо ҳилаҳо карданд нобуд.
Аминам, шерзодон меситонанд,
Баҳои хунаш аз ағёри бехуд

12 сентябри соли 2001.

ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МАСЧИДИ

Ба некй раҳбалад буданд Ҳочии Мулоқурбон,
Ба сели бад чу садд буданд Ҳочии Мулоқурбон.

Басо дидем ҳочиҳои мағрури худонотарс,
Амину муътамад буданд Ҳочии Мулоқурбон.

Чамоатро сару сарвар, ба ҳар бечораю музтар,
Ҳаме дасти мадад буданд Ҳочии Мулоқурбон.

Шукуфону муаттар, тозаву хушру ба ҳар маҳфил,
Гули руи сабад буданд Ҳочии Мулоқурбон.

Накупиндор, асалгуфтору хушрафтору озода,
Яке марди хирад буданд Ҳочии Мулоқурбон.

Хушо бо номашон масчид бино карданд чун умре,
Ба Аллоҳи аҳад буданд Ҳочии Мулоқурбон.

Падарро номбардоранд фарзандони солеҳшон,
Ки худ некувалад буданд Ҳочии Мулоқурбон.

ШАҲИДИ ҲУНАР

Ҳунарманди шоистаи чумҳурй Рустамбеки Ботур руи саҳна аз сактаи дил чон дод
Булбуле дар шохи гул чон дод, ҳайф,
Руи саҳна ҳофизе афтод, ҳайф.

Рустаме будй ба майдони ҳунар,
З-авчу пасту зеру бам уро хабар.

Аз Зарафшон чун зари оҳанг чид,
Заршиноси авч чун у кас надид.

Хуш сухан мегуфт дар ҳар анчуман,
Месуруд аз ишқу аз меҳри Ватан.

Сурату сират чу яксон доштй,

Меҳри худ дар чони мардум коштй.

БА КУҲИ СУРХКАТ ҲАМСАНГ БУДА

Дар сугвории Ҳасан Абдул
Забоне дошт бурро мисли шамшер,
Ба ҳар маҳфил хурушон буд чун шер.
Ҳақиқатро намепушонду мегуфт:
"Нагуям ҳолиё, фардо шавад дер!".

Дилаш ҳам чун забонаш буд доим,
Ба роҳи ростй побанду қоим.
Ҳазорон дардҳо будаш ба ботин,
Ба зоҳир менамудй гарчй солим.

Дареғо, дар баҳори гулфишоне,
Ниҳоли зиндагияш шуд хазонй.
Дилаш таркид, хомуш шуд забонаш,
Фиғон аз маргҳои ногаҳонй.

Ҳасан Абдул, чавонмарди чавонмарг,
Забону дил варо ҳамранг буда.
Хаёлам, дар баландиҳои ҳиммат,

Ба куҳи Сурхкат* ҳамсанг буда! Сурхкат–деҳа, зодгоҳи шодравон Ҳасан Абдул.

ПУШТИ ПО ЗАД ДУНЁИ ДУН

Он, ки шеъраш ҳайбати сад шеър дошт,
Барқи фикраш ҳашмати шамшер дошт,
Чашмаи у ташнагонро сер дошт.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Ҳамчу Мавлоно зи маънй маст шуд,
Аз ҳама бигзашт, то ки ҳаст шуд,
Руҳи у бо Рудакй пайваст шуд.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Буи мардй дошт ҳар «Гулбонг»-и у,
Сузу дарде дошт ҳар «Гулбонг»-и у,
Сози фарде дошт ҳар «Гулбонг»-и у.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Буд моро суи маъно раҳнамун,
Ханда бар лаб, лек дил ғарқоби хун,
Пушти по зад оқибат дунёи дун.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.

Fурамарге дар баҳорон гашт, вой,
Балки у андуҳи ёрон гашт, вой,
Озими шаҳри хамушон гашт, вой.
Рафт Қувватбеки Давлат аз миён,
Шоири ширинкаломи точикон.
12 апрели 2004.

МО ОМАДЕМУ МЕРАВЕМ…

Дар сугвории табиби ҳозиқ ва инсони лоиқ Шодии Боқй
Чун меҳмон дар ин чаҳон мо, омадему меравем,
Аз мо наяст ин хонадон мо, омадему меравем.

То бошад он дори бақо маъвои човидони мо,
Гуё барои имтиҳон. мо омадему меравем.

Некй бимонад то абад, ҳам бад бимонад то абад,
Бо некҳову бо бадон, мо омадему меравем.

Чун базми чамшедист умр аз он набошад серие,
Бас ташнакому ташначон, мо омадему меравем.

Чун гуфт ачал омини талх, омини талхи охирин,
Пирем агар ё ки чавон, мо омадему меравем.

Будем бори модарон дар омадан, дар бозгашт,
Тобути души дигарон, мо омадему меравем.

Бемор мирад ё табиб, инро кй донад, ё насиб?!
Бо ҳукми он султони чон, мо омадему меравем.

Хуш омадему хуш равем, гар Шодии Боқй шавем,
В-арна чу андуҳи гарон, мо омадему меравем.

Соли 1991.

ЧУ FУНЧА ЗИ САРМОИ НОЧО БИРАФТ

Дар сугвории муҳаққиқи чавонмарги "Шоҳнома", номзади илм Шодй Асроров
Баҳор омаду Шодии мо бирафт,
Чу ғунча зи сармои ночо бирафт.

Ҳамон дард, к-уро зи дунё рабуд,
Дари хонаи қалби моро кушуд.

Дилаш буд равшан зи шамси хирад,
Маҳе буд андар шаби неку бад.

Басо у ба таҳқиқи "Шоҳнома" зист,
Басо у ба марги Сиёвуш гирист.

Зи дониш басо хирман анбошт у,
Ба марзи дили толибон кошт у.

Варо будй дар илм унвон баланд,
Ва ҳам ёфт номе чу инсон баланд.

Ба шонздаҳуми марти ҳаштоду ҳафт,
Дареғо, ки Шодии Асрор рафт.

Бирафту вале ёди некаш бимонд,
"Дилу дидаи ман ба хун барнишонд"*.

*Мисраъ аз Фирдавсй.

18 марти соли 1987.

МАРСИЯИ ИЗЗАТМОҲ

Мехост Душанбе биравад дидани хоҳар,
Бар дидани он хоҳари бемори чу ахгар.
Бардошт ҳама тушаву савғоти муқаррар,
Биншаст ба мошини мани хокбасар.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Рафтем ба роҳи тарафи Бекобод,
Аз ғуссаву ғамҳои ду дунё озод.
Ногоҳ яке дев, ки хокаш барбод,
Дар сурати мошин ба сари мо афтод.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Мо чор нафар шудем дар боми бало,
Беҳушу хаёлу бедаму бепарво.
Ногоҳ ба ҳуш омада дидам, вайло,
Аз чархи нагун ба зери чарх Иззатмо…

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Монанди ҳилол гашта бадри руяш,
Олуда ба хуни хеш банди муяш.
Бар хок фуру камонаки абруяш,
Оваҳ, чи шуд он шамоили дилчуяш?!

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй вой тағоии ҳалимам, чй кунам?
Аз мотами "номи оча" нимам, чй кунам?
Эй янгаи чон, ғарқаи бимам, чй кунам?
Бинам рухатон ё ки набинам, чй кунам?

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Оисаи бемор, кучо шуд апаат?
Бобои ғариби ман, фано шуд апаат.
Мирзо, ту кучой, ки адо шуд апаат,
Сокина мапурс, чун хато шуд апаат…

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Бибии Зубайдамо, Фузайлу дигарон,
Аз модари зори худ чудову ҳайрон.
Не, не, на фақат чумлаи хешовандон,
Бар турбати у тамоми деҳа гирён.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй боча, Сабурию сабурй бояд,
Зеро ба сари мард ҳама чиз ояд.
Ин чархи куҳан фитнаи нав мезояд,
Кай буд гумон, ки моҳи рафта н-ояд?

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй модари ҳасратзадаи дилчокам,
Ҳамсоя ба духтари ако дар хокам.
Донй, ки чй гуна тир зад афлокам,
Имсол дубора хаставу ғамнокам.

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ,
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ.

Эй холиқи чаббор, ачаб дилсардй,
Бар хок задй гуле, ки худ парвардй.
Гул аз ту хазон, хазон шуд аз ту варде,
Тавба, тавба, ҳар он чй хоҳй, кардй!!!

Фарёд, ки буд ин сафари охираташ!!!
Дод аз фалаки сахтдилу оқибаташ!!!

Соли 1989.

ДАР СУГИ ШОГИРДАМ УМЕД

ки бар асари бемории гулузиндонак даргузашт
Ашки сузон намекунам пинҳон
То зимистон чу ман шавад сузон
Хушаи ях чу ман шавад гирён
Ман ба риши сапед мегирям
Ман ба марги Умед мегирям.

Ин чй дарде, бигуй, эй Яздон,
Ки шавад нола дар гулу зиндон
Марг ҳам буда ин қадар осон?
Ман ба риши сапед мегирям
Ман ба марги Умед мегирям

Сездаҳсола бачае хандон
Рафт суи чаҳони човидон
Монда дунёи ғам ба волидон
Ман ба риши сапед мегирям
Ман ба марги Умед мегирям
5 феврали соли 1996.

МАН НАХОҲАМ КУШТ ХУДРО…

Гарчй баъзан зиндагй бар дил занад,
Гавҳари чони маро бар гил занад,
Кори осонро ба сад мушкил занад,
Бар ҳама саъям хати ботил занад.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!

Гарчй ишқи аввалинам шуд хазон,
Чун ҳавасгулҳои айёми разон,
Рафт аз ман бар канори дигарон,
Монда бар дил бас ғаму дарди гарон.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!

Аблаҳе гар таъна бинмояд маро,
Ҳар кучо бинад, чу саг хояд маро,
Ё сари ҳар як қадам пояд маро,
З-у ба дил сад гуна ғам ояд маро.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!

Ҳаст дар дунё чароғе раҳнамо,
Гарчй пинҳон аст, меёбам варо,
Гарчй бошад дуру пурбиму бало,
Мерасам то манзили уммедҳо.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!

"Марг мушкил, зиндагй мушкилтар аст"–
Хизрро ин панд бар Искандар аст.
Дар чаҳони мо, ки мушкилпарвар аст,
Одам он бошад, ки тобовартар аст.
Ман нахоҳам кушт худро бехабар,
Ман нахоҳам кушт худро барҳадар!

Соли 1990.

ОТАШИ ЧОВИД

Дустони хасакиро бикашам бар оташ?
Тавба гуям зи ҳама риндию авбошиям?
Дустони қадаҳиро бизанам бо санге?
Ёд н-орам дигар аз шодию айёшиям?

Об чун рафт, ба чу бори дигар баргардад?
Сел оё, ки пушаймон шавад аз кардаи хеш?
Хулқи ман кудаку дар тарбияти дил будаст,
Ҳеч коре натавон кард ба парвардаи хеш.

Абр кай ғам хурад аз он, ки чй борад имруз,
Хилқатамро зи ҳама суду зиён парво на.
Чй бувад шуълаи шамъи қаламамро ваҳ, ваҳ,
Пеши он рузу шабон хурду калон парвона?!

Ҳама гуй, ки дар андешаи ғамхории ман,
Лек ман беғаму беҳасрату бепарвоям,
Ёру ағёр тафовут натавонам кардан,
Сустакам, лек чаҳон сахт бувад, эй воям!

Оҳ, онон, ки паи тарбияти ман ҳастед
Дилакам баҳри шумо, баҳри шумо месузад.
Оташеро, ки шумо куштаниед дар чонам,
Ҳам дар ин дори фано ҳам ба бақо месузад…9 январи соли 1990.

МАН ҲЕЧ ЧО НАМЕРАВАМ…

Ман бо шумо намеравам, эй тираобҳо
Донам паи харобии ободиҳо равед.
Ман ба шумо намеравам, эй тиразоғҳо,
Донам, ки сард мешавад, ҳар чо ки мешавед.

Даъват макун маро беҳуда, эй магас,
Бо боли ту ба ахтари мақсуд кай расам?
Аз роҳи худ намон, эй абри даргузар,
Бо ту басе муҳол ба дидори вай расам.

Эй аспи руд, зини ту дархури ман наяст,
Эй бод, хас наям, ки ман ҳамроҳият кунам.
Эй саг, агарчи содиқй, бо ман маё дигар,
Ҳам, эй ҳимор, дур шав, огоҳият кунам.

Эй дустони ман, ҳамаро ном бурдаам,
Гар хешро шинохтед, аз ман ҳазар кунед.
Ман ҳеч чо намеравам аз хилвати худй,
Омин, ки чумлагй сафари бехатар кунед!

7 январи соли 1990.

ШАҲИДОНИ ЧАНГ

Шаҳидон, шаҳидон, шаҳидони чанг,
Шумоед хуфта ба майдони чанг.
Нахезад дигар то ки шайтони чанг,
Намирад касе то ба дастони чанг!

Ба ёд оварему ба ёд оварем,
Шуморо, шаҳидони Чанги Кабир.
Шуморо, ки бо сина бигрифтаед,
Сипарвор пеши дами теғу тир.

Ба ёд оварему ба ёд оварем,
Шуморову гулҳои нашкуфтаро.
Ҳама орзуи надида амал,
Ҳам армони бар гурҳо хуфтаро.

Бувад ҳастии мо нишони шумо,
Ки имруз озоду бахтоварем.
Аз ин ру, шуморо, шаҳидони чанг,
Ба ёд оварему ба ёд оварем.

Сипоҳон, далерон, шаҳидони чанг,
Шумоед хуфта ба майдони чанг.
Нахезад дигар то ки шайтони чанг,
Намирад касе то ба дастони чанг!

20 феврали соли 1985.

ТАНҲО

Борону борон, борону борон,
Ман бе шумоям, эй дустдорон.
Аз по фитода, дил бой дода,
Дар интизори як марги осон.
Танҳои танҳо, танҳои танҳо,
Пазмони ёрон, пазмони ёрон.
Чун чуби хушкам, бо ман чй созй?!
Эй навбаҳорон, эй навбаҳорон?!

Соли 1996.

ХУСА

Хушаеро то нигаҳбонй кунанд,
Дар хавоза хусае бигзоштанд.
Ошиқони хушаи раз бегумон,
Бими хуса дар дили худ доштанд.

Чист ин хуса? Ба сар дорад кулоҳ,
(Каллаи нобударо бошад паноҳ).
Чои дастон холие ду остин,
Чои поҳо почаҳои чубакин.

Куру кар, ҳам лолу ҳам ланг аст у,
Лек бо гундишк дар чанг аст у.
Чон надорад, офати чондорҳост,
Сурати бад мояи озорҳост.

Дидамаш ман баъди боде, субҳдам,
Уфтода бар замин чун бори ғам.
Селаи гундишкро озодие,
Дар сари ҳар хуша дорад шодие.

Хушаеро то нигаҳбонй кунанд,
Дар хавоза хусае бигзоштанд.
Ошиқони хушаи раз–мурғакон,
Бими хуса дар дили худ доштанд.

Ҳайратам аз бими мурғакҳо наяст,
Чунки ононро набошад ақлу ҳуш.
Дар шигифтам, з-он ки баъзан хусае,
Мерамонад одамонро чун вуҳуш.

Гарчй медонем, у чуз хуса нест,
Лек мехонем уро як худо,
Сабр месозем то боди ачал,
Афканад бар хок бунёди варо…

Соли 1987–1989

ЗАНГИ ОХИР

Зангулаи корвони умр аст,
Занге, ки садо диҳад ба мактаб.
Гуё ҳамаро шитоб дорад,
Бар чониби орзую матлаб.

Занге, ки садои охиринаш,
Пуршур мисоли савти дарёст.
Анчоми чаҳони бачагиҳо,
Оғози чавониҳои зебост.

Занге, ки садои охиринаш,
Анчом бувад ба ишқи аввал,
Бар он ҳама шармҳои ночо,
Бар он ҳама бусаҳои маътал.

Занге, ки чавоби талх гуяд,
Бар номаи бечавоби ёре.
Занге, ки ниҳода дар дили ман,
Занге зи муҳаббати нигоре…

Як умр садо диҳад ба гушам,
Занге, ки садо диҳад ба мактаб
Даъват бикунад, ки нест ҳамвор,
Роҳе, ки барад ба суи матлаб!

Соли 1982

РОҲИ КУҲНА

Монда ҳайрон ҳамчу пири бекасе,
Роҳи аз камрафтуоиҳо хамуш.
Души у холй зи бори пойҳо,
Гашта монанди мазорон сабзапуш.

Буд монанди танобе як замон,
Теғи селу тармааш бибридааст.
Чун кафи дасте агар ҳамвор буд,
Сангҳояш ҳолиё ночидааст.

Дар қафо монд аз шитоби зиндагй,
Раҳравонро дигар он лозим нашуд.
Пушти у бори замон бардоштан,
Баски натвонист ин раҳ куҳна шуд.
Соли 1986.